Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ зина боло. Тоҷикистон дар раддабандии нави Doing Business 2018


Мулоқоти соҳибкорон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон. 14-уми октябри соли 2017.
Мулоқоти соҳибкорон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон. 14-уми октябри соли 2017.

Тоҷикистон дар раддабандии нави Doing Business-2018 мақоми 123-уюмро касб карда, дар миёнаи ду кишвар -- Уганда ва Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор гирифт. Гузориши мазкур рӯзи 31-уми октябр дар торнамои расмии Бонкӣ ҷаҳонӣ нашр шуд ва Тоҷикистон аз ҷиҳати осонии пешбурди тиҷорат дар байни 189 кишвари ҷаҳон, дар мақоми 123-юм ҷой гирифт.

Бонки ҷаҳонӣ мақоми Тоҷикистонро дар ин раддабандӣ ба хотири ду ислоҳоте, ки дар соли гузашта сурат гирифт, боло бурдааст. Нахуст ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ҳадди даромадро барои падохти андоз аз арзиши иловашуда боло бурд, ки кори бизнесро осонтар мекунад.

Бо вуҷуди он ки мавқеи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар маҷмӯъ боло рафтааст, вале ҳамоно ин кишвар дар байни кишварҳои пасошӯравӣ охирин аст.

Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, Doing Business наметавонад ҳама паҳлӯҳои соҳибкориро дар як кишвар баён кунад ва худи муаллифони он ҳам инро тасдиқ мекунанд. Масалан, Doing Business ба масъалаи ришваситонӣ умуман дахл намекунад.

Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, ки Тоҷикистон сабти номи амволро осонтар кард. Минбаъд ҳангоми хариду фурӯши манзил шартномаи хариду фурӯш дар идораи давлатӣ сабти ном намешавад. Ҳарчанд, ба гуфтаи муаллифони ин раддабандӣ, бекор шудани талаботи сабти давлатии шартнома нархи аз як даст ба дасти дигар гузаштани моликият ба манзилро гаронтар мекунад.

Ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон ҳамчунон талаботи қонуни меҳнатро соддатар кардааст. Илоҳот дар ин арса аз он иборат будааст, ки Тоҷикистон мамнуияти ҷалби занонро ба кори шабона бекор кардааст. Ҳарчанд ҷалби занони ширдеҳ ва ҳомила ба кори шабона аз сӯи кордеҳон ҳанӯз ҳам манъ аст.

Тоҷикистон аз муаллифони гузориш кӯмак хост

Рӯзи 1-уми октябр дар дафтари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ гузориши Doing Business дар ҳузури коршиносон ва мансабдорони блоки иқтисодии ҳукумат муаррифӣ шуд.

Қаҳрамон Бақозода, раҳбари маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” низ яке аз ширкатдорони ин муаррифӣ буд. Ӯ дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масабдорон ба чигунагии таҳияи ин раддабандӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд:

“Намояндагони Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ ва сармоягузорӣ аз гурӯҳе, ки Doing business-ро таҳия мекунанд, хоҳиш карданд, ки як гуруҳро ба Тоҷикистон фиристанд, ки дар таҳияи барномаи ислоҳот ба ҳукумат кумак кунанд, то ки ҳам мақоми Тоҷикистон дар ин рейтинг боло равад ва аз сӯи дигар, фазои соҳибкорӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ дар кившар хубтар шавад”.

Ба қавли Қаҳрамон Бақозода, эҳтимол дар моҳи декабри соли равон як гуруҳи вежаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон оянд ва дар таҳияи барномаи ислоҳот дар умури соҳибкорӣ ва пешбурди тиҷорат машваратҳо ироа кунанд.

Тоҷикистон дар раддабандии тоза пешрафти чашмгире надорад. Агар солҳои қабл Тоҷикистон барои ислоҳот дар амри содда кардани проседураи ташкили ширкат ва гирифитани санади соҳибкорӣ дар даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар ворид шуда буд, ин бор мавқеаш ҳамагӣ 5 зина боло рафт. Дар солҳои пешин мавқеи кишвар то 10 зина болотар рафта буд.

Гузориш дур аз воқеияти ҳол аст

Айни замон, бархе соҳибкорон ва моликони ширкатҳо бар ин назаранд, ки арзёбии Doing Business баёнгари вазъи воқеии тиҷорату соҳибкорӣ дар кишвар нест.

Бахтиёр Тошев, масъули як ширкати консалтингӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳоло аксар соҳибкорон ва ширкатҳо дар гирифтани қарз аз бонкҳо мушкил доранд. Фоизҳо баланд аст ва бисёре аз бонкҳо барои додани қарзҳои бештар ризо намешаванд. Шароити гирифтани қарз дар нисабти солҳои пешин хеле душвортар шуд, аммо дар пункти дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ дар Doing Business ҳеҷ тағйироте нест. Яъне ин тадқиқот вазъи воқеиро баён намекунад».

Аммо таҳлилагрон ва онҳое, ки ин раддабандиро ҳар сол аз наздик назорат мекунанд, мегӯянд Doing Business баёнгари ҳама паҳлӯҳои соҳибкориро дар як кишвар иникос намекунанд ва як доираи худро дорад.

Қаҳрамон Бақозода мегӯяд, Doing Business наметавонад ҳама паҳлӯҳои соҳибкориро дар як кишвар баён кунад ва худи муаллифони он ҳам инро тасдиқ мекунанд. Масалан, Doing Business ба масъалаи ришваситонӣ умуман дахл намекунад. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон тамоми имконияти беҳтар кардани мавқеашро дар ин бахши соҳибкорӣ дорад.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ҳар як сармоягузори хориҷӣ қабл аз тасмимгирӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ҳатман ба рейтинги кишвар дар Doing Business назар мекунад ва аз ин рӯ боло бурдани мавқеи кишвар дар ин раддабандӣ барои ҷалби сармоя дар кившар хеле муҳим аст.

Беҳтарин макони соҳибкорӣ дар ҷаҳон

Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯи 10 шохис - сабти номи корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, муфлисшавӣ ва монанди инҳо - муайян мешавад.

Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ беҳтарин шароитро барои пешбурди соҳибкориву тиҷорат дар Зелендияи Нав, Сингапур, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё, Амрико, Шветсия, Норвегия ва Финландия мушоҳида кардааст.

Вобаста

XS
SM
MD
LG