Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи Бозоргул: Аз хонашинӣ то "businesswoman". ВИДЕО


Дар ҳоле, ки даҳҳо занҳои дигар маъмулан рӯзро бо кору ташвиши рӯзгор паси сар мекунанд, даҳҳо нафари дигар саргарми омӯзиши касби кишоварзӣ ва ҳам роҳҳои тиҷорату бизнесро аз худ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳар доне, ки бо сад умед дар замини худ кишт мекунанд, фардо рӯзии худу хонаводаҳояшон мешавад.

Ин фалсафаи кору зиндагиро ҳудудан 200 зан дар вилояти Хатлон баъди гузаштани дарси кишоварзиву тиҷорат азхуд кардаанд ва аллакай ҳосили заҳматҳои худро дар амал мечашанд. Бахусус дар шароите, ки даромади мардони хонаи онҳо дар Русия коҳиш ёфта, зарурати ҳаётии ба ғурбат сафарбар кардани азизонашон барои бисёри онҳо дигар маъно надорад.

Бозоргул тиҷоратро омӯхт

Бозоргул Ширинова, сокини ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Вахш яке аз ин занҳост. Ҳамроҳ бо даҳҳо занҳои дигар ӯ дарсҳои тиҷорату кишоварзиро аз рӯи як барномаи Оҷонсии рушди ИМА (USAID) азхуд карда ва соҳибихтисос шудааст. Тарҳи USAID бо 1,5 миллион доллар арзиш дар маҷмӯъ 5000 занро дар 8 ноҳияи вилояти Хатлон бо ҳунарҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорату соҳибкорӣ ошно карда, барои ҳар як нафари онҳо бо тақдими кӯмаки пулӣ шонси шурӯи кор ва пешбурди тиҷоратро фароҳам овардааст.

Бозоргул, ки баъди хатми ин дарсҳо аз пайи кишту парвариши сабзавот шуд, ба ин кор тадриҷан ҳамсар ва писарони бешуғли худро ҳам ҷалб кард. Ҳудуди фаъолияти кишоварзии ӯ 10 сотих замин ва маҳсулоташ - помидору қаламфури булғорӣ будааст. Вақте кор пеш рафт, масоҳати гармхонаашро ҳам васеътар кард.

Ин зан, ки ҳанӯз панҷ соли пеш дар бораи кори тиҷорату кишоварзӣ танҳо шунида буд, ҳоло мисли як соҳибмулку кордон сӯҳбат мекунад: “Боғи калон дорам. Ҳоло маҳсулотро ба бозор мебарем. Ба мо гармхонаҳо доданд, ки фоидаи хуб ба даст овардем. Пештар занҳо дар хона менишастанд. Ҳоло созмоне, ки бо мо кор мекунад, аз он тухмии босифатро харида кишт мекунем”.

Бозоргул соли 2016 дар заминаш таҷрибаи обчакориро ба кор бурд ва маҳсулоти хуб ба даст овард. Яке аз принсипҳои кораш самаранок истифода кардани замин аст, то ки турбу шалғами хушхарид дар зимистонро ҳам парвариш кунад. Даромади ҳосилашро ҳам хуб ҳисоб мекунад. Мегӯяд, “ду ё се дона қаламфури булғориро як сомонӣ фурӯхтам. Помидор 1 тоннаву 700 килограмм, қаламфури булғорӣ 1200 килограм ҳосил дод. Аз помидор 5100 сомонӣ гирифтам ва аз булғорӣ 3600 сомонӣ фоида ба даст омад”.

Омӯзиши касби кишоварзӣ ва бизнес барои занон дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Ҳамин тариқ, даромади хонаводаи Бозоргул аз кишоварзӣ дар соли 2016 беш аз 8 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳарчанд баъди табдил ба доллар ин маблағ каме бештар аз 1 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ба қавли коршиносон, ин маблағ барои сокинони деҳаи дурдасте дар Тоҷикистон хеле арзишманд аст.

Дидани ҳосили воқеии заҳматҳои худу хонаводааш Бозоргулро барои зиндагиву оянда чунон дилгарм кард, ки ҳоло нақша дорад дар гармхонааш 15 ҳазор ниҳоли нав шинонда домани фаъолиятҳояшро тавсеа бахшад. Аз ҷумла, парвариши замбӯри асал ҳам яке аз ормонҳои дигари ӯ барои соли нав мебошад. Ҳоло дар паҳлӯи ӯ 7 келини хонадонаш ҳам қарор доранд ва мехоҳанд бо даромади дастаҷамӣ кам-кам дар фикри бунёди манзили нав шаванд.

Зане ки шавҳарашро аз муҳоҷират боздошт

Гулбаҳор Норматоваи 52-сола аз деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти “20 солагии Истиқлолият” аст. Ин модари 5 фарзанд дар ҳавлиаш се гармхона бунёд кард ва мисли Бозоргул помидору қаламфури булғор парвариш кард.

Даромади порсолаи ӯ 50 ҳазор сомонӣ, муодили 6250 доллари амрикоиро ташкил дод. Хонум Гулбаҳор ошиқи кор худ аст, чунки ҳар як тухмиву сабзае, ки ба хок мерезад, дар пеши чашми худу наздиконаш бузург шуда, ҳосил медиҳад: “Мо аввал ҳамин ниҳолро тухмияшро дар ҷойи гарм нигоҳ медорем ва дар халтачаҳои селофани мегирем. Тез тез намнокашон карда, дар ҳарорати хуб нигоҳ медорем”.

Кори ҳамсар шавҳарро ҳам саргарм ва манфиатдор кард. Ғафур Нурматов, ки солҳо бекор буд, ҳоло як ёвари ҳамсараш шудааст ва фармоишҳои ӯро бо дасту дили гарм иҷро мекунад: “Ба занам ташаккур, ки ниҳолҳоро парвариш мекунем. Интизор дорам, ки имсол ҳам 50 ҳазор сомонӣ даромад мегирем. Иншооллоҳ фоида ҳаст. Аввал ба мисли бобоӣ кишт мекардем, вале ҳоло шароитамон хуб шудааст”.

Кӯмак ба занони соҳибкор

Амонҷон Маҳкамов, як масъули Анҷумани миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки ахири соли 2016 барои заноне, ки баъди давраҳои омӯзишӣ барои тиҷорат дар арсаи кишоварзӣ омодагӣ дидаанд, 20 адад гармхона барои обчакорӣ ба таври ройгон дода шуд.

Ба гуфтаи Амонҷон Маҳкамов, “лоиҳаи соҳибкории бонувон воситаи васеъ намудани соҳибкорӣ дар миёни занон аст. Мақсад - худкифо кардани занон мебошад. Дар давоми 3 сол тибқи нақша 5000 занону бонувон ба омӯзиш фаро гирифта мешавад. Ин имконияти хубе барои тиҷорат ва боло бурдани иқтисодиёти хонаводагии занон дар деҳот мебошад”.

Зимнан, ин барнома дар 8 ноҳия ва шаҳри минтақаи Қӯрғонтеппа, аз ҷумла Қубодиён, Ҷайҳун, Вахш, Бохтар, Балхӣ, Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Шаҳритус амалӣ мешавад ва ҳадафаш омӯзондан ва муттаҳид намудани занони соҳаи хоҷагии қишлоқ, хизматрасонӣ, истеҳсолот аст.

Дастандаркорони лоиҳа бовар доранд, ки сифати кор хуб шуда, бекории занон аз миён меравад ва қобилияти содироти маҳсулоташон бештар мешавад. Дар зарфи се соли оянда 500 ҳазор занон дар бахшҳои кишоварзӣ ва дузандагию пазандагӣ фаро гирифта шуда ва бо кор таъмин гарданд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG