Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи матбуоти тоҷик аз нигоҳи ду рӯзномафурӯш. ВИДЕО


Бархе рӯзномафурӯшон мегӯянд, ки матбуот дар Тоҷикистон ҳоло вазъи бӯҳрониро паси сар мекунад ва тиражи нашри рӯзномаҳо коҳиш ёфта ва талабот ба нашрияҳо камтар шудааст.

Нуруллоҳ Одилов 22 соли ахир -- аз замони эҳёи дубораи матбуоти тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, рӯзномафурӯш аст. Дар тӯли ин солҳо шояд нафари дигаре набошад, ки вазъи матбуоти тоҷикро аз ӯ беҳтар донад. Нуруллоҳ аз тамоми матолиби нашрияҳо огаҳӣ дорад ва ҳатто ба хонандагон теъдодеро ҳам ташреҳу таблиғ мекунад.

Нуруллоҳ Одилов мегӯяд, ки "мардум асосан газетаҳои русиро мехаранд. "Азия плюс" ва "Реклама" хуб ба фурӯш мераванд. Якчанд сол пеш нашрияҳои дигар буданд, ки хеле хуб ба фурӯш мерафтанд, чунки мақолаҳои таҳлилӣ чоп мекарданд, журналистон худашон менавиштанд, аз интернет камтар мегирифтанд, бинобар ҳамин одамҳо мехонданд."

Тибқи мушоҳидаҳои ин рӯзномафурӯш, матбуоти тоҷик феълан дар ҳолати бӯҳронӣ ба сар мебарад ва теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтаномаҳои тоҷикзабон то 50 дарсад поин рафта ва талабот ба рӯзномаҳо камтар мешавад. Ба гуфтаи ӯ, қимати як рӯзнома баробар ба ду нон аст, агар ба интихоби мардум гузошта шавад, ҳатман аксарият дуввумиро интихоб мекунанд.

Нуруллоҳ Одилов, мегӯяд, ки ҳар як хонавода метавонад дар як ҳафта ақаллан як газета харидорӣ кунад: "2 сомонӣ чӣ аст? Ҳеҷ гап надорад. Мардуми мо ё намефаҳманд, ё чизи дигар, ки газета намехаранд, намехонанд". Ин тоҷири зиёӣ, аз он нигарон аст, ки фарҳанги рӯзномахонӣ дар байни мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонон дар ҳоли аз байн рафтан аст.

Рӯзномафурӯшҳои дигар низ ин иллати ҷомеаро мушоҳида кардаанд ва ба ин боваранд, ки заъфи нашрияҳо низ ҳаст, ки ҷавононро ба аудуторияи худ ҷалб карда наметавонанд. Ба гуфтаи Хуршеда Ҷалилова, як рӯзномафурӯши дигар дар Душанбе, "ҷавонон бештар ба интернет завқ доранду аз хондан дур мондаанд. Баъдан баъзе нашрияҳое ҳаст, ки умуман росташро гӯям, ба дастам гирифта хондан наметавонам. Бисёр чизҳои фаҳш менависанд ва забонашон кӯчагӣ аст."

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Нуруллоҳ Одилов, мардум бинобар душворфаҳм будани забони рӯзномаҳо, аз мутолиаи нашрияҳо худдорӣ мекунанд. Ба қавли рӯзномафурӯшон, мушкили аслии аз даст додани хонанда барои нашрияҳои Тоҷикистон, бознашри хабарҳо аз сомонаҳои интернетӣ ва надоштани мавзӯъҳои мухталиф ва хос аст. Нуруллоҳ Одилов дар ин робита мегӯяд, ки "журналист бояд равад, худаш таҳқиқот барад, он вақт хонанда завқманд мешавад."

Рӯзномафурушон бештар аз ҳама аз он нигаронанд, ки муштариёни аслиашон “пир” шудаанд. Ба ин маънӣ, ки мавзуи матбуоти тоҷик низ дар ҳоли пир шудан аст ва мутмаинанд, ки агар тадобире барои ҷавон сохтани хонанда рӯи даст нагиранд, нақши худро бебозгашт аз даст хоҳанд дод.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG