Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷиддин Пирзода: "Мо ҷазои худро гирифтем" ВИДЕО


Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода, раиси “Тоҷиксодиротбонк”, дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи молии бонкаш дар муқоиса ба тақрибан ду соли пеш беҳтар шуда, талош дорад, то охирин дирами муштариҳоро баргардонад. Ин сӯҳбат охири ҳафтаи гузашта сурат гирифт.

Ман аз Тоҷикистон ҳеҷ куҷо рафтанӣ набудам ва нестам. Чунки ман ба худам бовар дорам. Ман ҳар чӣ кардам барои Ватанам кардам ва дар дохили Тоҷикистон кардам. Сад бори дигар тафтиш кунанд, мо барои ватанамон кардем
  • “Тоҷиксодиротбонк” охири соли 2015 ба мушкил печид ва натавонист, саривақт пули муштариёнашро пардохт кунад. Ин вазъ ба навбати тӯлонӣ ва норизоятҳо аз бонк сабаб гардид. Тоҷиддин Пирзода дар ин сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар бораи вазъи бонкаш дар як соли гузашта ва роҳҳои пардохти пули муштариҳоро баён дошт.

Навори видео дар инҷост:

Тоҷиддин Пирзода: "Мо ҷазои худро гирифтем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:07 0:00

Тоҷиддин Пирзода: “Вазъи молии “Тоҷиксодиротбонк” нисбат ба охири соли гузашта хеле беҳбуд ёфтааст. Бо ҳимояти президент ва бино ба қарори ҳукумат моҳи декабри соли гузашта ба бонкҳои низомсоз, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк”, кумаки молӣ карда шуд. Имрӯз шароити молии бонк хуб аст, аммо он пулҳое, ки аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо шуд, басанда набуд, то ҳамаи мушкилотро ҳал кунем. Яъне, 60 дар садро мепӯшонд. Боқӣ мо бояд кор кунем. Аз ҳисоби қарзҳо ва фурӯши амвол маблағро баргардонем. То кунун беш аз 65 дар сади амонатгузорон маблағи худро гирифтаанд ва бақия давра ба давра тибқи ҷадвале, ки таҳия шудааст, хоҳанд гирифт. Як стратегияи панҷсоларо низ таҳия кардем, ки аз 27 боб иборат аст. Дар ин стратегия нишон додем, ки муштариён кай маблағашонро пас мегиранд ва кадом замон вазъи бонк беҳбуд меёбад.”

“Гурӯҳҳои алоҳида барои муфлис кардани бонк хидмати хирсона карданд”

Радиои Озодӣ: Аммо сабаби суқути “Тоҷиксодиротбонк” дар чанд моҳи пеш дар чӣ буд? Оё ба ин назар розӣ ҳастед, ки муфлис шудани бонк гӯё сунъӣ буд ва дар натиҷаи рақобати носолим ба миён омад?

Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Тоҷиддин Пирзода
Лаҳзае аз сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода: “Албатта, дар ҳар навъ тиҷорат масъалаи “проблемаи сунъӣ” матраҳ аст. Аммо чанд проблемае ҳаст, ки бояд зикр кунем. Мушкили бонкӣ аз соли 2008 шурӯъ шуд. Албатта, он замон мо проблемаҳоро ба хубӣ пушти сар кардем. Чун давлати мо хурд аст, бонкҳо низ ҳамин тавр, ва ба ин далел буҳрони соли 2008 таъсири зиёде нарасонд. Аммо буҳронҳои баъдӣ таъсири бештаре ба бонкҳо, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” расонд. Дар мавриди “проблемаҳои сунъӣ”. Қабл аз фаъолияти мудирияти муваққат баъзе нафарон дар ҷайбашон корти бонкҳои дигар ба “Тоҷиксодиротбонк” омада, аз мардум даъват карданд, ки биёед ба бонк ворид шавем ва маблағҳоямонро бозпас гирем. Чун мегуфтанд, ки бонк муфлис мешавад. Агар ин гуна корҳо аз охири соли 2015 шурӯъ шуда бошад, то моҳи сентябри соли 2016 аз кортҳои пардохтии мо 110 миллион сомонӣ муштарӣ маблағи нақд гирифтанд. Танҳо дар соли 2015 банкоматҳои мо ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ пур шуд. Ин маблағи хеле бузурги нақдӣ аст ва мардум аз банкоматҳо дастрас мекарданд. Албатта, нишонаҳои “ажиатаж” ва ба таври сунъӣ ташкил кардану омада пулҳои нақдро аз банкоматҳо бардоштан, далели поён рафтани пардохтпазирӣ гардид. Ин ҳам сабабаш дар он аст, ки баъзе нафарон сохтакорӣ карда, мардумро ба воҳима андохтанд, ки “бонкҳо, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” аз байн мераванд, пулатонро бозпас гиред.” Ин буд, ки вазъ боз бадтар шуд ва вазъи пардохтпазирӣ то охири соли 2016 ба 3-4 дар сад поин рафт. Мо пули мардумро пардохт карда наметавонистем ва аз зиёд омадани мардум ба бонк, ҷамъ шудани нафарони иғвогар дар атрофи бонку филиалҳо бо “байрақҳо” дар даст сабаби ба вуҷуд омадани мудирияти муваққатӣ гардид.”

Вақте гурӯҳҳои алоҳида корт ва “байрақҳо” дар даст ба бонк меомаданд, ҳадаферо дунбол мекарданд. Ман намегӯям, ки ин гуна корҳо нисбат ба шахсияти Тоҷиддин Пирзода ва ё бонк буд, вале дар асл буд ва вуҷуд дошт

Рашки рақибон?

Радиои Озодӣ: Худатон дар бораи “ажиатаж” ё бебандуборӣ дар атрофи бонк сӯҳбат кардед. Ҳадаф аз ин кор чӣ буд? Аз байн бурдани Тоҷиддин Пирзода аз майдони тиҷорат ва соҳаи бонкӣ ё барҳам задани фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк”?

Тоҷиддин Пирзода: “Вақте дар бозор меравӣ, рақиб кӯшиш мекунад, ки фарди боқувват дар паҳлӯяш набошад. Роҳе ёфта кӯшиш мекунад, то маҳсулоташ ба фурӯш равад ва дигарон кор карда натавонанд. Аммо ба пиндори ман рақобат бояд солим бошад. Барои ин бояд хидматрасонӣ хуб бошад, корҳои босифат ва ҳамзамон бозоргир дар сатҳи байналмилалӣ бошад, ки дар тамоми дунё мавриди истифода қарор гирад. Ин буд, ки 30 дар сади кортҳои VISA ба мо тааллуқ дорад ва мо яке аз аввалинҳо шуда, ҳамкориро бо VISA корт оғоз кардем. Ҳатто раиси собиқи Бонки миллӣ дар яке аз вохӯриҳо гуфтанд, ки Шумо функсияи “Амонатбонк”-ро иҷро кардед ва мардумро бо маош таъмин намуда, онҳоро меомӯзонед ва ҳатто тамоми нафақагирон ба воситаи кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” маошашонро дарёфт мекарданд. Кормандони тамоми вазоратҳо, аз ҷумла вазоратҳои қудратӣ, тариқи кортҳои мо сарукор доштанд. Бо онки муштариён маошро бо сомонӣ дарёфт мекарданд, аммо дар хориҷи кишвар бо истифода аз кортҳои “Тоҷиксодиротбонк” пули он кишварро мегирифтанд. Албатта, чунин сатҳи хадамот ва шароити мусоид рашки рақибони моро овард. Аммо аз тарафи дигар мо бояд заифӣ намекардем, ҳушёр мешудем ва риск ё хавфҳои бонкиро фикр мекардем ва ҷилави онро мегирифтем. Шояд дар ин ҷо аз тарафи мо низ хатоӣ шудааст. Албатта, вақте ки гурӯҳҳои алоҳида корт ва “байрақҳо” дар даст ба бонк меомаданд, ҳадаферо дунбол мекарданд. Ман намегӯям, ки ин гуна корҳо нисбат ба шахсияти Тоҷиддин Пирзода ва ё бонк буд, вале дар асл буд ва вуҷуд дошт.”

“Аз Тоҷикистон ҷое рафтанӣ нестам”

Радиои Озодӣ: Ҳангоми таъини раҳбарияти муваққат сарусадоҳо буд, ки гӯё Шумо як муддат ба хориҷа рафта бошед ва эҳтимол дорад, дар ҳолати ранги дигар гирифтани кор дигар барнагардед. Мехоҳем донем, ки воқеан Шумо дар ин давра аз ояндаи норӯшани бонк ва худатон ба ҳайси соҳибмулк нигарон будед?

Бинои марказии "Тоҷиксодиротбонк"
Бинои марказии "Тоҷиксодиротбонк"

Тоҷиддин Пирзода: “Ман дар муддати қариб ҳафт моҳи фаъолияти мудирияти муваққат дар Тоҷикистон будам. Албатта, дар ин муддат ду - се сафар ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русияву Чин ва кишварҳои арабӣ доштам. Танҳо ба хотири беҳбудии бонк сафарҳоям 3 – 4 рӯзро дар бар мегирифт, на зиёда аз ин. Ҳамаи сафарҳоям аз як ҳафта тӯл накашид ва дар ин сафарҳо масоили бонкӣ ва ҷалби сармоя матраҳ буд, на чизи дигар. Фақат нигарониям аз як чиз буд: “Мардум кай пулашонро мегиранд?” Ман аз Тоҷикистон ҳеҷ куҷо рафтанӣ набудам ва нестам. Чунки ман ба худам бовар дорам. Ман ҳар чӣ кардам барои Ватанам кардам ва дар дохили Тоҷикистон кардам. Сад бори дигар тафтиш кунанд, мо барои ватанамон кардем: ворид кардем, сохтем ва бунёд кардем дар Тоҷикистон.”

“Боре ҳам бозпурсӣ нашудам”

Радиои Озодӣ: Дар муддати тақрибан ҳафт моҳ нисбат ба Шумо тафтиш ва бозпурсӣ сурат гирифт ё на?

Тоҷиддин Пирзода: “Нисбат ба ман ягон бозпурсӣ набуд. Фақат ду тафтиши аудиторӣ аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фармоиш шуда буд. Аммо на ба хотири тафтиши Пирзода. Ин тафтиши бонк ба хотири ҷалби сармоя сурат мегирифт. Мо ҳамзамон стратегияе, ки имрӯз кор мекунем ва шомили 27 банд аст, тақрибан 30 – 40 дар сади онро таҳия кардем, як нусха ба ҳукумати Тоҷикистон, шахси муовини аввали сарвазири кишвар, як нусха ба муовини аввали раиси Бонки миллӣ ва як нухса ба раҳбарияти мудирияти муваққат супоридем, то онҳо бар асоси ҳамин санад фаъолият кунанд. Мо оффис ё дафтар доштем, тими мо, ки аз муовинон ва кормандонамон таркиб ёфта буд, ҳар рӯз меомаданд ва таклифу пешниҳодҳоро ироа мекарданд ва дар ниҳоят стратегияро таҳия кардем. Баъзе муовинҳои ман омада, бо мудирияти муваққат вомехӯрданд, нисбат ба баргардонидани қарзҳо суҳбатҳо анҷом медоданд. Ман худам ба бонк наомадам, аммо як – ду дафъа бо мудирияти муваққат сӯҳбат кардам, як – ду даъфаи дигар бо раҳбарияти Бонки миллӣ, бо шахси раиси Бонк мулоқот намудам, вале муддати 6 моҳу 24 рӯз ба бонк барнагаштам.”

“Қисмате аз саҳмияҳоро аз даст медиҳем”

Тоҷиддин Пирзода
Тоҷиддин Пирзода

Радиои Озодӣ: Пас, Шумо ва тиматон дар ин муддат бо мудирияти муваққат ҳамкорӣ кардед ва дида мешавад, нисбат ба тақдири бонк бетафовут набудед. Дар ин сурат чӣ ҳоҷате буд, ки мудирияти муваққат ташкилу таъин шавад? Намешуд, ки худатон кор кунед? Шояд то ин ҳад мушкил намешуд? Мумкин аз он вазъияте, ки доштед, мебаромадед?

Тоҷиддин Пирзода: “Як чиз аст, ки якум дар сурати иҷро нагардидани меъёрҳои мақбули Бонки миллӣ аллакай чораҳои муҷозотӣ нисбат ба бонкҳо андешида мешавад. Дар соли 2016 баъзе нишондиҳандаҳо поин рафтанд, шояд ба тариқи сунъӣ, шояд дар ягон қисмат мо заифӣ кардем ва дар маҷмӯъ пардохпазирӣ коҳиш ёфт ва мардум низ зуд – зуд дар назди бонки мо ҷамъ шуданд. Ин агар яке аз сабабҳо бошад, сабаби дигар қабл аз онки мудирияти муваққат ба кор шурӯъ кард, мо ҳамроҳи муовини аввали раиси Бонки миллӣ - Ҷамоллиддин Нуралиев ба Лондон сафари корӣ доштем. Муддати се рӯз бо раҳбарияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар заминаи ҷалби сармоя мулоқот кардем. Ҷамолиддин Нуралиев дар ин мулоқот баромад карда гуфтанд, ки шумо дар муддати шаш моҳ барои бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестонк” маблағгузорӣ накунед, мо маҷбур ҳастем, бо роҳбари давлат сӯҳбат карда, аз буҷаи кишвар кумак бигирем, то бонкҳоро аз буҳрон раҳонем. Дар ҳамин мулоқот як чизро таъкид кардам, ки агар маблағи мардум баргардонида шавад, ман розӣ ҳастам, қисми зиёди саҳмияҳоро аз даст диҳаму мардум маблағашро гираду ором шавад. Онҳо гуфтанд, ки тафтиши аудиторӣ мегузаронем, меомӯзем ва хулосаҳоямонро пешниҳод мекунем. Ҳарчанд онҳо аввал мудирияти муваққатро барои семоҳаи аввал пешниҳод карданд. Ин ҳам гузашт, боз семоҳаи дувум матраҳ шуд. Ҳамин тариқ шаш моҳ гузашт, вале ваъдаашон иҷро нагардид. Ҳол онки тафтиши аудиторӣ гузарониданд, вазъияти бонк ва моликиятҳои моро омӯхтанд, аммо кор натиҷа надод. Гӯё Бонки аврупоӣ пешниҳод карда бошад, ки дар муҳлате, ки вазъи “Тоҷиксодиротбонк” – ро меомӯзад, раҳбарияти феълӣ барканор ва мудирияти муваққат ташкил карда шавад.”

Вақте Бонки миллӣ моро барканор ва мудирияти муваққатиро ба ҷои мо овард, мо ҳисоб мекунем, ки ин аллакай муҷозот аст. Аммо инҳо бояд ба инобат гиранд, ки вақти буҳрони иқтисодӣ аст, оё муҷозот кардан, оё мудирияти муваққат таъин кардан ё барканор кардан, ин ба фоидаи кор аст ё ба зарар.

Радиои Озодӣ: Яъне, ин пешниҳод аз тарафи Бонки Аврупоӣ буд?

Тоҷиддин Пирзода: “Ман шахсан аз забони онҳо – намояндагони Бонки Аврупоӣ инро нашунидаам, аммо ба ман гуфтанд, ки ин яке аз талаботи Бонки аврупоӣ аст. Ман дар ҷавоб гуфтам, ки барои ба эътидол овардани вазъияти бонк ин пешниҳодро қабул мекунам, то он замоне ки Бонки Аврупоӣ пул диҳад ва мардум пулашонро гиранд. Ҳамин тариқ, мо аз рӯзи 18-уми майи соли гузашта барканор шудем ва ҳеҷ куҷо нарафтем. Албатта аз ҳолати бонк ҳамеша хабардор будем, фақат чанд принсипҳое буд, ки мудирияти муваққат бояд фоизи амонатиро бозмедошт. Ин барои беҳбуди сатҳи пардохтпазирӣ дар бонк муҳим буд. Зеро мо дар шароити форс-мажор қарор доштем ва пули мардумро баргардонда наметавонистем. Агар дар моҳи майи соли гузашта фоидаи бонк зиёда аз 56 миллион сомонӣ бошад, дар охири сол ин нишондиҳанда ба 337 миллион сомонии манфӣ расид. Ин ба маънии он аст, ки қарзҳо кор накарданд, мудирияти мувақққат ҳам, ки бо қарзҳо ошно набуд, натавонист қарзҳоро пурра баргардонад. Дигар онки фоизҳоро бояд манъ мекарданд, ба умеди онки маблағҳои Бонки аврупоӣ меоянд ва мардум бе воҳима ҳам маблағу ҳам фоизашонро мегиранд. Вале фоизҳои депозитро 15, 16, 17 ҳисоб карданд, ки дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳои бонк манфӣ шуд. Агар инро дуруст риоя мекарданд ва мусбат мешуд, барои мо, ки баргаштем кор осонтар мегардид.”

"Рақибон то ҷое ба ҳадафашон расиданд, мо муҷозот шудем"

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Пирзода, шумо ҳатто масъалаи муҷозотро баён доштед. Яъне агар дар сурате, ки қабул намекардед ва канор намерафтед, муҷозот мешудед?

Тоҷиддин Пирзода: “Аллакай мо ҷазоямонро гирифтем, ҳатто агар нобоварии як муштарӣ нисбат ба бонк ҷой дошта бошад, ин ҷазои бузург аст барои бонкдор. Дар масоили иқтисодӣ ҷазо ба ҳамин шакл сурат мегирад: нахуст бонк барои ислоҳи вазъ ё камбудҳо огоҳонида мешавад, баъдан ҷарима сурат мегирад ва дар охир мудирияти муваққат таъин карда мешавад. Қаблан моро чанд бор ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва аз он зиёд ҷарима карда буданд. Вақте Бонки миллӣ моро барканор ва мудирияти муваққатиро ба ҷои мо овард, мо ҳисоб мекунем, ки ин аллакай муҷозот аст. Аммо инҳо бояд ба инобат гиранд, ки вақти буҳрони иқтисодӣ аст, оё муҷозот кардан, оё мудирияти муваққат таъин кардан ё барканор кардан, ин ба фоидаи кор аст ё ба зарар. Мақсади муҷозот дуруст кардани система аст, ҷо ба ҷо кардани пули мардум аст, на инки манфӣ кардан ё кори дигар. Аммо Бонки миллӣ новобаста аз хоҳиши мо ин ҳақро дорад, ки чора андешад.”

Лаҳзае аз сӯҳбат бо Тоҷиддин Пирзода
Лаҳзае аз сӯҳбат бо Тоҷиддин Пирзода

Радиои Озодӣ: Хуб, баргардем сари масоили имрӯзии бонк. Шумо мегӯед пасандозҳои муштариёнро бозпас медиҳед. Барои иҷрои ин кор чӣ замоне лозим аст?

Тоҷиддин Пирзода: “Пардохтпазирӣ на кам аз 30 дар сад бояд бошад. Аммо дар айни замон 36 дар сад пардохтпазирӣ дорем ва 65 дарсади муштариён аллакай маблағашонро гирифтанд. Аз 335 ҳазор муштарие, ки дар бонк буд, имрӯз 69 ҳазор мондааст. Аммо аз ин 69 ҳазор 35 ҳазораш кортҳои пардохтӣ аст, ки шояд баъзе муштариён дар корташон камтар аз 1 доллар доранд. Дар атрофи аз 20 то 25 дар сад муштарии амонатгузор дорем. Ин албатта камтар аз 35 дар сади амонатгузорҳои аввали сол ҳаст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки пули бонк дар гардиш аст ва мардум маблағашонро тибқи ҷадвалҳои давраӣ гирифта истодаанд. Албатта, проблеммаҳое ҳаст, назири ин ки муштарӣ яку якбора пулро гирифта наметавонад, аммо онҳо тадриҷан, баъзе ба воситаи моликият, дигар мошину нақлиёт ва саввумӣ хона ва баъзеи дигар пул мегиранд. Фикр мекунам, ин кор то як соли дигар тӯл хоҳад кашид.”

“Кумаки давлат дар 5 сол баргардонда мешавад”

Радиои Озодӣ: Дар сурати пардохти пурраи пасандозҳо ва андозҳои давлатӣ маблағи кофӣ барои идомаи фаъолияти бонкӣ боқӣ мемонад?

Тоҷиддин Пирзода: “Мо аллакай пардохтҳои давлатиро пардохт кардем. Аз андоз ва ҳамин тавр аз давлат қарздор нестем. Фақат ҳукумат он маблағеро, ки барои мо ҷудо кардааст, 5 сол вақт дорад. То охири имсол 5 дарсадро бармегардонем. Солҳои баъдӣ, 20 ва ҳамин тавр се соли дигар 25 дарсадӣ бармегардонем. Фақат мо аз пасандозҳои шахсӣ ва баъзе ниҳодҳои молии байналмилалӣ қарздорем.”

Радиои Озодӣ: Бар иловаи кумаки ҳукумат, дарёфти маблағ аз ниҳодҳои молии байналмилалӣ чӣ гуна аст. Музокирот барои дарёфти қарз аз Бонки аврупоӣ, ки дар боло таъкид кардед, чӣ шуд?

Бонки рушди Тоҷикистон яке аз бонкҳои фаръии “Тоҷисодиротбонк” буд ва айни замон ҳуҷҷатгузорӣ барои ҷудошавии он идома дорад.

Тоҷиддин Пирзода: “Музокирот бо Бонки аврупоӣ то замони ворид шудани маблағҳои давлатӣ шуда буд. Имрӯз аз ин сарчашма умеди маблағ надорем. Фақат як ширкати хориҷӣ, ки ҳамчун машваратчӣ бо “Тоҷиксодиротбонк” ҳамкорӣ дорад, маблағгузорияш аз ҷониби ин бонк аст. Вале маблағи 80 миллион долларе, ки гуфтам, маблағҳои пешина аст. Айни замон бо ниҳодҳои дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ то 25 миллион сомонӣ қарордод имзо кардаем ва бо як идда бонкҳои берунӣ, аз ҷумла бонкҳои Русия, Чин, Гонконг, Эрон ва Ҷумҳурии Чех барои ҷалби сармоя ҳамкорӣ дорем.”

“Иқдоми мо супоришӣ нест”

Радиои Озодӣ: Ширкатҳои сохтмонии марбут ба “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара 9-10 бинои истиқоматии 9-ошёна сохтанд, вале сохтмони баъзеяш нотамом ва ширкат рӯ ба муфлисӣ овард. Мегуфтед, ки сохтмони ин биноҳо, ки дар қиболи арзиши манзили зист дар Душанбе хеле ночиз аст ва харидори кам доранд, фармоишӣ буд ё худ иқдом кардед. Билохира ин манзилҳо харидор пайдо карданд?

Тоҷиддин Пирзода: “Одам бояд патриот, ватандӯст бошад. Мо на танҳо дар Данғара, балки дар дигар манотиқи Тоҷикистон иншоот сохтем. Ширкат муфлис нашуда буд. Аммо раҳбарият набуд, мо набудем, кор дар 6 – 7 моҳ ва як соли ахир бозмонда буд. Айни замон корҳо идома доранд. Мо хонаҳоро нафурӯхтем. Танҳо чанд ҳуҷра дар як бино фурӯхта шудааст ва бақия 8 бинои дигар бо ҳудуди 500 ҳуҷра истодааст. Фикр мекунам то моҳи сентябр корҳои сохтмониро ба анҷом мерасонем ва ба фурӯш низ мегузорем. Шояд бо арзиши он чи ки масраф кардем, нафурӯшем, аммо ин иқдом муҳим аст. Бояд таъкид кунам, ки ягон кори мо супоришӣ нест ва ин аз ҳисси ватандустӣ сурат мегирад. Натанҳо дар Данғара, балки дар Мастчоҳи Кӯҳӣ ҳам бонк сохтем, ҳам меҳмонхона ва ҳам мағоза. Дар дохили як деҳаи дурдасти ин ноҳия филиали бонкро сохтем. Дар ноҳияҳои дурдасти Шамсиддини Шоҳин, Мурғоб ва Дарвоз, дар тамоми манотиқ филилаҳои бонкро бунёд кардем. Мо супориш не, тавсия гирифтем. Чанд корхонаи дигар дар ноҳияи Вахш, Қурғонтеппа ва Фархор бунёд кардем. Фикр мекунам мо бонкҳо тибқи тавон ҳукумату давлатро дастгирӣ кунем. Ҳатто намояндагони Бонки аврупоӣ аз мо мепурсиданд, ки чаро шумо дар манотиқи мухталиф филиали бонк месозед, дар ҳоле ки фоида ба даст намеоред. Бубинед вақте одам бекор монд ҷинояткор ва ё терорист мешавад. Барои ҳамин мо дар як минтақаи дурдаст 32 нафарро соҳиби ҷойи кор мекунем ва ками дар кам ҳазор нафари дигар қарз мегирад. Айни ҳол дар қаламрави кишвар 40 филиал ва 700 нафар корманд дорем. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли 2015 беш аз 3 ҳазор корманд ва 90 филиал доштем.”

Саҳмияҳои Пирзода 15 – 16 дар садро ташкил медиҳад

Тоҷиддин Пирзода. Акс аз бойгонӣ
Тоҷиддин Пирзода. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Шумо як чеҳраи намоён дар соҳаи бонкии Тоҷикистон ҳастед ва дар бораи дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” ҳам сару садо зиёд аст: аз пулҳои ҳангуфт то ҳавопаймоҳое, ки ин бонк дар хориҷи кишвар дорад ва ба иҷора додааст. Дар асл дороиҳои шумо чӣ қадар аст?

Тоҷиддин Пирзода: “Дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” айни замон 4 миллиарду 311 миллион сомонӣ аст. Уҳдадориҳои мо 1 миллиарду 700 миллион сомонӣ аст. Зиёда аз 80 дарсади саҳмияҳои бонк дар дасти давлат аст ва тақрибан 15 – 16 дар сад аз мост. Нисбат ба иҷораи ҳавопаймоҳо, аввал ин ки бонк ҳеҷ гоҳ ҳавопаймо надошт. Ин як ширкати лизингие буд, ки аз бонк қарз гирифт ва қарзи ин ширкат зиёда аз 200 миллион сомонӣ буд. Имрӯз аз он 30 миллион сомонӣ мондаааст. Ягон проблема надорад ва ҳар моҳ пулашро пардохт мекунад. Ин ширкатро ду ҳавопаймояш дар хориҷа кор мекунад. Ба воситаи лизинги молӣ ин тайёраҳо фурӯхта шудааст ва ба тадриҷ пул ба ширкат ва аз ширкат ба бонк ворид мешавад.”

Хоҳиши сармоягузорон - бонки алоҳидаи исломӣ дар Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Дар бораи Бонки Рушди Тоҷикистон, ки ҳоло ҷузъе аз бонки шумост, чӣ гуфтаниед?

Тоҷиддин Пирзода: Бонки рушди Тоҷикистон яке аз бонкҳои фаръии “Тоҷисодиротбонк” буд ва айни замон ҳуҷҷатгузорӣ барои ҷудошавии он идома дорад. Шояд рӯзҳои наздик ба ҳайси як бонки алоҳидаи исломӣ фаъолиятро оғоз кунад. Барои чӣ мо инро аз “Тоҷиксодиротбонк” ҷудо карда истодаем? Чун сармоягузорон намехоҳанд бо бонки маъмулӣ кор кунанд ва мехоҳанд сирф як бонки исломиро бубинанд. Ба ин хотир бонк алоҳида шуд, маблағ низ ворид шудааст. Фақат ҳуҷҷатгузориаш шояд то охири ҳамин моҳ ба анҷом мерасад ва умедворем то охири сол тариқи низоми исломӣ кор хоҳад кард.”

Радиои Озодӣ: Аммо Бонки рушди Тоҷикистон дар гузашта марбути яке аз пайвандони раиси ҷумҳур буд. Имрӯз нафаре аз хонаводаи раиси ҷумҳур дар ин бонк ё “Тоҷиксодиротбонк” саҳмияе доранд?

Тоҷиддин Пирзода: “На, саҳмия надоранд, чун ин бонкро соли 2007 мо харидем.”

XS
SM
MD
LG