Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бонки исломии Тоҷикистон ба зудӣ боз мешавад


“Бонки Рушди Тоҷикистон” (БРТ) бо бахши хусусии Бонки Исломии Рушд барои ҷорӣ намудани бонкдории комили исломӣ дар Тоҷикистон созишнома имзо кард.

Қарордоди байни “Бонки Рушди Тоҷикистон” ва бахши хусусии Бонки Исломии Рушд, ки Islamic Corporation for the Development of the Private Sector (ICD) номида мешавад, ҳамкории дуҷонибаро барои татбиқи усули исломии бонкдорӣ, муайян кардани мушкилот ва роҳи ҳалли онҳоро дар Тоҷикистон фаро гирифтааст.

ICD тасмим гирифтааст, дар ин раванд 7 тими мушовирони худро ба кӯмаки “Бонки Рушди Тоҷикистон” сафарбар кунад. Онҳо дар бахшҳои мудирияти барномаи гузор, мутобиқат бо шариати исломӣ, хазинадорӣ, муҳосиба, кадрҳо, фанновариҳои иттилоотӣ, бозорёбӣ ва чаҳорчӯби қонунгузорӣ фаъолият хоҳанд кард.

Ин иҷрои марҳалаи асосии барномаи табдили “Бонки рушди Тоҷикистон” ба як бонки сирф исломист, ки аз тарафи “Тоҷиксодиротбонк” тарҳрезӣ шудааст. “Тоҷиксодиротбонк” ҳанӯз баъд аз харидани БРТ дар моҳи декабри соли 2011 эълом дошта буд, ки онро ба нахустин намунаи комили бонкдории исломии Тоҷикистон табдил хоҳад дод.

Мудири кулли бахши хусусии Бонки Исломии Рушд, Холид ал-Абудӣ аз имзои қарордод миёни ниҳоди зери сарварияш ва “Бонки Рушди Тоҷикистон” изҳори қаноатмандӣ кард ва гуфт: “Мо хеле хушем, ки яке аӯз бонкҳои пешсаферо дар ин риштаи бонкдории исломӣ пуштибонӣ мекунем ва бовар дорем, ин барнома дари бисёре аз ниҳодҳоро барои ҳамсоз кардани амалиёти худ бо меъёрҳои шариат боз хоҳад кард.”

Раиси кулли “Тоҷиксодиротбонк” ва раиси Шӯрои мудирони “Бонки Рушди Тоҷикистон”, Тоҷиддин Пирзода гуфт, бонкдории исломӣ яке аз усули мусбати хадамоти бонкист. Вай аз кӯмаки Бонки Исломии Рушд дар ин замина, ки маънии имдод ба соҳибкории хуруд миёна ва аҳолии Тоҷикистон аст, изҳори сипос намуд.

Имзои қарордод миёни “Бонки Рушди Тоҷикистон” (БРТ) ва бахши хусусии Бонки Исломии Рушд барои ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ БРТ-ро ба аввалин бонки исломии Тоҷикистон табдил хоҳад дод. Бо назардошти мазҳабӣ ва пойбанд ба аҳкоми шариат будани як тоифа аз соҳибкорони хурду миёна дар кишвар, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, бонки исломӣ дар Тоҷикистон зуд муштарии зиёд пайдо хоҳад кард.

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкдорӣ, мегӯяд, афроде, ки бо қоидаҳои шариати исломӣ зиндагӣ ва тиҷорат мекунанд, моил ба принсипҳои бонкдории исломӣ ҳастанд, то ба бонкҳои маъмулӣ. Ин коршиноси тоҷик ба масъалаи бартариҳои низоми бонкдории исломӣ ҳам таъкид карда, аз ҷумла гуфт: "Хонаводаҳое, ки суннатиянд, пасандози худро дар бонкҳои муқаррарӣ гузоштан намехоҳанд. Дар сурати ба кор шурӯъ кардани чунин бонк, ҳамин афрод ба системаи бонкӣ ҷалб мешаванд. Чунки яке аз хосиятҳои аслии бонки исломӣ дар ҳамин аст, ки дар ин ҷо баҳра нест”.

Азбаски «баҳра» дар бонкҳои исломӣ амали нораво дониста мешавад, бинобар ин бонк низ ҳамеша шавқманди фоида дидани шарики кораш аст. Дар низоми бонкдории муқаррарӣ ё аврупоӣ бошад, баръакс дар ҳар сурат риск пурра бар дӯши соҳибкор аст, ки бояд баҳраи бонкро пардохт кунад. Ҳатто дар сурати муфлис ё банкрот шудани соҳибкор ё нафари қарзгиранда, моликияти он ба монанди хона, мошин ва ғайра ба суди бонк ситонида мешавад.

Аммо ин дар ҳолест ки тибқи талаботи бонкдории исломӣ, агар нафаре хоҳад, пасандози худро дар бонк гузорад ва бонк ба мушкили молӣ рӯ ба рӯ шуда, имкони бозпас додани пасандози муштарии худро надошта бошад, мизоҷ низ дар шикастҳои бонк шарик мешавад ва ҳаққи даъвои бозпас гирифтани пасандозашро надорад.

Пеш аз ин, Тоҷиддин Пирзода дар як матлаб дар рӯзномаи дохилии ин бонк навиштааст, мардуми Тоҷикистон бинобар ақидаҳои мазҳабӣ аз нигоҳдории сармояашон дар бонкҳои маъмулӣ худдорӣ меварзанд. Чунки ба таъкиди Пиров, бонкҳои маъмулӣ бо баҳра ва фоиз қарз медиҳанд ва ин дар ислом рибо дониста мешавад.

Ҷаноби Пирзода бо ситоиши усули кори бонкҳои исломӣ гуфтааст, бӯҳрони молиявии соли 2008 собит сохт, ки бонкҳои исломӣ дар қиёс бо бонкҳои маъмулӣ дар баробари бӯҳронҳо устуворанд ва ҳатто дар шароити бӯҳрон низ рушд карданд. Вай гуфтааст, ки баъд аз гузариши “Бонки рушди Тоҷикистон” бо усули бонкдории исломӣ “Тоҷиксодиротбонк” низ эҳтимолан ба ин усули бонкдорӣ гузарад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, бонкдории исломӣ танҳо барои тоҷироне муфид хоҳад буд, ки амволе барои ба гарав мондан ва гирифтани қарз надоранд. Константин Бондаренко, роҳбари “Маркази бозори озоди Тоҷикистон” дар ин робита мегӯяд: “Вақте бонки исломӣ қарз медиҳад, вай ба бизнеси соҳибкор шарик мешавад ва суде, ки бонк аз ин шарикӣ мебинад, дар аксари маврид аз фоизҳои бонкҳои маъмулӣ камтар нест. Албатта, ин шеваи кор барои он соҳибкороне, ки тоза ба кор шурӯъ кардаанд ва чизе барои гарав мондан надоранд, муфид аст. Аммо барои соҳибкорон ва ширкатҳои таҷрибардор ин усул чандон писанд нахоҳад омад, чунки онҳо намехоҳанд, ки бонк бизнеси онҳоро контрол кунад.”

XS
SM
MD
LG