Шариф Назаров, мураббии машҳури футболи тоҷикро, ки ду моҳ қабл аз 80-солагияш даргузашт, рӯзи 31-уми декабр дар шаҳри Душанбе дафн карданд. Пайвандонаш гуфтанд, ӯ ним сол пеш ба сактаи мағзӣ гирифтор шуда буд.
“Устод дар футболи тоҷик ҳиссаи бисёр калон гузошт. Чӣ дар замони шӯравӣ дар дастаи “Помир”-и Душанбе ва чӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, ки сармураббии тими миллӣ буд,” – гуфт Зоир Бобоев, сармураббии пешини тими миллии футболи Тоҷикистон.
Баъзе аз шогирдони Шариф Назаров ӯро “профессори соҳаи худ” донистанд, ки бо ин вижагиҳои ҳунарӣ дастаҳои футболро ба пирӯзӣ расондааст. Субҳон Хуҷамов, футболбози собиқи тими миллӣ, гуфт: “Орзу доштем таҳти роҳбарии Шариф Назаров бозӣ ва бо ӯ як бор салом кунем. Одами бениҳоят шинохта буд, як одами бузург. Дар соҳаи худ, яъне профессор буд”.
Шариф Назаров дар оғоз ба унвони бозигар дар дастаҳои “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа ва “Помир”-и Душанбе ҳимоятгар буд. Аммо замони корашро ҳамчун сармураббии дастаи “Помир” авҷи ҳунари ӯ медонанд, ки соли 1988 ба лигаи олии қаҳрамонии футболи шӯравӣ рафт ва дастаҳои машҳуре чун “Спартак”-и Маскавро шикаст дод.
Дилшод Восиев, футболбози машҳур ва аз шогирдони Шариф Назаров, бар ин аст, ки ӯ ба футболбоз ҳамеша имкон медод: “Сирри кораш ин буд, ки ба футболбозҳо бовар дошт. Хоҳ ҷавон буд, хоҳ калонсол бовар дошт. Мегузошт, ки бозӣ кунанд.”
Зери раҳбарии Шариф Назаров дастаи “Помир” дар солҳои 90-ум ду бор қаҳрамони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоми кишвар буд. Назаров солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор”-и Намангони Узбекистон шуд ва соли 1997 дигарбора ба футболи тоҷик баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин гашт.
Ӯ ҳамчунин дастаи “Варзоб”-и Душанберо ду бор то сатҳи қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон расонид. Шариф Назаров дар дастаҳои “Фаррух”-и Ҳисор, “Авиатор” (ва ҳоло “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, “Хима”-и Душанбе низ сармураббӣ буд.
Ин мураббии машҳур хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (1974) ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав буд, ки солҳои 1992-95, 1999, 2003, 2005-2006 бори масъулиятии сармураббии тими миллии Тоҷикистонро кашидааст.
Тими милии Тоҷикистон бо раҳбарии ӯ дар соли 2006 Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард. Ин мураббии футбол танҳо касе аз Тоҷикистон аст, ки ба баландтарини унвони ифтихории замони шӯравӣ “Мураббии шоистаи СССР” дар соли 1991 сазовор гаштааст.
Видео дар инҷост: