Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овоздиҳӣ барои “ҳуқуқ ва бартариятҳо”-и Фаластин дар СММ


Имрӯз, 10-уми май қарор аст дар Маҷмаи кулли СММ барои қабули қатъномае овоз диҳанд, ки “ҳуқуқ ва бартариятҳое” барои Фаластинро пешбинӣ мекунад ва аз Шӯрои амният даъват хоҳад кард, ки дархости Фаластинро барои қабули он ба узвияти СММ ба ҳайси кишвари 194-ум бипазирад.

Рӯзи 18 май ИМА қатъномаеро, ки аз ҷониби аксари аъзоёни Шӯрои амният дастгирӣ ёфт, вето намуд. Дар сурати қабули ин қатънома роҳи Фаластин ба узвияти комил дар СММ боз мешавад – ин як орзуи деринааш мебошад.

Исроил талош дорад пеши роҳи инро бигирад. Рӯзи 9 май муовини сафири ИМА дар СММ Роберт Вуд гуфт, ки маъмурияти Байден ба қабули ин қатънома мухолиф аст.

XS
SM
MD
LG