Пайвандҳои дастрасӣ

"Бойкот"-и наздикони аъзои ДИИШ. Дуруст аст ё хилофи қонун?


Дар амри мубориза бо ақоиди ифротӣ дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон бархе фаъолон ва масъулини маҳаллӣ ба “радди маърака” кардани хешовандони ҷавонҳое даъват мекунанд, ки дар қаламравҳои ҷангии Сурияву Ироқ эҳтимолан зери парчами сиёҳи ДИИШ қарор доранд. Дар даъватҳо “аз русто ронда шудани волидони чунин ҷавонҳо” садо медиҳанд. Вале нозирони бетараф мегӯянд, чунин даъватҳо аз сӯе ғайриқонунӣ буда, аз тарафи дигар қазоватҳои худсаронаи даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва сталиниро мемонад, ки хеле хатарнок аст.

Ахиран дар ҷамоати Холматов ва Обшорони ноҳияи Шаҳритус дар 220- километрии ҷануби шаҳри Душане, фаъолони маҳаллӣ дар як ҷаласаи марбут ба ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷавонон, аз сокинон даъват карданд, ки наздикони ДИИШ-иҳо ё афроди гумонбар дар пайвастан ба сафи гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ”-ро ба истилоҳ "бойкот" кунанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки тибқи қонун, танҳо нафари муртакиби ҷиноят бояд посухгӯи аъмолаш бошад.

Яке аз ширкатдорони ин ҷаласа Ҳисомиддин Муродов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Шаҳритус дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як ҷаласа пешниҳод шуд, ки “аз хешовандони ДИИШ-иҳо дурӣ ҷуста, аз барпо кардани робитаҳои хешутаборӣ бо онҳо худдорӣ кунанд”.

Муродов гуфт, ҳадафи даъват, маҳкум кардани ифротгароӣ аз дидгоҳи ислом ва ба ин васила ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ будааст. Дар ин даъват, ба қавли Ҳисомиддин Муродов, инчунин аз деҳа рондани хешовандони ҷавонҳои ифротӣ ҳам садо додааст ва масъулини маҳаллӣ аз ин пешниҳод дастгирӣ кардаанд.

Вай гуфт: "Ҳозир дар деҳаи Сомониён, ки деҳаи осебпазир аст, намояндагони ҳукумат буданд ва ҷавонон пешниҳод карданд, ки наздикони ифротиҳо аз ноҳия кӯчонида шаванд. Мо дастгирӣ кардем, чун онҳо ба ноҳия доғ овардаанд. Мехоҳем то ҷавонон ислоҳ шаванд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористӣ ҳамроҳ нагарданд”.

Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритус.
Бинои ҳукумати ноҳияи Шаҳритус.

Дар деҳаи Бинокорони ҷамоати деҳоти Обшорони Шаҳритус низ 6 мавриди ба сафи ДИИШ пайвастани сокинони ҷавони маҳаллӣ сабт шудааст ва як фаъоли ҷавонон Малика Худойбердиева мегӯяд, тарафдори қатъи равобити ҳамсоядорӣ ва аз деҳа рондани наздикони ҷавонони ирфротӣ мебошад.

Малика дар бораи пешниҳоди охири худ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт: "Дар охири чорабинӣ ман пешниҳод кардам, ки наздикони ифротиҳо аз деҳа ронда шаванд. Ман бо мақомот кор мекунам ва гӯё ман онҳоро ба мақомот супурда бошам. Гоҳҳо ба рӯи ман туф мекунанду мегузаранд. Аз деҳа 6 нафар ифротӣ ҳаст".

Ишораи Малика Худойбердиева ба хешовандони онҳое буд, ки бо иттиҳоми пайвастан ба ДИИШ дар қаламравҳои Сурияву Ироқ ҳастанд ва дар пайи маъракаи зидди ифротгароӣ дар минтақа, бисёр вақт ангуштнамои ҳукумату ҷомеа шудаанд.

Дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, сокинони Шаҳритус низ ҳастанд.Акс аз бойгонӣ.
Дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, сокинони Шаҳритус низ ҳастанд.Акс аз бойгонӣ.

Даъвати “радди маърака” шудани хешовандони ифротиҳо вокунишҳои мухталифи сокинони маҳаллиро ба бор овард. Аз ҷумла, модаркалони Мавзуна Мирзоева, духтари 23-солаи сокини Шаҳритус, ки соли 2015 аз Туркия баргашта ва афв шудааст, гуфт, даъватҳо хеле ноҷо ва нодуруст ҳастанд. Хонум Шаҳодат дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар Мавзуна афв намешуду дубора ба зиндагии маъмулӣ барнамегашт, шонси оила барпо кардан ҳам намедошт. Баъди бозгашташ ду соли пеш наберааш оила барпо карда аз пайи ташвиши зиндагии худ аст.

Ин зан гуфт: «Набераи ман хато кард, аз Туркия баргашт. Вале қонун ва худи президент ӯро афв кард». Хонум Шаҳодат бо таъкид ба ин ки ин мавзӯъ ӯро хеле хаставу нороҳат кардааст, таъкид кард, ки «ҳеҷ кас барои гуноҳи кардаи фарзанд ё набера, ҷавоб намедиҳад. Аслан мо ҳам намехоҳем, ки фарзандон ба ин роҳ раванду моро зери таънаи мардум қарор диҳанд".

Афроди дигар мегӯянд, даъват ба саркӯби хешовандони ифротиҳо аз сӯе таъқибҳои хешовандони аъзои мухолифон дар даврони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ёд меорад. Дар бархе ҳолатҳо солҳои 1990-ум ҳамсояҳо хешовандони аъзои мухолифонро, ки ба истилоҳ дар сангари муқобили сиёсӣ қарор гирифтанд, сарзанишу маломат карда, аз деҳа ронданд.

Баҳодури Абдусаломзод, таҳлилгари масоили ҷамъиятӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, набояд фаромӯш кард, ки тибқи қонун, танҳо нафари муртакиби ҷиноят бояд посухгӯи аъмолаш бошад. Вай гуфт, шояд даъвати ахири ҷавонони шаҳритусӣ «як шевае барои тарсонидани ин хонаводаҳо ва баргадонидани фарзандони ифротии онҳо бошад», вале барои гирифтани пеши роҳи даъватҳои хунгарму бидуни андешаи ҷавонҳо, мақомот ва калонсолон эҳтиёт кунанд.

Баҳодури Абдусаломзода гуфт: "Ин хонаводаҳо бе ин ҳам зери назар ҳастанду барои кирдори фарзандонашон азоби виҷдон мекашанд. Дар сурате, бо ин шева мехоҳем аз ифротгароӣ ҷилавгирӣ кунем, роҳи ҳал нест. Мақомот бояд барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ барномаҳои дигареро рӯи даст бигирад. Агар падару модар дар ифротӣ шудани фарзандон гунаҳгор бошанд, пас худи роҳбарияти ҷамоат ва раиси маҳалла бояд баробари падару модар дар ифротгароии ҷавонони маҳаллӣ ҷавогӯй бошанд".

Ғулом Бобоев, вакили дифоъ.
Ғулом Бобоев, вакили дифоъ.

Дар ҳамин ҳол ҳуқуқшиноси шинохта Ғулом Бобоев гуфт, ки ҳар гуна даъват ба саркӯбу муҷозоти худсаронаи нафаре, хилоф ғайриқонунӣ аст: "Падару модарон гунаҳгор нестанд, фарзанд ба ҷинояти кардааш худаш ҷавоб медиҳад. Агар онҳо ноболиғ бошанд дар ин сурат падару модар ҷавоб мегӯяд. Ин пешниҳоди ғайриқонунӣ аст”.

Зоҳиран дар манотиқи дигари Хатлон вазъ чунин нест. Хонаводаҳои чанд ҷавони дар Сурия кушташуда аз ноҳияҳои Бохтару Вахш мегӯянд, бархӯрди мақомот бо онҳо маъмулӣ аст. Падари як ҷавоне, ки ба Сурия рафтааст, гуфт, гоҳҳо дар тӯю маъракаҳо дар мавриди фарзандаш суол мекунанд ва худи ҳамин чиз боиси дилозурдагӣ мешавад.

Вай гуфт, «худи ин, ки писарам як иштибоҳ карду сари моро дар пеши ҳукумату ҳаққу ҳамсояҳо хам кард, як шармандагӣ аст, ки шояд тамоми умр доғе дар зиндагӣ шавад». Вай гуфт, агар ҳаққу ҳамсояҳо ҳам онҳоро "радди маърака" кунанд, зиндагии онҳо сиёҳ мешавад.

Зимнан, тибқи омори расмӣ теъдоди ҷавононе, ки аз ноҳияи Шаҳритус ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд ба 39 нафар расидааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти ахираш бо фаъолон дар ноҳияи Данғара гуфт, ки беш аз 500 нафар сокинони вилояти Хатлон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG