Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо ва мизоҷони ошиқи доллар дар Тоҷикистон. САДО


Бисёре аз муомилоти бузург дар Тоҷикистон бо доллар сурат мегирад.
Бисёре аз муомилоти бузург дар Тоҷикистон бо доллар сурат мегирад.

Як пажӯҳиши мутахассисони Сандуқи Байнамилалии Пул нишон додааст, ки чӣ гуна пули муҳоҷирон, бонкҳои Тоҷикистонро “мӯътоди” доллар кард ва дар ниҳоят сабаби муфлисӣ ва аҳволи бади имрӯзаи онҳо шуд.

Дар ин пажӯҳиш зери номи “Бимаи амонат, пулҳои интиқолӣ ва долларизатсия”, Тоҷикистон ба ҳайси намунаи нодире дар ҷаҳон нишон дода шудааст, ки таҷрибаи он имкон медиҳад, дар оянда аз оқибатҳои манфии пойбандӣ ба пули муҳоҷирон ва асъори хориҷӣ пешгирӣ шавад.

Дар ин пажӯҳиш омадааст, сеяки тамоми пули муҳоҷирони тоҷик асосан аз тариқи бонкҳои бузург, муассисаҳои миёнаву хурди молӣ аз Русияву Қазоқистону Белорус ба кишвар интиқол меёфтанд.

Маҳз ҳамин пулҳо як сарчашмаи муҳими даромад барои бонкҳо табдил шуданд, чун бонк ба соҳибони пулҳо ба ғайр аз гирифтани ҳаққи интиқол дигар баҳрае намепардозад. Айни замон пули садҳо ҳазор муҳоҷирон сарчашмаи аслии даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст, ки ин пулро мегиранд ва агар аз бонк қарз гирифта бошанд, онро мепардозанд.

Ҳамингуна ба гуфтаи муаллифон, пули муҳоҷирон ба як сарчашмаи асосии даромади молии бонкҳо табдил шуд, ки то ду се соли пеш вазъи хубе доштанд ва "саховатмандона" қарз медоданд.

Аммо ин “рӯзҳои хуби” бонкҳои Тоҷикистон дер давом накард ва бо шурӯи бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба поён расид. Соли 2014 муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон тақрибан 4 миллиард доллар фиристодаанд, вале баъди шӯруи бӯҳрон дар он кишвар дар соли 2015, интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон солона 25 дар садӣ коҳиш ёфт.

Мӯътод ва ё ошиқи доллар

Вазъи бонкҳое, ки пул ба онҳо беист ҷорӣ мешуд, ногувор гашт ва иқтисоди Тоҷикистон ҳам суръати рушди пешинаро гум кард. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, агар дониши молии шаҳрвандони Тоҷикистон беҳтар мебуд ва онҳо “ошиқи доллар” намебуданду ба сомонӣ эътимод медоштанд, ҳоли бонкҳои Тоҷикистон то ба ин ҳад намерасид.

“Бонкҳо пулҳои интиқолиро нақд ба соҳибонашон медиҳанд, ин пулҳо дар низоми бонкӣ намемонанд ва асосан бо пули хориҷӣ нигаҳ дошта мешаванд.” – омадааст, дар ин пажӯҳиш.

Бисёре аз мардум дар Тоҷикистон мехостаанд, доллар бигиранд, на сомонӣ.
Бисёре аз мардум дар Тоҷикистон мехостаанд, доллар бигиранд, на сомонӣ.

Бештар аз 70 дар сади онҳое, ки азизонашон аз Русия пул мефиристодаанд, майл надоштаанд, ки пулашон дар ҳисоби бонкӣ бимонад. Як далелаш зарурат ба он пул барои харҷи рӯзмарра будааст. Гузашта аз ин теъдоди зиёди мардум дар Тоҷикистон ҳисоби бонкӣ надоштаанд, ки ин ҳам ба муомилаи нақдӣ мусоидат мекунад. Бар тибқи Шохиси байналмилалии баҳрамандӣ аз низоми молӣ, то соли 2014 фақат 11 дар сади аҳолӣ дар бонк ҳисоб доштаанду халос.

Бештар аз ҳаштод дар сади онҳое, ки фарзандонашон, ё саробони хонавода аз Русия пул мефиристодаанд, мехостаанд, асъори хориҷӣ ва бахусус доллар бигиранд, на сомонӣ. Ҳамин тамоюли парҳез аз сомонӣ ва бартарӣ додан ба доллар ба долларизатсияи иқтисод, ки солҳои тӯлонист, дар Тоҷикистон идома дорад, мусоидат кардааст.

Дар бонкҳои кишвар пеш аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ аз 75 то 79 дар сади амонатҳоро бо доллар нигаҳ медоштаанд ва ё бо ҳамин пул қарз медодаанд. Баъди соли 2011 ин нишондиҳандаҳо боз ҳам болотар рафтаанд.

Бонкҳо ва мизоҷони ошиқи доллар дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:36 0:00
Линки мустақим

Сандуқи Байналмилалии Пул дар арзёбии вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2016 гуфтааст, ки “долларизатсия баёнгари набуди эътимод ба сомонӣ ва муҳити хатарноки сармоягузорӣ” дар кишвар аст.

Бимаи амонат кафолати бозгашти мизоҷон

Муаллифони пажӯҳиши Сандуқи Байналмилалии Пул мегӯянд, истифодаи дуруст аз пули интиқолии муҳоҷирон метавонад, сабаби фоидаи бештар гирифтани бонкҳо шавад, вазъи низомиро бонкиро мӯътадил нигаҳ дорад ва дастрасии мардум ба пул ва қарз дар замони эҳтиёҷ ва барои соҳибкориро беҳтар кунад.

Аммо барои ин бояд, низоми бимаи пасандозро беҳтар кард ва кафолат дод, ки мардум дар сурати зарурат пулашонро бигиранд. Коре, ки ҳоло мизоҷони бисёре аз бонкҳои Тоҷикистон карда наметавонанд.

Вазъи бонкҳо, мушкили гирифтани пул аз банкоматҳо, яке аз мавзӯҳои асосии сӯҳбати мардум дар нақлиёт, бозор ва сари дастурхон аст ва рӯзона даҳҳо нафар ба Радиои Озодӣ ҳам муроҷиат мекунанд, ки ҳазорон доллар пасандоз гузоштаанд ва ҳоло наметавонанд, андаке аз онро бигиранд.

Талош барои "дедоларизатсия"

Пажӯҳиши мазкур дар ҳоле нашр мешавад, ки охири моҳи гузашта, Бонки Миллӣ эълон кард, барои солимгардонии низоми бонкӣ ва кам кардани пойбандии иқтисоду бонкҳо ба доллар барои “дедоларизатсия” чораҳои нав меандешад ва қарор аст, як идда аз қонуну қоидаҳои бонкиро тағйир диҳанд.

“Аз ҷумла, вобаста ба дигаргун кардани андозаи меъёри пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва андозаи ҷубронпулӣ ба амонатгузорон, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” тағйиру иловаҳои нав ворид мегарданд. Тибқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, андозаи фоизи пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон аз рӯи асъор, яъне бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гуногун муқаррар хоҳанд шуд “ омадааст, дар баёнияи Бонки Миллӣ аз рӯзи 25-уми май.

Бонкҳои Тоҷикистон аз ду соли пеш ба далели бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ба мушкилоти зиёде гирифтор шудаанд ва ҳукумат охири соли гузашта барои наҷоти чаҳор бонк аз вартаи муфлисӣ 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллар ихтисос дод.

Аз ин миён “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвенстбон” ба корашон идома медиҳанд, вале “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” муфлис шуданд. Айни замон 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 созмони маблағгузории хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG