Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаи волидон барои ширкати фарзандонашон дар таровеҳ


Додгоҳи ноҳияи Темурмалик 7 сокини ин ноҳияро барои барои ширкати фарзандони ноболиғашон дар намози таровеҳ ҷарима кард. Мирзохон Сангов, рӯзи душанбеи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар пайи рейди кормандони милиса теъдоде аз кӯдакону навҷавонон дар барпоии намози таровеҳ боздошт шудаанд, ки ҳар кадом аз волидайни онҳо бо ҳалномаи додгоҳи ноҳия аз 300 то 500 сомонӣ ҷарима шуданд. Ҷаноби Сангов гуфт, ки ин иқдом дар чорчӯби Қонуни "Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" сурат гирифтааст. Ин аввалин мавриди муҷозот шудани иддае аз сокинон барои ширкати фарзандонашон дар намози таровеҳ дар моҳи мубораки Рамазон аст. Зимнан, бар асоси қавонини Тоҷикистон рафтани ҷавонони то 18 сола ба масҷид манъ аст.
XS
SM
MD
LG