Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар наздикии автобуси аъзои дастаи футболи "Боруссия". ВИДЕО


Дар пайи се таркиш дар наздикии автобуси аъзои дастаи овозодори футболи "Боруссия"-Дортмунди Олмон, муҳофизатгари испанияии ин даста захмӣ шуда ва мошини ин тим осеб дидааст. Як сухангӯи пулис дар ин бора ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки таркиш шаби гузашта замоне рух дод, ки автобус бозигарони ин дастаро аз меҳмонхона ба варзишгоҳи шаҳри Дортмунд интиқол медод.

Дар пайи ин таркишҳо муҳофизатгари испанияии дастаи "Боруссия" захмӣ шуда ва мошини ин тим осеб дидааст.

Ба гуфтаи раиси иҷроияи тими "Боруссия", Марк Бартра -- муҳофизатгари 26-солаи ин даста аз ноҳияи дасташ захмӣ шуда ва дар бемористон муолиҷа мешавад. Қарор буд дастаи "Боруссия" шаби гузашта дар чаҳорчӯби Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо, бо дастаи "Монако"-и Фаронса бозӣ кунад.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, яке аз масъулони ин даста аз "таркиши бомба" дар наздикии автобуси тим дар меҳмонхона хабар додааст. Ин масъули бошгоҳ дар айни ҳол гуфтааст, ки ҳамаи бозикунон сиҳату солим ҳастанд ва осебе надидаанд.

Таркишҳо футболбози дастаи Боруссияро маҷрӯҳ намуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00

Дастаи "Боррусия" дар "Твиттер"-и худ аз мухлисонаш хостааст, ки то интишори хабарҳои расмӣ бар ҳар гуна овозаҳо бовар накунанд. Бар пояи хабарҳо, бозии "Боруссия" ва "Монако" ба таъхир афтодааст. Хабари лағви бозӣ танҳо 15 дақиқа пеш аз оғози мусобиқа эълон шуд. Федератсияи футболи Аврупо эълон кард, ки ин бозӣ рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад.

Марк Бартра, муҳофизатгари "Боруссия" дар ин таркишҳо захмӣ шудааст.
Марк Бартра, муҳофизатгари "Боруссия" дар ин таркишҳо захмӣ шудааст.

Дар майдоне, ки пур аз тамошобинон буд, ҳаводорони "Монако" ба нишони ҳамбастагӣ фарёд мезаданд, ки "Дортмунд, Дортмунд". Аз тарафи дигар, сокинони Дортмунд ҳам дар расонаҳои иҷтимоӣ аз тарафдорони "Монако" даъват кардаанд, ки сешанбешабро дар хонаҳои онҳо сипарӣ кунанд.

Дар ноябри соли 2015 ҳам бозии дастаи миллии Олмон дар баробари Ҳолланд бинобар далоили амниятӣ лағв шуда буд. Соли 2015 дар наздикии дарвозаи вурудии як майдон дар шаҳри Порис се ҳамлавари интиҳорӣ ҳамзамон ба ин майдон ҳамла карданд. Ҳангоми таркишҳо, ки дар берун аз майдон рух дод, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса дар варзишгоҳ ҳузур дошт.

XS
SM
MD
LG