Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Санҷиш қонунӣ буд, вале..." Узрхоҳии нозирони андоз аз расонаҳо. ВИДЕО


Мақомоти андози вилояти Суғд аз тарзи бархӯрди кормандони ин ниҳод нисбат ба расонаҳои маҳаллӣ узр хоста, вале аз санҷиши кори онҳо ҳамчун як амали “қонунӣ ва зарур” ҳимоят карданд. Дар пайи як санҷиши ногаҳонии кори идораҳои расонаҳои хабарӣ ва ҳам бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ дар бинои “Кохи матбуот”, шоми 16 март ба дари аз 10 то 15 муассиса мӯҳр зада шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Идораи андози Хуҷанд барои зиёдаравиаш маъзарат хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Хабарнигорон аз рафтори дағал ва нохушоянди ниҳоди санҷишӣ изҳори норизоиятӣ карданд. Қосим Қосимов, муовини раиси Идораи андози Суғд рӯзи 17 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар кормандони мо нисбат ба кормандони васоити ахбори умум нодуруст рафтор карда бошанд, аз номи раҳбари раёсат бахшиш мепурсам ва нисбат ба шахсоне, ки дар Кохи матбуот санҷиши амалиётӣ гузарониданд, тадбирҳои иловагӣ меандешем.”

Мақомоти андози вилояти Суғд аз тарзи бархӯрди кормандони ин ниҳод нисбат ба расонаҳои маҳаллӣ узр хоста, вале аз санҷиши кори онҳо ҳамчун як амали “қонунӣ ва зарур” ҳимоят карданд.

Ӯ афзуд, раҳбарияти раёсати андози Суғд рияои “Қонун дар бораи хидмати давлатӣ” аз ҷониби кормандони ин ниҳод ва рафтору муносибати онҳо бо андозсупорандагонро зери назорат доранд. Вале ӯ гуфт, мақомоти андоз ба роҳандозии ин гуна “санҷиш” ҳақ доранд ва амали онҳо дар доираи қонун анҷом шудаааст. “Танҳо дар мӯҳр задани дари расонаҳо зиёдаравӣ кардаанд”, -таъкид кард Қосим Қосимов.

Нимарӯзи 16 март як гурӯҳ аз кормандони идораи андози Хуҷанд ба “Кохи матбуот” ҳозир шуда, ба лаҳни шадид рӯзноманигоронро аз утоқҳои кориашон берун ва дари чандин нашрияҳои чопи Душанбе, ба шумули “Азия Плюс”, “Замон”, “Тоҷикони ҷаҳон” ва созмони НАНСМИТ-ро мӯҳр заданд. Онҳо ба намояндагони нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд гуфтаанд, ки андоз аз маошашон бояд ба идораи молиёти ҷойи фаъолият пардохта шавад, на пойтахт.

Чаро ба дари баъзе аз расонаҳо мӯҳр зада шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:33 0:00
Линки мустақим

Вале субҳи 17 март аз аксари дари расонаҳо мӯҳрро барчида буданд. Дар идораи андози Хуҷанд гуфтанд, ки ин кор рӯзи гузашта ба дунболи мӯҳрбандӣ анҷом гирифтааст. Шоҳидони ҳол мегӯянд, мӯҳри дарҳоро баъди расонаӣ шудани ин қазия канданд. Вале дар раёсати андози Хуҷанд ба ин савол ки дари чанд расона ва созмонҳои ҷамъиятиро мӯҳр заданд, посух надоданд. Дар ҳоле ки ба қавли бархе шоҳидони ҳол, ҳудуди 15 дари расонаҳову созмонҳои ҷамъиятиро мӯҳр задаанд.

Муҳаббат Ҷӯраева.
Муҳаббат Ҷӯраева.

Ба гуфтаи рӯзноманигорон, кормандони идораи андоз худ ва вазифаи худро муаррифӣ накарда, бо лаҳни шадид сӯҳбат доштанд. Мавлуда Рофиева – намояндаи созмони НАНСМИТ рӯзи 16 март дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ ҳатто фурсат надодаанд, ки ба дафтари асосии нашрия дар Душанбе занг зада, қазияро баррасӣ кунад. "Онҳо гуфтанд, ки зуд барқро хомӯш карда, берун шавед, мо дарро муҳр мезанем”, - афзуд ӯ.

Холбибӣ Эшонбобоева, рӯзноманигори нашрияи “Замон”, ки дар ошёнаи даҳуми “Кохи матбуот”-и Хуҷанд ҷойгир аст, гуфт, “дина боз дари утоқи кориамон бастааст. Мо таъҷилан шумораи бахшида ба ҷашни Наврӯзро таҳия мекардем ва ҳоло намедонем чӣ кор кунем. Мақомоти андоз гуфтанд, ки то раҳбарамон рафта масъалаи андозро ҳал накунад, дарро боз намекунанд”.

Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси маркази ҳимоят аз ҳуқуқи инсони “Адвокати ту” дар Хуҷанд чунин бархӯрди кормандони андозро дуруст наҳисобид. Ӯ гуфт, аз мӯҳр задан ба дари дафтари худ ва муносибати шадидуллаҳни масъулони раёсати андози Хуҷанд бо корманди ин созмон дар Хуҷанд, ба додситонӣ шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG