Пайвандҳои дастрасӣ

Камбуди харидор ва бозори сарди фурӯши молу коло, бархе аз савдогаронро водор кардааст, ки нахуст аз кӯмаки таблиғгар ва баъдан сабти аудиоии рекламаи маҳсулоташон кор бигиранд. Комил Сафаров яке аз ҷумлаи чунин фурӯшандагон аст, ки дар бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе дӯкони ҷавоҳирот дорад ва барои ба фурӯш рафтани маҳсулоташ аз ин шева истифода мебарад. Дар дӯкони ӯ сабти таблиғотӣ харидорро барои дарёфти мол бо нархи арзону дастрас даъват мекунад.

Воридоти молу маҳсулоти фурӯшӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа дар соли ҷорӣ кам шудааст.

Комил мегӯяд, бозор мисли солҳои пеш серодаму гарм нест ва ба хотири наҷоти тиҷорату кораш ба кӯмаки таблиғоти баландгӯяк рӯ овард. Садои баланду барои бархе нороҳаткунандаи даъват ба дӯкони ҷавоҳирот, тиҷорати моли дӯконро каме зинда кард: "Истодем фикр кардем ва ба ин хулоса омадем, ки аз ҳар рӯз ба як кас пул додан беҳтар аст бо сабти чанд сухани ҷолиби диққат, харидоронро ба мағоза даъват кунем. Агар ҳамин садоро хомӯш кунем, аҳамият медиҳам, ки савдо намешавад."

Комил Сафаров.
Комил Сафаров.

Комил Сафаров мисли дигар ҳамкоронаш аз фурӯшгоҳҳои атроф аз коҳиши мизоҷон, мизони ками фурӯш ва набуди даромад хеле нороҳат аст. Вай мегӯяд, ду-се соли пеш вазъи онҳо беҳтар буд ва бахусус бо расидани баҳор, мавсими тӯю маъракаҳо, моли дӯкон зиёд дарнамемонд. Ҳоло онҳо бори ду сол пешро ҳам бо тахфифи шадид фурӯхта наметавонанд.

Мағозаи фурӯши либосҳои аврупоӣ барои занон бо номи “Престиж” дар ҳамин бозори «Корвон», ки дар забони мардум яке аз маконҳои моли рангаву дастрас аст, ба фурӯши арзони мол ё "распродажа" даъват мекунад. Як фурӯшанда бо номи Салима, ки нороҳатии худро аз мизони пасти фурӯш пинҳон намекунад, мегӯяд, дар муддати ду соли охир қурби сомонӣ коҳиш ёфту доллар камчин шуд ва тавони харидории муштарӣ кам шуд ва фурӯшгоҳи ӯ ҳам рӯзҳои хуберо пушти сар намекунад.

“Бинед, борҳои пешинаамон беҳад зиёд мондааст. Ду сол шуд, ки ин либосҳоро оварда будем. Қурби доллар боло рафтааст, вале мо арзон мефурӯшем. Мо пули худамонро ҳам бароварда наметавонем. Супурдани андоз ҳам бароямон мушкил шудааст”.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.
Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик.

Воридоти молу маҳсулоти фурӯшӣ ба Тоҷикистон аз хориҷа ҳам дар соли ҷорӣ кам шудааст. Коҳиши 19-дарсадиро Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик бо кам шудани даромади муҳоҷирони корӣ рабт медиҳад. Вай мегӯяд, коҳиши савдо, аз ҷумла воридоти мол ба Тоҷикистон тамоюлест, ки дар чанд соли охир мушоҳида мешавад. Нисбатан афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки он ҳам камтар аз 7 фоизро ташкил додааст, ба вазъи соҳибкории хурду миёна таъсиргузор мешавад. Собир Вазиров гуфт, дар навбати аввал таъсири ин вазъ «ба соҳибкории калон ва дар ниҳоят ба соҳибкории хурду миёна эҳсос мешавад».

Тоҷикистон то 98 дар сади соҳибкорон дар бахши хусусии хурду миёна, бештар дар соҳаи тиҷорат кор мекунанд. Вале бо ин вазъ, мегӯяд иқтисоддони тоҷик, ҳоло як падидаи баргашт аз бӯҳрон шурӯъ шудааст. Ба қавли ин таҳлилгар, бӯҳрон ба нуқтаи охираш расидааст ва инро бархе таҳлилҳои ахири созмонҳои молии байналмилалӣ ҳам ишора мекунанд.

Бӯҳрони иқтисодии Тоҷикистон як паёмади бӯҳрон дар Русия ҳам мебошад, ки дар пайи таҳримҳои Ғарб бо сабаби ишғоли Қрим ва низоъҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина, соли 2014 ҷорӣ шуд. Дар натиҷа, бӯҳрон ба мизони даромади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия таъсиргузор ва интиқоли маблағҳои ин бахшро аз 4 то 2 миллиард доллар коҳиш дод.

Вале тоҷироне мисли Комил Сафаров, ки дар шароити бӯҳронӣ талош карданд кору дӯкони худро ҳифз кунанд, мегӯянд, ноумед нестанд ва аз кор дар шароити сангин барои худ дарси нави тиҷорату зинда монданро меомӯзанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG