Пайвандҳои дастрасӣ

Як қарори Бонки миллӣ пардохти закотро барои бонкҳое, ки мехоҳанд бо усули бонкдории исломӣ фаъолият кунанд, ҳатмӣ кард. Ин қарори Бонки миллӣ ҳарчанд дар охири соли гузашта содир шудааст, аммо ба тозагӣ бо ба нашр расидан дар нашрия расмию давлатии “Ҷумҳурият”, қувваи қонунӣ гирифта, ба иҷро доромад.

Унвони ин қарор “Тартиби табдилдиҳии ташкилоти қарзии анъанавӣ ба ташкилоти қарзии исломӣ” буда, аз 7 боб иборат аст. Маҳз боби 7-уми ин қарор ба пардохти закот рабт мегирад. Дар он гуфта мешавад, агар шахсони беруна бонки анъанавиро ба хотири табдил додан ба бонки исломӣ харидорӣ кунанд, пас онҳо аз замони таъсиси расмии бонки исломӣ, барои пардохти закот ӯҳдадор хоҳанд шуд.

Тибқи қарори Бонки Миллӣ, агар шахсони беруна бонки анъанавиро ба хотири табдил додан ба бонки исломӣ харидорӣ кунанд, пас онҳо аз замони таъсиси расмии бонки исломӣ, барои пардохти закот ӯҳдадор хоҳанд шуд.

Закот- яке аз аркони панҷгонаи ислом ба шумор меравад, ки афроди дороро муваззаф мекунад, қисме аз даромадашонро ба фоидаи фақирону мискинон хайр кунанд. Дар Тоҷикистон ҳар сол Шӯрои уламо қабл аз шурӯи моҳи Рамазон нисоби закот ва ё ҳадди дороие, ки аз он супоридани закот ҳатмӣ мешавад, эълон мекунад. Барои мисол, дар соли гузаштаи 2016 ин шӯро мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закотро 17 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда буд, ки аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки исломӣ.
Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки исломӣ.

Аммо ин боби қарор мегӯяд, агар саҳмдорони бонки анъанавӣ, афроди дохилӣ бошанд, онҳо ӯҳдадоранд барои даромадҳои пешинаашон нахуст закотро пардохт кунанд ва баъдан аз фоизҳо ва даромадҳои манъшуда даст кашанд. Манзур аз даромадҳои манъшуда, ҳамагуна додуситад ва гирифтани суд аз қарзҳо аст, ки мувофиқи шариат “рибо” эътироф шуда, ҳаром дониста мешаванд.

Тоҷикистон ҳанӯз соли 2014 бо қабули қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ”, заминаи ҳуқуқиро барои таъсиси бонкҳои исломӣ фароҳам карда буд. Аммо то ин замон санадҳои зерқонунии бонкдории исломӣ аз сӯи Бонки миллӣ таҳия нашуда буданд ва ин аст, ки дар ин муддат ягон бонки исломӣ дар Тоҷикистон фаъол нашуд. Аммо бо содир шудани ин қарор, заминаи комили ҳуқуқӣ барои таъсиси як бонки исломӣ, фароҳам шуд.

То ин замон танҳо як бонк дар Тоҷикистон - “Тоҷиксодиротбонк” аз нияташ ҷиҳати гузаштан ба усули бонкдории исломӣ хабар дода буд. Соли 2015, Тоҷиддин Пирзода, роҳбари “Тоҷиксодиротбонк” дар як матлаб дар рӯзномаи дохилии ин бонк навишта буд, “мардуми Тоҷикистон бинобар ақидаҳои мазҳабӣ аз нигоҳдории сармояашон дар бонкҳои маъмулӣ худдорӣ меварзанд.” Чунки ба таъкиди Пиров, бонкҳои маъмулӣ бо баҳра ва фоиз қарз медиҳанд ва ин дар ислом "рибо" дониста мешавад.

Тоҷиддин Пирзода.
Тоҷиддин Пирзода.

Ҷаноби Пирзода бо ситоиши усули кори бонкҳои исломӣ навишта буд, бӯҳрони молиявии соли 2008 собит сохт, ки бонкҳои исломӣ дар қиёс бо бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳронҳо устуворанд ва ҳатто дар шароити бӯҳрон низ рушд карданд. Вай гуфтааст, ки баъд аз гузариши “Бонки рушди Тоҷикистон” бо усули бонкдории исломӣ “Тоҷиксодиротбонк” низ эҳтимолан ба ин усули бонкдорӣ гузарад.

Чун “Тоҷиксодиротбонк” тайи соли охир давраи сахтеро паси сар кард ва танҳо кӯмаки 2 миллиард сомони давлат ин бонкро аз варшикастагӣ наҷот дод, ҳамакнун маъмурияти бонк гузаштан ба низоми бонкдории исломиро роҳи наҷоти бонк медонанд. Қаблан Бонки исломии рушд ва фондҳои сармоягузории чанде аз кишварҳои арабӣ ба мисли Кувейт ва Қатар гуфта буданд, ки танҳо дар сурате метавонанд ба бонкҳои Тоҷикистон қарз бидиҳанд, ки онҳо ба усули бонкдории исломӣ гузаранд.

Коршиносон мегӯянд, ки танҳо эълони гузариш ба бонкдории исломӣ, кафолати ба Тоҷикистон сарозер шудани сармояҳои кишварҳои исломӣ ва ё арабиро надорад.

Аммо коршиносони тоҷик мегӯянд, ки танҳо эълони гузариш ба бонкдории исломӣ, кафолати ба Тоҷикистон сарозер шудани сармояҳои кишварҳои исломӣ ва ё арабиро надорад. Шамсиддин Ҷалолов, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон рӯзи 20-уми март дар сӯҳбат ба “Озодӣ” дар ин робита гуфт: “Сармоядорони кишварҳои исломӣ содда нестанд. Пеш аз оне, ки онҳо бо бонкҳои мо кор кунанд, рейтинги бонкҳоро месанҷанд, назарпурсӣ мегузаронанд. Дурнамо ва нақшаҳои бонкҳо ҳамаҷониба месанҷанд. Ин хел нест, ки мо имрӯз бонки исломӣ эълон кунему онҳо пул диҳанд. Ин гуна интизориҳо аз афсонае беш нестанд.”

Ба фарқ аз бонкҳои маъмулӣ, ки тиҷораташон бар пояи гирифтани фоизи ҳатмӣ аз хидматрасониҳояш ба муштариён, аз ҷумла бар пояи фоизи қарз аст. Бонки исломӣ аз тариқи роҳҳои муҷозе, чун музораба, танҳо ба фоидаи шарикаш, ки аз бонк сармоя ба даст меорад, шарик мешавад. Яъне дар бонкдории исломӣ ҳам фоида ва ҳам зарар байни бонк ва муштарӣ тақсим мешавад. Дар низоми бонкдории маъмулӣ бонк дар зарари муштарӣ шарик нест ва ҳатто дар сурати варшикаста шуданаш ҳам фоизи худро мерӯёнад.

Бонкҳои исломӣ бахусус дар пасманзари бӯҳрони иқтисодии соли 2008, ки як сабаби асосиаш қарзҳои бонкӣ гуфта мешуд, шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Дар ҷараёни он бӯҳрон ба фарқ аз бонкҳои ғарбӣ, ки пайиҳам варшикаста мешуданд, ягон бонки исломӣ дучори расвоӣ нашуд. Баъди он бӯҳрон, бисёре аз бонкҳои ғарбӣ ҳам дар таркиби худ бахшҳои алоҳидае боз карданд, ки бо меъёрҳои бонкдории исломӣ кор мекунанд. Чунин шӯъбаҳои исломӣ ҳоло дар таркиби бонкҳои бузурге, чун “Дойче банк”-и Олмон ва бонкҳои бузургтарини Бритониё фаъолият доранд.

Тоҷикистон пас аз гирифтори бӯҳрон шудани чор бонк, аз ҷумла ду бонки бузургаш “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” пайваста талош мекунад аз созмонҳои байналмилалии молӣ сармоя ҷалб кунад. Аз ҷумла Бонки миллӣ бо Сандуқи байналмилалии пул ҷиҳати ҷалби то 500 миллион доллар қарзи имтиёздор ду сол боз талош дорад, ҳарчанд ҳанӯз ба ин муваффақ нашудааст.

Ҳамин тариқ Бонки миллӣ барои наҷоти бонкҳои тиҷоратӣ талош дошт сармояҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро ҷалб кунад. Аммо зоҳиран ин созмонҳои байналмилалӣ дар ивази қарз ва ё сармоя ҳамеша чанд пеш шарт ва ё талаби гузаронидани ислоҳотро пеш мегузоранд. Ин аст, ки давлати Тоҷикистон бо вуҷуди муносибати начандон ҳамвораш бо дин, талош дорад сармояи кишварҳои исломиро ба кишвар ҷалб кунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG