Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба дари даҳ расона дар Хуҷанд мӯҳр заданд


Нозирони Идораи андоз ба дари даҳ расона дар маркази вилояти Суғд мӯҳр зада, далелашро "насупурдани андоз аз маоши кормандон" номидаанд. Онҳо ба намояндагони нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд низ гуфтаанд, ки андоз аз маошашон бояд ба идораи молиёти ҷойи фаъолият пардохта шавад, на пойтахт.

Созмони Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис, вазъи матбуоти Тоҷикистонро “дар ҳолати як рукуди хатарнок” тасвир карда буд.

Мавлуда Рофиева – намояндаи созмони НАНСМИТ рӯзи 16 март дар Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ӯ ҳатто фурсат надодаанд, ки ба Душанбе занг зада, қазияро баррасӣ кунад. "Зуд барқро зуд хомӯш карда, ба дар мӯҳр заданд", - гуфт ӯ.

Дар огоҳномаи насбкардаи Раёсати андози шаҳри Хуҷанд ба дари расонаҳо таъкид шудааст, ки "бе иҷозати мақомот, боз нашавад." Тафтиши дафтарҳои кории рӯзноманигорону нашрияҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар "Кохи Матбуот" дар Хуҷанд тирамоҳи соли гузашта шурӯъ шуда буд.

Яке аз мусоҳибони мо гуфт, қаблан нозироти андоз ба дари расонаи ӯ ҳам омада, вале барои ҳалли масъала ҳадди ақалл як моҳ фурсат дода буданд. Ба гуфтаи ӯ, "ин навбат кор ранги ҷиддитар гирифтааст." Қарор аст, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар робита ба ин қазия изҳорот дода, таҳқиқи ин иқдоми идораи андозро талаб намояд.

Кохи Матбуот дар шаҳри Хуҷанд. Дар ин бино дафтари расонаҳои вилояти Суғд ва намояндагии нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд ҷойгир ҳастанд
Кохи Матбуот дар шаҳри Хуҷанд. Дар ин бино дафтари расонаҳои вилояти Суғд ва намояндагии нашрияҳои чопи Душанбе дар Хуҷанд ҷойгир ҳастанд

Ҳоло дар Тоҷикистон бинобар иттилои охирини Вазорати фарҳанг 312 матбаа, 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 10 оҷонсии хабарӣ, ва 71 нашриёт фаъоляит мекунанд. Аксарияти нашрияҳо, матбаа ва расонаҳо ба гуфтаи мақомот хусусӣ ҳастанд.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, андоз яке дигар аз фишангҳоест, ки қомати матбуоти асосан мустақилро хам карда, доираи озодии баёнро боз ҳам тангтар хоҳад кард. Тоҷикистон соли гузашта дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафт ва дар мақоми 150-ум қарор гирифт. Созмони Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Порис, ҳам вазъи матбуоти Тоҷикистонро “дар ҳолати як рукуди хатарнок” тасвир карда буд.

XS
SM
MD
LG