Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба масҷид рафтани то 18-солаҳоро иҷозат надоданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Порлумони Тоҷикистон пешниҳоди ҲНИТ дар бораи ширкати наврасон дар намози масоҷидро напазируфт. Пешниҳоди ташкили макони намозгузорӣ дар корхонаҳо низ аз сӯи вакилон рад шудааст.

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр ду тарҳи тағйирот ба қонуни масъулияти волидайн ва қонуни динро рад кард.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумон ва муовини раиси ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 12 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин лоиҳаҳо вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ва “Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” буд, ки ҳанӯз дар тобистони соли ҷорӣ аз сӯи вакилони ҲНИТ дар порлумон пешниҳод шуда буд. Аммо пас аз чанд моҳи омӯзиш ва баррасиҳо дар ниҳоят порлумон ин ду лоиҳаро баргардонд.”

Ҷаноби Ҳусайнӣ гуфт, масъулони порлумон сабаби рад шудани ин пешниҳодҳои ҲНИТ-ро ба такрору нолозим будани ин тағйиру иловаҳо радт дода, гуфтаанд, пешниҳодҳои ҲНИТ дар дигар қонунҳо, аз ҷумла дар қонуни маориф ҳалли худро ёфтаанд.

Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, дар лоиҳаи аввал вакилони ҲНИТ дар порлумон пешниҳод карданд, ки “ба фарзандон барои ширкат дар фаъолиятҳои динӣ дар соатҳои ғайридарсӣ иҷозат дода шавад.” Ба таъкиди ҷаноби Ҳусайнӣ, “ин имкон медиҳад, то ҷавонони то 18-сола битавонанд озодиҳои динии худро анҷом бидиҳанд.“

Сайидумар Ҳусайнӣ
Сайидумар Ҳусайнӣ

Ин дар ҳолест ки дар қонуни “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омадааст, ки “ширкати фарзанд дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ манъ аст.” Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки қонуни амалкунанда ба Қонуни асосӣ ва дигар қавонин муғоират дорад ва ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардумро поймол мекунад.

Ҳамчунин муовини раҳбари ҲНИТ гуфт, ки вакилони ин ҳизб ба лоиҳаи “Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” низ ду тағйииру иловаро пешниҳод карданд, ки якеаш мушаххас кардани маконҳои мамнӯъ барои адои намоз будааст: “Ҷойҳои барои ибодат мамнӯъро маълум кардан, яъне дар он ҷойҳое, ки ба рафту омади шаҳрвандон ва ғайра халал ворид мекунад, гузоштани намоз мамнӯъ гардад, аммо дар дигар ҷойҳо ибодат иҷозат дода шавад.” Дигар пешниҳоди дигаре, ки ҲНИТ кардааст, ин аст, ки корхонаву муассисаҳо битавонанд барои ибодати кормандонашон ҷоеро дар назар бигиранд.

Дар қонуни дине, ки соли 2009 қабул шуд ва бино ба гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, боиси маҳдудтар шудани озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон шуд, маконҳои муҷоз барои адои намоз танҳо ”манзили истиқоматӣ, масҷид ва қабристон” гуфта шудаааст.

Рейд дар масҷид
Рейд дар масҷид

Як пешниҳоди асосии ҲНИТ таъмини комили ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳаққи онҳо ба адои озодонаи намоз, сарфи назар аз синну сол буд. Ин дар ҳолест ки ҳам қонуни дин ва қонуни масъулияти падару модар ширктаи наврасони то 18-сола дар намози масҷидҳоро манъ мекунанд. Баъди тасвиби қонуни масъулияти падару модар дар соли 2011 мақомоти милиса дар масҷидҳо дар саросари Тоҷикистон як силсила рейдҳое анҷом дода, то ҳол даҳҳо нафарро бо ҷурми ба масҷид рафтани фарзандонашон ҷарима бастаанд.

XS
SM
MD
LG