Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод: То 18-солаҳо ҳам ба масҷид раванд, деҳқон намозашро дар саҳро хонад...


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи қонуни масъулияти волидайн ва қонуни дин ширкати наврасони то 18-сола дар намози масоҷидро иҷозат диҳанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарҳи тағйирот ба қонунҳои Тоҷикистон дар бораи "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва "Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"-ро ба порлумон пешниҳод кардааст. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ба наврасони то 18-сола ҳаққи рафтан ба масҷид дода шавад. Пешниҳоди дигар аз байн бурдани мониаҳо дар роҳи адои намоз дар ҷои кор аст, ки ба гуфтаи масъулони ҳизб, ҳатто дар ... саҳро намоз гузоштани деҳқононро манъ мекард.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикисон ба радиои Озодӣ гуфт, ки бо пешниҳоди ин лоиҳа далелҳои худро ҳам овардаанд ва бояд дар парлумон мавриди баррасӣ қарор бигирад:

«Баъди ин далоили воқеиро дидан бояд бигӯянд, ки дар кишвар таълимоти динӣ, ҷалб шудани ба ташкилотҳои динӣ на зарар, балки фоида дорад. Агар зарар танҳо ба дарсхонии ҷавонон буд, мо пешниҳод кардем, ки дар вақтҳои берун аз дарс ба масҷид раванд. Ҳам ҷанбаи онҳо риоя мешавад ва ҳам ҷанбаи динӣ. Дар вақтҳои дар дарс будан, ҷавонон ба ташкилотҳои динӣ ҷалб нашаванд, аммо дар ҳолати холигӣ метавон гуфт, ки ҳуқуқи онҳоро поймол кардан аст.»

Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, қонуни амалкунандаи мазкур дар бораи манъи рафтани ҷавонон ба иттиҳодияҳои динӣ баёнгари он аст, ки «мо натанҳо ислоҳи ҷомеа ва баланд рафтани сатҳи дониши хонандагонро мехоҳем, балки танҳо мехоҳем сатҳи диндории мардумро паст кунем…»

Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ҲНИТ рӯзи 23-юми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки лоиҳаи пешниҳодӣ се масъаларо дар бар мегирад ва то ҷое метавонад маҳдудияти мазҳабиро дар ҷомеа аз байн бубарад.

Маҳмудҷони Файзраҳмон мегӯяд: "Аввал, ин ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид кардан барои муайян кардани ҷойҳои намозхонӣ аст. Дар қонуни мазкур гуфта шудааст, ки танҳо дар масҷид, қабристон ва хона намоз хонда шавад. Дар лоиҳаи мо омадааст, ки ҷойҳои мамнӯъаро ҳам қонун муайян кунад. Чунки дар қонуни ҳозира мардум ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешавад. Масалан тибқи қонуни мазкур касе дар болои кӯҳ, саҳро, дар роҳ ё ҷои дигар наметавонад намоз гузорад."

ҲНИТ ҳамчунин пешниҳод додааст, ки ҳар ташкилот, корхона ва дигар ширкатҳо ҳам иҷозат дошта бошанд, то ҷоеро барои намозхонӣ ҷудо кунанд. Маҳмудҷони Файзраҳмон гуфт, вақте дар корхонаҳо ҳатто бюарои сигоркашӣ ҷои алоҳида ҷудо кардааст, чӣ айб дорад, агар айни чунин ҷо барои намозхонҳо низ ҷудо карда шавад?

Аммо ба гуфтаи ӯ, як пешниҳоди асосӣ - "ин тағйиру илова ба банди манъ будани рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид дар қонун дар бораи масъулияти падару модар аст. Қонун муайян кунад, ки дар кадом вақтҳо, масалан дар вақти дарс ё кор рафтани ҷавонон манъ бошад ва дар акси ҳол ҷавонон тавонанд ба масҷид раванд."

Тибқи пешниҳоди ҲНИТ, ҷавонони зери 18-сола метавонанд дар вақтҳои холӣ ба масҷид раванд. Мақсад аз ин ислоҳи қонунгузоришро мақомоти ҳизб аз байн бурдани мониаҳои мавҷуда дар роҳи намозгузории шаҳрвандони то 18-сола дар масоҷид ва озодона хондани намоз унвон карданд.

Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва “Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки авали дар соли 2009 ва дигаре соли 2011 ба тасвиб расиданд, аз пурбаҳстарин қонунҳои кишвар ба шумор мерафт. Дар гузоришҳои байналмилалӣ низ ин ду қонун ҳамчун мояи поймоли озодии мазҳабии мардум пайваста интиқод мешуд. Рӯҳониёни тоҷик низ талаби манъи ҳузури ҷавонони то 18-сола дар намози масоҷидро мухолиф бо меъёрҳои дини Ислом мегуфтанд, ки адои намозро аз синни 12 барои ҷинси мард ва аз синни 9 барои ҷинси зан фарз гардондааст. Аз ҷумла Ташкилотҳои ғайридавлатии ҳуқуқи инсони Тоҷикисон дар гузориши худ соли 2013 ба кумитаи Созмони миллали муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон гуфта буданд, "манъ будани рафтани ҷавонон ба масҷид ва таҳсил кардан дар мактабҳои динии кишварҳори хориҷӣ ин поймолкунии ҷиддии озодии дин аст."


Тайи 3 сол бар асоси муқаррароти қонуни масъулияти падару модар, ки рафтани ҷавонони зери 18-соларо ба масҷид манъ мекунад, садҳо падару модарон барои нақзи ин қонун ҷарима шудаанд. Бино ба омори пулиси пойтахт, танҳо дар чор моҳи соли ҷорӣ ва танҳо дар шаҳри Душанбе 2 214 падару модар бо ҷурми "бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд" муҷозот шудаанд. Як бахши аъзами онҳоро маҳз ба далели масҷид рафтани фарзандонашон ҷарима бастаанд.

XS
SM
MD
LG