Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирони тоҷики "Синдика": "Даҳҳо миллион рубл зиён дидем". ВИДЕО


Тоҷирони тоҷик дар сӯхтори бозори "Синдика"-и шаҳри Маскав даҳҳо миллион рубл зиён дидаанд. Сӯхтор дар ин бозор шоми 8-уми сентябр рӯх дода, 16 соат идома кард ва онро бо кӯмаки чархболҳои обпош хомӯш карданд.

Муҳаммадрасул Холов, тоҷири тоҷик дар бозори"Синдика"-и шаҳри Маскав рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки амволи ӯ ва беш аз 50 тоҷири дигари тоҷик бар асари ин сӯхтор пурра нобуд шудааст. Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, ӯ 2,5 миллион рубл дар ин сӯхтор зиён дидааст, вале зиёни дигар тоҷирони тоҷик ба маротиб бештар аст.

Бозори масолеҳи сохтмонии "Синдика" дар Маскав 150 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад ва дар он чанд ҳазор нафар кор мекунанд.

“Ин ҷо бачаҳои дигарро медонам, ки аз 20 миллион то 45 миллион рубл зиён дидаанд. Зиёда аз 50 тоҷир ҳастем, дар ин ҷо ҳамаамон зарар дидем. Бозор ҳама ҷояш сӯхт. Мо маҳсулоти майда-чуйда барои ороиши дохили хона мефурӯхтем",-гуфт ӯ.

Ин тоҷир мегӯяд, бо гузашти як рӯз ҳанӯз оқибатҳои сӯхтор бартараф нашудааст, бинобар ин, онҳоро иҷозаи ворид шудан ба дохили бозорро намедиҳанд. Маҳмадрасул Холов даҳ сол боз дар ин бозор тиҷорат дорад ва мегӯяд, сармояааш барои чархонидани тиҷорат, дар сӯхтор барбод рафт.

Худойдод Ҷумъаев, тоҷики дигаре, ки ҳамроҳ бо писарамакаш дар ин бозор тиҷорат дорад, гуфт, ҳарду 24 миллион рубл зиён дидаанд. Ӯ гуфт, тоза бо писарамакаш маҳсулот ворид карда буданд ва ҳоло аз сад як дарсадашро нафурӯхта буданд. Ин тоҷир гуфт, молу амволашон суғурта шуда буд ва умедворанд, ки ширкатҳои суғурта зиёни расидаро барояшон ҷуброн мекунанд.

Умед Холматов, тоҷири дигари тоҷик, ки аз ин сӯхтор 2 миллион рубл зиён дидааст, гуфт, дар ин бозор даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба ҳайси ёрдамчӣ кор мекарданд, ки ҳоло бекор мондаанд. “На танҳо молу маҳсулот, балки мошинҳо ҳам сӯхтанд. Шахсан, ду мошини ман дар таҳхонаи бозор сӯхт. Тоҷикон ин ҷо хеле зиёданд. Бархеашон мисли мо дӯкон доранд. Дигарон он ҷо ба ҳайси ёрдамчӣ кор мекунанд."

Ҳарчанд, худи тоҷикон зиёнашонро "даҳҳо миллион рубл" унвон мекунанд, вале омори дақиқи зиёни тоҷикон дар ин сӯхтор маълум нест. Танҳо матбуоти Русия хабар дод, ки тибқи ҳисоби пешакӣ, зарари сӯхтор панҷ миллиард рублро ташкил медиҳад. Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки талош мекунанд. То ба шаҳрвандони зиёндида кӯмаки ҳуқуқӣ расонанд.

Иброҳим Аҳмадов
Иброҳим Аҳмадов

"Мо бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин маркази тиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, дар тамос будем. Касе зарари ҷисмонӣ надидааст, вале амволи шаҳрвандони мо дар натиҷаи ин сӯхтор зарари ҷиддӣ дидааст", - гуфт Аҳмадов.

Бозори масолеҳи сохтмонии "Синдика" дар Маскав 150 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Дар натиҷаи сӯхторе, ки тахминан 16 соат идома кард, 55 ҳазор метри мураббаи ҳудуди бозор ба коми оташ рафт. Сӯхторро бо чархболҳои обпош хомӯш карданд ва ҳоло комиссияи вижаи ҳукуматӣ зарари дақиқи расидаро ҳисоб мекунад.

Хабаргузории "РИА Новости" аз зиён дидани ду нафар дар пайи ин сӯхтор хабар додааст. Бархе хабаргузориҳо шумораи маҷрӯҳонро то 4 нафар арзёбӣкардаанд. Шахсияти нафароне, ки осеби ҷисмонӣ дидаанд, ошкор намешавад. Феълан хабаре дар бораи талафоти ҷонӣ дар даст нест.

Бозори масолеҳи сохтмонии "Синдика" яке аз бозорҳои калони сохтмонӣ дар пойтахти Русия буда ва дар он ҳудуди 1000 ҳазор дӯкон ва фурӯшгоҳ ҷойгир аст. Дар пайи ин ҳодиса беш аз се ҳазор нафар аз ҷойҳои кории худ берун оварда шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG