Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзҳои бебаркаш. Гирифтан саҳлу додан – мушкил. САДО


Наздик ба нисфи муштариёни бонкҳои Тоҷикистон қарзҳои аз бонк гирифтаашонро саривақт бозпас надодаанд. Қарзи саривақт напардохтаи муштариён ба бонкҳо дар Тоҷикистон ҳоло ба 4 миллиарду 100 миллион сомонӣ расидааст.

“Муштариҳо гунаҳкоранд”

Бисёре аз нафароне, ки пули бонкро дода наметавонанд, мегӯянд, тиҷораташон омад накард. Фарз кардем, мераванд дар бозор як либосро мебинанд ва мегӯянд ман инро аз Туркия меорам ва болояш пул монда мефурӯшам. Аммо ҳисоб намекунанд, ки ин тиҷорат даҳҳо хароҷоти дигар дорад

Дар бюроҳои таърихи қарзӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, гунаҳкори асосӣ худи муштариён ҳастанд, ки “бидуни андеша ва як барномаи мушаххас” аз бонкҳо бебаркаш қарз гирифта, дар бозгардони он оҷиз монданд.

Дар як санаде, ки бонки олмонии Raiffeisen Вank International рӯзи 18-уми сентябр бар пояи маълумоти Бонки Миллӣ ва Вазорати молияи Тоҷикистон омода кард, гуфта мешавад, ки ба ҳолати аввали соли равон 47,6 дарсади муштариён қарзи худро сари вақт пардохта натавонистаанд. Ба ин 47 дарсад муштариён онҳое шомил шудаанд, ки муҳлати пардохти қарзашон дар назди бонк аз 30 рӯз бештар таъхир шудааст.

Дар ин санад, ки ба хотири шарҳи вазъияти бонкҳои Тоҷикистон ба сармоягузорони хориҷӣ нашр шудааст, гуфта мешавад, шумораи қарзҳои саривақт пардохтношуда дар бонкҳои кишвар аз соли 2012 ба ин сӯ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Гуфта мешавад, қарзҳое, ки муштариён ба бонкҳо саривақт боз пас надодаанд, дар соли 2012 ҳамагӣ 9,1 дарсад буд. Аммо то анҷоми соли 2016 шумори муштариёне, ки қарзҳои худро ба бонкҳо дар муҳлаташ бозпас надодаанд, ба 47,7 дарсад расид.

“Меоӣ, боз пул нест”

Эълони мизони қарздории сокинон аз бонкҳо дар ҳолест, ки cадҳо муштарии бонкҳо дар Тоҷикистон баръакс наметавонанд маблағҳои пасандози худро бозпас бигиранд. Бештари пасандоздорон аз бонкҳои дучори мушкили “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва бонки варшикастаи “Тоҷпромбонк” шиква доранд, ки моҳҳо боз наметавонанд пасандози муштариёнашонро бозпас бидиҳанд.

Ҳафиз Рабиев яке аз онҳост. Ин сокини Душанбе рӯзи 19-уми сентябр мегӯяд, ҳаждаҳ ҳазор сомонӣ амонаташро, ки аз заҳматҳои писарон дар Русия ҷамъ кардааст, дар бонк гузошта буд, вале имрӯз пулҳояшро пурра бозпас гирифта наметавонад. Ӯ гуфт, “ҳар рӯз ба назди бинои бонк меравам. Пагоҳ-фардо гуфта ваъда медиҳанд. Меоӣ, боз пул нест. Як рӯз мегӯянд, “биёед, 400 сомонӣ медиҳем”. Меоем, ки 200 сомонӣ медиҳанд.”

Рабиев мегӯяд, пасандози гузоштаашро бонк қисм-қисм карда ба ӯ медиҳад, ки ночиз шуда ба гуфтаи ӯ “баракаташ мепарад”.

Тоҷирони бидуни таҷриба

Аммо коршиносон ва донандагони умури молия дар Тоҷикистон мегӯянд, яке аз сабабҳои дучори мушкил шудани бархе бонкҳо ва варшикаста шудани баъзеи дигар боз худи муштариён ҳастанд, ки бидуни андеша ва барномаи мушаххасе аз бонкҳо қарз гирифта, дар бозгардони он оҷиз монданд. Мутахассисон мегӯянд, шаҳрвандоне, ки пой ба роҳи бизнесу тиҷорат мегузоранд, бисёр вақт бидуни донишу таҷриба ба ин кор мераванд ва дар ниҳоят, муфлис ва қарздор мешаванд.

Дар Тоҷикистон айни замон 15 бонк ва 34 ташкилоти амонатии қарзии хурд амал мекунанд.

Манучеҳр Абдусамадзода, роҳбари “Бюрои қарзиву иттилоотии Тоҷикистон” рӯзи 19-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз муштариён қабл аз қарз гирифтан аз бонк дар мавриди ба куҷо равона кардани ин маблағ андеша намекунанд.

Ӯ гуфт, “бисёре аз нафароне, ки пули бонкро дода наметавонанд, мегӯянд, тиҷораташон омад накард. Фарз кардем, мераванд дар бозор як либосро мебинанд ва мегӯянд ман инро аз Туркия меорам ва болояш пул монда мефурӯшам. Аммо ҳисоб намекунанд, ки ин тиҷорат даҳҳо хароҷоти дигар, пули интиқоли бор, боҷи гумрукӣ, иҷораи дӯкон ва андоз дорад. Дар натиҷа, ноком шуда мегӯянд, фазои соҳибкорӣ хуб нест.”

Абдусамадзода афзуд, аз ин рӯ бо сарпарастии IFC онҳо дар Тоҷикистон лоиҳаи саводнокии молиявиро роҳандозӣ мекунанд, ки ҳадаф дорад аз беҳуда қарзгирии сокинон аз бонкҳо ҷилавгирӣ кунад.

Дар Тоҷикистон айни замон 15 бонк ва 34 ташкилоти амонатии қарзии хурд амал мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG