Сафири Исроил дар Русия, Симон Галперин гуфтааст, аксари русиягиҳое, ки барои зиндагӣ Исроилро интихоб кардаанд, аз ҷумла Пугачева дар ин кишвар мушкиле надоранд ва бомуваффақият ҳамоиш ёфтаанд. “Ҳамаи онҳо дар Исроил исроилӣ ҳастанд, яъне ҳамоиш ёфтаанд, баъзан бо барномаҳои консертӣ дар театр баромад мекунанд.”-гуфт, Галперин.
Сафир бо таасуф гуфтааст, ҳанӯз шахсан бо Пугачева вонахӯрдааст, вале таронаҳои ӯро ёд дорад. Ба гуфтаи Галперин, бино ба оморҳои ахир муроҷиати русиягиҳо барои кӯч бастан ба Исроил зиёд ашудааст.
Алла Пугачева, баъди оғози ҷанги Русия дар Украина, зидди ҷанг баромад карда, бо ҳамсараш, ҳунарпеша Максим Галкин ва фарзандон ба Исроил кӯч баст.
Бино ба иттилои оҷонсии "Сохнут" соли 2022 тақрибан 70 ҳазор нафар барои кору зиндагӣ ба Исроил омадаанд, ки бештар аз нисфи онҳо русҳо будаанд. Соли 2021 ин омор қариб ду баробар кам будааст.