Пайвандҳои дастрасӣ

Килелеа: “Омилҳои бесуботӣ дар Тоҷикистон кам шудааст” ВИДЕО


Стив Килелеа

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ дар Лондон рӯзи 1-уми июн Шохиси Байналмилалии Сулҳ дар ҷаҳонро нашр кард ва мегӯяд, ки омилҳои эҳтимолии муноқиша дар Тоҷикистон камтар шуда ва субот дар кишвар мустаҳкамтар шудааст.

Афғонистон мояи нигаронии чашмгир аст. Марг дар ҷангҳо ва бар асари терроризм дар Афғонистон дар 5 соли гузашта ба қадри қобили мулоҳиза зиёд буд ва бидуни ҷалби нирӯҳои бештар ба онҷо чунин вазъ ғолибан идома мекунад.

Аммо дар умум Авруосиё, минтақае, ки Тоҷикистон ҷойгир аст, аз манотиқи ноамнтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва кишвари ҳамсояи он Афғонистон пас аз Сурия бесуботтарин кишвар дар ҷаҳон будааст. Стив Килелеа, муассиси пажӯҳишгоҳ, дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки кадом омилҳои муноқишазо коҳиш ёфтааст.

Стив Килелеа: “Агар ба аломатҳои беҳбуд ёфтани авзоъ дар чанде аз кишварҳои минтақаи Авруосиё нигоҳ кунем, дар поёни ҷадвали минтақа Русияву Украина ҷой гирифтаанд. Ҳарчанд дар чанд моҳи гузашта авзоъ дар онҷо низ андаке беҳтар шудааст. Агар бахусус ба Тоҷикистон назар кунем, муҳимтарин омили беҳбуд ёфтани нишондоди кишвар, тааҳудоти зиёдтари кишвар барои амалиёти посдории сулҳ аст. Тоҷикистон дар шохис дар мақоми 118 -ум қарор дорад. Вале вазъ бисёр кам беҳбуд ёфтааст ва он ҳам ба далели кумаки молии Тоҷикистон барои амалиёти посдории сулҳи Созмони Милал аст ва ҳам берун кашидани посдорони сулҳаш аз Малӣ. Тоҷикистон соли гузашта маблағгузорӣ барои амалиёти посдорони сулҳи Созмони Милалро зиёдтар кард ва нирӯҳои хурдеро, ки дар Малӣ дошт, берун кашид. Аз тарафи дигар терроризм ба нишондодҳои кишвар ҳам таъсир гузоштааст.”

Гуфтугӯи видеоӣ дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Дар гузориш омадааст, ки таъсири терроризм ба амният дар як даҳсолаи гузашта зиёд шудааст ва 60 дар сади кишварҳои ҷаҳон дар баробари ин зуҳурот осебпазир шудаанд. Омилҳои аслии афзоиши терроризм кадом аст?

Стив Килелеа: “Мо омилҳои аслии терроризм дар як даҳсолаи гузаштаро таҳқиқ кардем. Дар ин муддат гурӯҳҳое сар боло карданд, аз ҷумла гурӯҳи Боко Ҳаром дар Нигерия ва кишварҳои атрофи он. Ал-Қоида тақрибан аз байн рафт. Толибон бо фаъолияташ дар Афғонистону Покистон идома дод ва дар ниҳоят гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” , ки дар Ироқу Сурия сар боло кард ва ҳоло дар кишварҳои дигар паҳн мешавад. Соли 2016 қурбонӣ бар асари терроризм 10 дар сад коҳиш ёфт. Бо вуҷуди онки Боко Ҳаром ва бахусус гурӯҳи “Давлати исломӣ” қаламравҳояшонро дар Нигерия ва Ироқ аз даст доданд, вале дар дигар кишварҳо паҳн шуданд. Маҳз ба сабаби фаъолияти инҳо дар 23 кишвар ҳадди баландтарини терроризм сабт шуд.”

Радиои Озодӣ: Тамоюли феълӣ чиро нишон медиҳад, вазъ дар соли оянда беҳтар мешавад, ё метавонад аз ин ҳам бадтар шаваду мо шоҳиди муноқишаву ҷангҳои зиёдтар шавем?

Стив Килелеа: “Дар масъалаи терроризм агар гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ва Боко Ҳаромро шикаст диҳанд, тамоюли мусбате хоҳад буд. Афғонистон мояи нигаронии чашмгир аст. Марг дар ҷангҳо ва бар асари терроризм дар Афғонистон дар 5 соли гузашта ба қадри қобили мулоҳиза зиёд буд ва бидуни ҷалби нирӯҳои бештар ба онҷо чунин вазъ ғолибан идома мекунад. Терроризм, инчунин, мушкил боқӣ мемонад. Аз тарафи дигар, чизе, ки аз назарҳо дур мондааст, терроризми давлатӣ аст, ба мисли қатли худсаронаву азобу шиканҷа ва бе муҳокима ба зиндон андохтан. Вазъ дар ин самт дар як даҳсолаи гузашта беҳтар шудааст. Дар воқеъ, вазъ дар ин самт дар 68 кишвар беҳбуд ёфтааст ва дар 46 кишвар бадтар шудааст. Барои ҳамин, пешгӯӣ кардан сахт аст, чун баъзе равандҳои мусбат вуҷуд дорад ва ҳам тамоюлҳои манфӣ.”

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG