Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба эътилофи зидди ДИИШ мепайвандад


Йенс Столтенберг
Йенс Столтенберг

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, аъзои ин паймони низомӣ барои ширкат дар Эътилофи байналмилалии зидди гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” ризоият додаанд.

Столтенберг қабл аз нишасти сарони 28 кишвари НАТО дар Брюссел гуфтааст: “Ин як пайёми қавии сиёсии тааҳҳуди НАТО дар мубориза алайҳи терроризм мебошад”. Ин нахустин нишасти сарони кишвраҳои узви НАТО бо ширкати Доналд Трапм, раиси ҷумҳурии Амрико мебошад, ки моҳи январ ба иҷрои салоҳиятҳояш дар ин мақом шурӯъ кард.

Доналд Трапм ҳангоми корзори интихоботии худ НАТО-ро “кӯҳнашуда” ном бурд ва гуфт, ки ин созмон дар амри муқобила бо хатари терроризми исломӣ ноком шуд

Бо вуҷуди ин Столтенберг таъкид кард, ки ин тарҳ нақши НАТОро дар ин эътилофи зидди гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия ва Ироқ пештозу пешбаранда арзёбӣ намекунад.

Ҳамаи 28 узви НАТО ба гунаи ҷудогона аъзои Эътилофи ҷаҳонии мубориза бо ДИИШи иборат аз 68 кишвар мебошанд, аммо бо вуҷуди фишорҳои ИМА, НАТО ҳанӯз ба ин мубориза напайваста буд.

Кишварҳои узв назири Фаронса, Олмон ва Итолиё ба хотири ҷилавгирӣ аз вориди муҳорибаҳои заминӣ шудани НАТО ва осеб надидани равобит бо қудратҳои арабӣ, ба ин даъват ҳамроҳ нашуданд.

Доналд Трапм ҳангоми корзори интихоботии худ НАТО-ро “кӯҳнашуда” ном бурд ва гуфт, ки ин созмон дар амри муқобила бо хатари терроризми исломӣ ноком шуд ва натавонист аз рӯи хароҷоти буҷа дар масоили дифоӣ посухгӯ бошад.

Аммо вай моҳи апрел гуфт, ки бисёре аз кишварҳои узв дар паи изҳороти мақомоти баландпояи Амрико масрафҳои низомии худро боло бурда ва дар мубориза алайҳи терроризм дар чаҳорчӯби НАТО таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карданд ва аз ин хотир НАТО дигар “кӯҳнашуда нест”.

Интизор меравад, ки раҳбарони эътилоф ба Трамп дар ҷараёни сафараш собит кунанд, ки вуҷуди НАТО назар ба гузашта имрӯз хеле муҳим ва зарур аст.

Дар назар аст баҳси нишасти НАТО рӯи ду мавзӯи асосӣ тамаркуз кунад. Яке – ба буҷаи НАТО мутобиқ кардани хароҷоти ин паймон ва тақвияти мубориза бо терроризм дар пасманзари ҳамлаи 22 май дар шаҳри Манчестери Бритониё аст, ки 22 кушта бар ҷой гузошт.

Столтенберг гуфтааст, НАТО нақши ҳавопаймоҳои ҷангии АВАКСашро дар мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” густариш дода дар барномаҳои омӯзишии нирӯҳои ироқӣ саҳмгузор мешавад.

Вай инчунин гуфтааст, ки кишварҳои узв аз тақозои Доналд Трамп дар мавриди боло бурдани масъулияти амниятӣ ва таъкиди дубора бар тааҳҳудоти сарфи ду фоизи даромади солонаи кишварашон барои дифоъ, истиқбол хоҳанд кард.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи 24 май ҳангоми парвоз ба сӯи Брюссел ба хабарнигорон гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад кишварҳои узви НАТО дар заминаи сарфи 2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳояшон дар бахши дифоӣ ӯҳдадор бошанд.

Соли гузашта танҳо ИМА, Бритониё, Лаҳистон, Эстония ва Юнон нақшаи масрафҳои худ дар баробари НАТО-ро пурра иҷро карда Латвия, Литва ва Руминия ба ин ҳадаф наздик омаданд.

Вашингтон ҳудуди 70 дарсади хароҷоти НАТО-ро маблағгузорӣ мекунад ва кишварҳои дигари ин паймон масрафҳои мудирияти рӯзмарра ва ҳам таъмини кори намояндагиҳои паймонро пардохт мекунанд.

Трамп рӯзи 24 май дар Брюссел гуфт, ҳамлаи марговар дар Манчестер зарурати тақвияти мубориза зидди терроризмро намоиш медиҳад.

Гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаи 22 май дар маҷмааи тафреҳии Манчестерро ба ӯҳда гирифтааст.

Ин таркиш 22 кушта ва наздики 60 захмӣ бар ҷой гузошт, ки аксари ин қурбониён кӯдакон, аз ҷумла як духтари 8-сола низ буд.

Дар муқобила бо ҷангиёни ДИИШ 23 кишвари узви Эътилофи байналмилалӣ дар Сурия ва Ироқ 9000 сарбозро сафарбар кардаанд. То имрӯз ин нирӯҳо беш аз 19 ҳазор маротиба мавзеъҳои “Давлати исломӣ”-ро ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор додаанд.

XS
SM
MD
LG