Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Соҳибкоронро аз санҷишҳои зиёд халос мекунем"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо ҳадафи кам кардани “давутози” даҳҳо ҳазор соҳибкор ва осон кардани корашон шумораи ниҳодҳои коҳиш доданд, ки ҳар сари чанд вақт, фаъолияти онҳоро тафтиш мекунанд. Корро аввал аз ниҳодҳои назоратии арсаи кишоварзӣ, яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон шурӯъ кардаанд.

Бар асоси як қарори ҳукумат, ки моҳе пеш имзо шудааст, якбора чаҳор ниҳоди назоратиро аз байн бурдаанд ва дар заминаи онҳо фақат як идора таъсис додаанд, ки фаъолияти ҳамаи онҳоро иҷро мекунад.

Дар ин қарор омадааст, ки дар заминаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, Бозрасии назорати давлатии тухмӣ, фақат як ниҳод, Хадамоти назорати давлатии бехатарии озуқавориро таъсис додаанд, ки тобеи вазорати кишоварзӣ аст.

Дар Тоҷикистон масъалаи тафтиши фаъолияти соҳибкорону тоҷирон ва ширкатҳо яке аз масоили дарднокест, ки солҳост дар бораи он сӯҳбат мекунанд. Соҳибкорон мегӯянд, ки рӯзҳои дарозашонро барои сӯҳбату коғазсупориву расмиёт ба ниҳодҳои тафтишотӣ сарф мешавад ва корашон як тараф мемонанд, ки бар зарари тиҷорат аст.

Дар гузашта ҳам созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ки ба Тоҷикистон барои ислоҳоти иқтисодӣ кӯмак мекунанд, гуфтаанд, ки “санҷишу тафтиши зиёд камари соҳибкорони тоҷикро мешиканад”. Дар Тоҷикистон, 37 мақоми ваколатдор ҳаст, ки ҳақ дорад кори ширкат ё соҳибкорро бисанҷад. Ҳатто мақоми ваколатдори давлатӣ вуҷуд дорад, вазифааш санҷидани иҷозатномаҳоест, ки худи давлат ва ё ниҳоди дигари давлатӣ додааст.

Молиёт ва тафтиши зиёдро як монеа барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон медонанд.
Молиёт ва тафтиши зиёдро як монеа барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон медонанд.

Миралӣ Қодиров, муовини раиси Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории шаҳри Душанбе мегӯяд, коҳиши санҷишҳо ба манфиати кор аст, ба шарте, ки одилона ва бар тибқи муқаррарот бошад.

“Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар назар надорад, ки фаъолияти онҳо ҳангоми санҷиш қатъ гардад, ё ки протокол тартиб дода шавад, ё ҷарима баста шавад. Яъне санҷишҳо набояд пеши роҳи фаъолияти соҳибкорро бигирад, балки тавсия бошад, ҳамкорӣ дошта бошанд. Онҳо бояд фаҳмонанд, корҳои профилактикӣ гузаронанд. Масалан омаданд бояд гӯянд, ки мушкилӣ вуҷуд дорад, шумо бояд ислоҳ кунанд. Гӯянд, ки ман шуморо ҷарима намекунам, хоҳиш мекунам, ки ин камбудиҳоро бартараф кунед” -мегӯяд, ӯ.

Аммо худи ҳисоботи мақомот нишон медиҳанд, ки ниҳодҳои тафтишотӣ ҷарима кардан ва бастани иншоотеро намунаи фаъолият медонанд. Худи мақомоти интизомӣ ва ё беҳдоштӣ бисёр вақт эълон мекунанд, ки ин ё он иншоотро, барои надоштани абзоре бастанд ва ё ҷарима карданд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ки масъулияташ фароҳам кардани шароити муносиб барои тиҷорату сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аст, мегӯяд, соли 2016 мақомоти санҷишӣ, тақрибан 300 ҳазор бор “субъектҳои хоҷагидор” ва ё ширкату муассиса ва иншооту амволи гуногунро тафтиш кардаанд. Яъне ба ҳисоби дигар мақомоти назоратии Тоҷикистон рӯзона 800 санҷиш гузарондаанд ва садҳо соҳибкор ва ё раҳбаре, кори худро гузошта ва рӯзи худро бо мақомоти санҷишӣ сипарӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, имсол баръакси солҳои пешин дар маҷмӯъ “71 362 санҷиш ба нақша гирифта шудааст, ки 28,7 фоизи соли 2016-ро ташкил дода, 3,5 маротиба кам мебошад.” Бисёре аз санҷишҳоро се ниҳод, хадамоти оташнишонӣ (тақрибан 40%), агентии стандартизатсия (26.8%) ва хадамоти санитариву эпидемиологии Тоҷикистон (10.8%) анҷом медодаанд.

Агар мақомоти санҷишӣ худи қонунро риоят кунанд, қонуни санҷиши фаъолияти соҳибкориро риоят кунанд, ин беҳтарин кор мешавад.

Имсол қарор аст, мутахассисони вазорати умури дохилӣ 28 ҳазор маротиба тафтиш гузаронанд, ки то куҷо иншоот, ё биное қоидаҳои сӯхторнишониро риоят мекунад. Агентии стандардизатсия бояд бештар аз 19 ҳазор маротиба санҷиш гузаронад. Ба гуфтаи Миралӣ Қодиров, соҳибкорони зиёде ба онҳо аз рафтори мақомоти тафтишотӣ шикоят мекунанд, вале метарсанд, ки агар ошкор бигӯянд, бештар гирифтори дарди сар мешаванд.

"Агар мақомоти санҷишӣ худи қонунро риоят кунанд, қонуни санҷиши фаъолияти соҳибкориро риоят кунанд, ин беҳтарин кор мешавад" - гуфт Миралӣ Қодиров ба Радиои Озодӣ.

Ҳоло мақомот мегӯянд, қарор аст, ки барои боз ҳам маҳдуд кардани ваколатҳои мақомоти санҷишӣ дар чандин соҳа аз ҷумла соҳаи ҷангалпарварӣ, сабти молу мулк, суғурта, забон ва истилоҳот дар нимаи дуввуми имсол ба ҳукумат пешниҳодҳои худро бифристанд.

Ба гуфтаи Миралӣ Қодиров, кам кардани тафтишу санҷиш дар замони эҳтиёҷ ба сармояи хориҷиву дохилӣ воқеан зарур аст, вале агар боз ҳам қонун рӯи коғаз монаду иҷро нашавад, санҷиши зиёд ҳамчунон садди роҳи рушди соҳибкориву иқтисод, ба миён омадани ҷойҳои кории нав ва дар ниҳоят монеи талошҳо барои кам кардани камбизоатӣ дар Тоҷикистон мешавад.

XS
SM
MD
LG