Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Э.Раҳмон бо Доналд Трамп ва Шавкат Мирзиёев. 6 АКС


Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп
Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми май бо Доналд Трамп, президенти Амрико, дар шаҳри Риёз мулоқот кардааст. Феълан тафсилоти суҳбати онҳо дастрас нест. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити кишварҳои мусалмонӣ ва Амрико дар Арабистони Саудӣ, инчунин, бо Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев – раҳбарони Узбакистону Қазоқистон – гуфтугӯ намудааст. Ин нахустин дидори оқои Раҳмон бо раҳбарони Амрикову Узбакистон аз замони ба қудрат расидани онҳост. Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти президент дар ихтиёри расонаҳо гузошт, дида мешавад, Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон низ суҳбат доштааст. Саммити кишварҳои мусалмонӣ ва Амрико рӯзи 21-уми май дар шаҳри Риёз ҷараён гирифта ва мавзӯи аслии суҳбат мубориза бо ифротгароиву терроризм буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии худ аз бархӯрди дугона бо ин мушкили ҷаҳонӣ ва инчунин талоши сиёсикунии ислом нигаронӣ кард. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз раҳбарони кишварҳои арабӣ даъват кард, ки бо “ифротгароии исломӣ” муқобила кунанд. Ӯ рӯзи 21-уми май зимни суханронӣ дар ҳузури даҳҳо раҳбари кишварҳои мусулмоннишин дар шаҳри Риёз дар Арабистони Саудӣ гуфт, ҷанг бо терроризм “набарди хайр бо шарр аст”, на бархӯрди тамаддунҳо. Дар саммити шаҳри Риёз раҳбарону мақомоти баландпояи 50 кишвари мусулмоннишин ҳузур доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон
Раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Узбакистон ва Қазоқистон

Раҳбарони Афғонистону Тоҷикистон
Раҳбарони Афғонистону Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп
Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп

Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп
Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп

XS
SM
MD
LG