Пайвандҳои дастрасӣ

450 ҳазор доллар "хайри" соҳибкорони Исфара


Дилшод Ҷабборӣ, раиси шаҳри Исфара ҳангоми шунидани арзи сокинон

Соҳибкорони дохилу хориҷи шаҳри Исфара барои сохтмони корхонаву муассиса ва корҳои дигари ободонӣ дар ин шаҳр 450 ҳазор доллар (3 миллиону 600 000 сомонӣ) сармоягузорӣ хоҳанд кард. Ин тавофуқ дар "сӯҳбати бидуни галстуки" раҳбарияти шаҳри Исфара бо соҳибкорон ба даст омадааст. Абдумубин Файзиев – раиси Иттиҳоди содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ – рӯзи 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд бунёди мактабу корхона ба сармоягузорон умеди фоидаро медиҳад, "вале ҳадафи аслӣ кори хайр аст".

Ҳукумат муваззаф шудааст, ки...

Раиси ҷумҳур аз тоҷирон ва сарватмандони Тоҷикистон хоста буд, то сармояҳои худро аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд.

Ӯ гуфт, "чанде пеш дар Амрико будем. Дар Вашингтон дар як мактаби омӯзиши соҳибкорӣ дидам, ки пирмарде ҳар ҳафта ду бор ба соҳибкорони ҷавон маслиҳати бепул медиҳад. Вай умрашро сарфи соҳибкорӣ карда, миллионер шудааст ва ҳама чиз дорад. Ҳоло фақат мехоҳад, номи нек ба ёдгор гузорад. Чаро мардуми мусалмон ин хел корҳоро, ки садақаи ҷория ба шумор меравад, иҷро накунем?"

Иттиҳоди истеҳсол ва содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар Исфара беш аз ҳазор соҳибмулку коргари чаҳордаҳ корхонаи коркарди мева ва хоҷагиҳои зардолупарварро ба ҳам овардааст. Ҳукумати шаҳри Исфара дар навбати худ вазифадор шудааст, ки барои "дар кӯтоҳтарин муддат гирифтани сертификати замин, фароҳам кардани инфрасохтори зарурии ҷойҳои сохтмон, мисли кашидани хатти барқу об" мусоидат намояд.

"Қарсак - аз ду даст"

Мулоқоти раҳбарияти шаҳри Исфара бо соҳибкорон
Мулоқоти раҳбарияти шаҳри Исфара бо соҳибкорон

Исфара аз ҷумлаи минтақаҳои аз нигоҳи саноатӣ ва соҳибкорӣ рушдёфтаи шимоли Тоҷикистон аст. Ҷойгир будани Исфара дар нуқтаи бурриши водии Фарғона бо қисмати тоҷикистонии он ва ҳамсоягӣ бо Узбакистону Қирғизистон сокинони Исфараро аз қадим ба рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар ин минтақа водор кардааст. Ҳоло чандин соҳибкорони Исфара дар Русия ному сармоя ба даст овардаанд. Як махсусияти дигари мардуми Исфара, пойбандии онҳо ба дину суннатҳои он аст, ки дастгирии нодорону дармондагонро ба сармоядорон таъкид мекунад.

Маъруфхӯҷа Бузургхӯҷаев – сардори бахши робитаҳои байнулмилалӣ дар ҳукумати шаҳри Исфара – гуфт, соли гузашта соҳибкорони ин маҳал ва умдатан соҳибкрони бурунмарзӣ 12 миллион сомонӣ сармояи худро сарфи корҳое ба мисли роҳу пулсозӣ ва ёрӣ ба сокинони камбизоат кардаанд.

Соҳибкорон аз мушкил ҳам гуфтанд

"Мақомот бо соҳибкорон ҳадди ақалл дар 3 моҳ як бор дар чорчӯби Шӯрои машваратӣ дидор карда ва аз мушкилоташон мепурсад. Дар ҳалли саривақтии мушкилоте, ки ҳалли онҳо дар салоҳияти ҳукумати маҳаллист, шахсан худи раиси шаҳр мусоидат мекунад. Барои ҳамин, дар ҷавоб соҳибкорон ҳам дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба ҳукумат ёрӣ мерасонанд", - афзуд ӯ. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, саҳми соҳибкорон дар 100 миллион сомонӣ буҷаи солонаи шаҳри Исфара дар 3 – 4 сол пеш ҳудуди ҳашт дар сад буд, ҳоло ба 14 дар сад расидааст.

Аммо бархе аз соҳибкорон гуфтанд, бо вуҷуди дилгармии онҳо барои кумаку дастгирӣ ҳанӯз шароит барои сармоягузории бештар дар кишвар мувофиқ нест. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ андози камаршикан ва аз тарафи дигар тафтишу санҷишҳои пайвастаи ниҳодҳои мухталифи давлатӣ аз мониаҳои асосӣ барои сармоягузорист. Бархе аз соҳибкорон ҳатто мегӯянд, мақомоти давлатӣ дар айёми ҷашну маросимҳо гоҳо онҳоро барои бунёди ягон бино ваё мумфарш кардани роҳу гулзор кардани паҳлӯи роҳравҳо маҷбур мекунанд.

Даъватҳои батакрор барои сармоягузорӣ дар дохил

Дар “сӯҳбати бидуни галстуки” раҳбарияти шаҳри Исфара бо соҳибкорон низ баъзе аз чунин мушкилҳо баррасӣ ва роҳи ҳаллашон пешниҳод шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар солҳои гузашта соҳибкоронро ба сармоягузорӣ дар кишвар даъват карда ва ҳатто раиси ҷумҳур дар як суҳбаташ дар соли 2010 лағви андозро барои чунин соҳибкорон ваъда карда буд. Раиси ҷумҳур аз тоҷирон ва сарватмандони Тоҷикистон хоста буд, то сармояҳои худро аз бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Тоҷикистон интиқол диҳанд. Вале зоҳиран соҳибкорони тоҷик то кунун ин пешниҳоди мақомотро ҷиддӣ нагирифтаанд, ё барои сармояҳои худ ҷойи муносибтаре ёфтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG