Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркиши Манчестер 22 нафар кушта ва 59 тан захмӣ шуданд.ВИДЕО


Мақомоти интизомӣ дар Бритониё мегӯянд, ки бар асари таркиши шаби 23-юми май дар як толори консертӣ дар шаҳри Манчестер дар шимоли ин кишвар, 22 нафар кушта ва 59 тани дигар захмӣ шудаанд.

Тереза Мей, нахуствазири Бритониё гуфтааст, ки ниҳодҳои амниятии кишвараш бар ин боваранд, ки шахсияти фарди интиҳорӣ дар шаҳри Манчестерро медонанд, ҳарчанд ҳоло ҳувияти ин шахсро ошкор намекунанд. Нахуствазири Бритониён пас аз нишасти изтирории ҳукумати худ гуфт, ки то ба ҳол маълум нест, ки ин фард ба танҳоӣ ин ҳамларо анҷом додааст ва ё афроди дигар низ бо ӯ ҳамдаст мебошанд. Як марди 23 сола ба гумони даст доштан дар ҳамлаи шаҳри Манчестер дастгир шудааст.

Тибқи гузоришҳо, дар ин консерт 20 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Аз ин қабл, раиси пулиси Манчестер дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки "мо дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин таркиш ба унвони як иқдоми террористӣ ҳастем". Вай дар идома гуфта, ки дар ин ҳодиса 22 нафар кушта ва 59 тани дигар захмӣ шудаанд ва маҷрӯҳон ба шаш бемористон дар Манчестер интиқол дода шудаанд. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", пулиси Манчестер мегӯяд, ки "зоҳиран" як бамбгузори интиҳорӣ масъули ин таркиш буда ва ин фард дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар маҳали баргузории консерти Ариан Гранде, овозхони ҷавони амрикоӣ рӯй додааст. Як сухангӯи Ариан Гранде гуфтааст, ки дар ин таркиш ба ин овозхони зан, осебе нарасидааст. Тибқи гузоришҳо, дар толори консертӣ, ки зарфияти 21 ҳазор нафар дорад, ҳазорон ҷавон, ки бештари онҳо духтар буданд, ҳузур доштанд. Бар пояи хабарҳо, таркиш дар лаҳзаҳои ахири консерт ва дар берун аз толор, рух додааст. Тибқи гузоришҳо, дар ин консерт 20 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Як шоҳиди айнӣ гуфтааст, ки дар ҳудуди соати 10:35 ба вақти маҳаллӣ, фақат як садои баланд шунида шуд ва баъд мардум саросема ба тарафи дарҳои хуруҷӣ шитофтанд. Тибқи гузоришҳо, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ ва зиддитеррористии Бритониё дар кӯчаву хиёбонҳои Манчестер ҷобаҷо шудаанд.

Ҳамлаи Манчестерро маргталаб анҷом дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

Дар пайи ин ҳодиса, нахуствазири Бритониё Тереза Мей ва раҳбари ҳизби мухолифи "Коргар" дар тамоси телефонӣ дар мавриди маъракаи интихоботии пешрӯ дар он кишвар гуфтугӯ намуда ва ҳар ду тараф эълом кардаанд, ки дар ҳоли ҳозир онро мутаваққиф мекунанд. Интихоботи Бритониё қарор аст рӯзи 8-уми июн баргузор шавад.

Хабаргузории Рейтерз мегӯяд, дар сурате, ки ба таври расмӣ таъйид шавад, ки таркиши Манчестер як ҳамлаи террористӣ будаааст, ин инфиҷор бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар Бритониё аз соли 2005 то кунун хоҳад буд. Дар ҳамлаҳои террористии соли 2005 дар Лондон, 52 нафар кушта шуданд.

Сарон ва мақомоти бисёре кишварҳо рӯзи сешанбе таркиши интиҳории Манчестерро маҳкум ва бо Бритониё ибрози ҳамдардӣ карданд. Аз ҷумла раҳбарони Амрико, Русия, Чин, Олмон, Тоҷикистон Фаронса, Австралия ва Иттиҳодияи Аврупо рӯзи сешанбе ин иқдомро маҳкум намуданд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми тасаллият ба сарвазири Бритониё, ин ҳамларо маҳкум намуда ва ба зарурати идомаи муборизаи сарҷамъона алайҳи терроризм, таъкид кардааст.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар паёми тасаллият ба Тереза Мей, нахуствазири Бритониё омодагии кишварашро барои густариши ҳамкориҳои зиддитеррористӣ бо ин кишвар эълом намудааст. Парчами Иттиҳодияи Аврупо бар фарози қароргоҳи ин Иттиҳодия дар Брюссел, ба ҳолати нимаафрошта даромад.

XS
SM
MD
LG