Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорони тоҷик ба президент чӣ гуфтанд? Чӣ шуниданд? ВИДЕО, САДО


Бархе аз соҳибкорони тоҷик гуфтанд, ки дар мулоқот бо раиси ҷумҳур дигарбора масъалаи андозу тафтишҳои пайвастаи мақомот, фоизи баланди қарзи бонкӣ, бюрократия, қимати болои боҷи гумрукӣ ва мушкили убуру мурур аз роҳҳои байнимарзиро дар миён гузоштанд. Чанд масъалае, ки ба қавли онҳо ҳар соҳибкори тоҷик бо он рӯбарӯст ва агар ба зудтарин фурсат ҳал нашавад, метавонад, қомати бе ин ҳам хамидаи баъзе аз онҳоро бишканад.

Ду сол пеш низ ҳукумат барои санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ моратория эълон карда буд. Он ҳам натавониста буд, монеаҳоро аз роҳи соҳибкорон бардорад

Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо соҳибкорон, моликони корхонаву ширкатҳо ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ рӯзи 14-уми октябр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шуд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз мақомоти кишвар хост, ки аз дахолат ба кори соҳибкорон даст бардоранд. Ӯ тафтишҳои пайваста ва санҷишҳои бидуни асоси фаъолияти соҳибкорон ва, инчунин, фоизҳои баланди қарзи бонкҳоро аз мониаҳои рушди иқтисод дар кишвар донист.

Соҳибкорони тоҷик ба раиси ҷумҳур чӣ гуфтанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:56 0:00
Линки мустақим

"Президент гуфт, ки ҳалол кор кунед, ҳалол хӯред"

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Соҳибкори тоҷик Саидусмон Санавбаров пас аз берун омадан аз ин ҷаласа гуфт, “воқеан, дам ба дам омадани мақомоти гуногун барои як соҳибкор миёншикан аст”. Ӯ гуфт, “ба хотири фаъолияти шаффофи соҳибкорон ва ҷилавгирӣ аз ҳамагуна санҷишҳои беасос раиси ҷумҳур пешниҳод кард, ки ҳар соҳибкор замони тафтишҳоро дар дафтари махсус сабт кунад.”

Санавбаров гуфт, раиси ҷумҳур дар айни замон аз соҳибкорон хостааст, аз ироаи баъзе сабукиҳо фориғбол набошанд ва аз пардохти андоз сарпечӣ накунанд. “Хулоса президент гуфт, кори худро ҳалол кунед ва нони ҳалол хӯред”, - афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

Ҳарчанд иддае аз соҳибкорон дар мулоқоти рӯзи 14-уми октябр бо раиси ҷумҳур ҳама мушкилоташонро матраҳ кардаанд, бархеи дигар натавонистаанд, арзи худро мустақим бирасонанд. Бархе аз соҳибкорон гуфтанд, ки онҳо қаблан арзу доди худро дар шакли нома ба мақомот фиристода буданд ва акси садои баъзе пешниҳодашонро дар ин мулоқот шуниданд.

Ба мусофиркашонҳо кай сабукӣ медиҳанд?

Шӯрои беҳтаргардонии фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон, ки масъули беҳбуди вазъи соҳибкориву сармоягузорӣ аст, тақрибан як моҳи пеш аз соҳибкорон даъват карда буд, арзу шикояти худро ба таври хаттӣ ва асоснок ирсол кунанд. То ҳол маълум нест, чӣ қадар номаву шикоят ва пешниҳод ба ин Шӯро ворид гардидааст.

Фароғат Иброҳимова, раиси ширкати мусофиркашонии “Аэлита” дар Хуҷанд, гуфт, ба далели зиёд будани иштирокдорон ӯ натавонист масъалаи мавриди назарашро ба раиси ҷумҳур бигӯяд. Аммо бовар дорад, ин мавзӯъ аз роҳҳои дигар то ба гӯши ӯ хоҳад расид.

“Пешниҳоди ман ин буд, ки ба ронандагон дар мавриди муоинаи техникии мошинҳо, гирифтани рақами давлатӣ ва хадамоти дигари воситаҳои нақлиёт сабукӣ дода шавад. Ҳоло барои таҳияи ҳуҷҷати нақлиёт як ронанда то 1200 сомонӣ харҷ мекунад, ки ин гарон аст. Агар дар ин самт сабукӣ дода шавад, ширкатҳои мусофиркашонӣ метавонанд, воридоти мошинҳоро аз хориҷ ба роҳ монда, сифати хадамотро беҳтар намоянд”, - гуфт ӯ.

"Аз маҳдудиятҳо дар гузаргоҳи Қулма-Қаросӯ гуфтем"

Намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ низ дар ин мулоқот иштирок доштанд
Намояндагони созмону кишварҳои хориҷӣ низ дар ин мулоқот иштирок доштанд

Дар ин мулоқот, инчунин, соҳибкорон аз мушкили роҳ то Чин суҳбат кардаанд. Боймамад Алибахшов, раҳбари Анҷумани соҳибкорони вилояти Бадахшон, гуфт, ҳанӯз маҳдудиятҳо дар гузаргоҳҳои байнимарзӣ, аз ҷумла Қулма-Қаросӯ вуҷуд дорад ва барои наздикии роҳу харҷи ками тоҷирон бояд ин маҳдудият рафъ гардад. Ба қавли ӯ, “президент баъд аз шунидани ин масъала ба мақомоти дахлдор барои баррасиаш дастур дод”.

Видео: назари соҳибкорон

Натиҷагирии соҳибкорон аз мулоқот бо Президенти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, чунин мулоқот метавонад, то ҳадде мушкилот дар бахши соҳибкорӣ ва сармоягузориро ошкор ва бахше аз онҳоро ҳал кунад. Аммо, ба қавли онҳо, вази соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон замоне комилан беҳбуд меёбад, ки “дастури президент ва ҳам қонунҳои кишвар дар амал татбиқ шаванд.”

"Ду сол пеш моратория эълон шуд, мушкил нашуд"

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик, гуфт, мушкилҳое ки президент дар мулоқоти рӯзи шанбе иброз дошт, маъмулан мисли гузашта дар асоси шикояти зиёди соҳибкорон таҳия шудааст. “Вале ду соли пеш низ ҳукумат барои санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ моратория эълон карда буд. Он ҳам натавониста буд, ки монеаҳоро аз роҳи соҳибкорон бардорад”, - хулоса кард ӯ.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шуда, саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 60 дарсад бештар аст. Аммо Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил аст, ки сатҳи андозбандӣ ё молиёт дар он кишварҳо хеле болост. Бар асоси арзёбии созмони “Тотал текс рейт”, мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нишондод натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин буда, бори гароне бар дӯши соҳибкорону сармоягузорон аст.

XS
SM
MD
LG