Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк"-ро бастанд. Пули муштариёнро кӣ медиҳад? САДО


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонки дар гузашта дучори мушкил – баста шуданд. Қарори Бонки Миллии Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 24 феврал содир, вале то кунун сабабҳои расмиаш эълон нагардидааст. Танҳо мақомот дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки ин тасмим аз тарафи "Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон бар асоси сабабҳои асоснок гирифта шудааст."

Пули муштариёни Фононбонк ва Тоҷпромбонкро чӣ гуна медиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим

Аудити мустақили “Тоҷикпромбонк”, ки давраи то аввали соли 2015-ро дар бар мегирад, нишон медиҳад, амонат ва ё депозити муштариёни ин бонк 154 миллион сомонӣ буда, ин бонк баръакс ба муштариён 239 миллион сомонӣ қарз додааст.

Масъулони Бонки Миллӣ гуфтанд, иҷозатномаи ҳардуи бонк барои анҷоми амалиёти бонкӣ бозхонд шуда, "ҷанбаҳои дигари фаъолияти онҳо омӯхта ва баррасӣ мешаванд". Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, қисмате аз маблағҳои амонатгузорони ду бонки муҷаввизашон бозхондшуда – "Фононбонк" ва "Тоҷикпромбонк" – аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи амонатҳои шахсони воқеӣ бозпас дода мешавад.

Мавҷуда Ҳасанова, масъули дафтари матбуоти Бонки Миллӣ, рӯзи 24 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пасандози шахсони воқеӣ, яъне муштариёни ин ду бонк, ки то 17 ҳазору 500 сомонӣ бошад, аз ҳисоби хазинаи суғуртаи пасандозҳо пардохт мешавад. "Дар сурати аз ин зиёд будани миқдори пасандоз, боқимондаи маблағ замони ба фурӯш рафтани тамоми амволи бонк пардохт мегардад",- гуфтанд дар Бонки Миллӣ.

Зимнан, пас аз бозхонди муҷаввизи "Фононбонк" ва "Тоҷикпромбонк", Бонки Миллӣ расман ба додгоҳ бо ариза муроҷиат кардааст, то мақоми барҳамдиҳандаро (ликвидатор) таъин кунад. Пас аз таъини мақомоти барҳамдиҳӣ, бо ҳукми додгоҳ тамоми молу мулки бонк ҳисоб шуда, фурӯхта мешавад ва пасандози боқимондаи муштариён аз ин ҳисоб пардохт мегардад. Дар Бонки Миллӣ бо зикри онки шумораи амонатгузорон дар ин бонк “хеле кам аст”, аз гуфтани шумораи дақиқи онҳо худдорӣ варзиданд.

Аммо аудити мустақили “Тоҷикпромбонк” ки давраи то аввали соли 2015-ро дар бар мегирад, нишон медиҳад, ки амонат ва ё депозити муштариёни ин бонк 154 миллион сомонӣ буда, ин бонк баръакс ба муштариён 239 миллион сомонӣ қарз додааст. Дороиҳои “Фононбонк” дар маҷмӯъ 100 миллион сомонӣ тахмин зада мешавад.

Номвар Сангинов, иқттисоддони тоҷик, гуфт, воқеан, пасандозҳо ва сармояҳои ин ду бонк чандон зиёд нестанд ва ғайб задани ин ду бонк ба бозори молиявии Тоҷикистон осебе намерасонад. Ӯ гуфт, “Бонки Миллӣ қабл аз он ки гуфта буд, ба ин бонкҳо кумак мекунад, амволи онҳоро рӯйхат карда буд ва фикр мекунам дар сурати фурӯши онҳо барои падохти амонати муштариёни ин ду бонк кифоят мекунад. Чун қонуни бозор ҳамин аст, ки касе кор карда натавонад, аз байн меравад”.

"Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" дар қатори "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тайи тақрибан ду соли охир ба буҳрон дучор шуда, пардохтпазирии худро аз даст дода буданд. Ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои наҷоти ин чаҳор бонк дар маҷмӯъ 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кумак кард. "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кумак ба фаъолияташон идома доданд.

Аммо раҳбарияти ин бонкҳои ҳамакнун баста то ҳол дар бораи тасмими ахири Бонки Миллӣ гап назада ва вазъиятро шарҳ надодаанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG