Бонки миллии Тоҷикистон хостори то 6 дар сад поин овардани баҳра ё фоизи амонати сокинон бо пули хориҷӣ, аз ҷумла доллар, дар бонкҳои тиҷоратии кишвар шудааст. Мақомоти Бонки миллӣ рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки пешниҳоди онҳо тавсиявӣ буда, раҳбарияти бонкҳо тасмим хоҳанд гирифт, ки ҳадди баҳраи амонати муштариёнашон аз чанд то чанд бошад.
Ҳоло натанҳо фоизҳоро гирифта наметавонем, балки як қисми пулҳоямон ҳанӯз дар бонк банд мондааст.
Ин пешниҳод дар ҳоле ироа шудааст, ки бонкҳои Тоҷикистон тайи тақрибан ду соли охир дучори буҳрон шуда, баъзеи онҳо пардохтпазирии худро аз даст доданд. Дар пайи чунин вазъ "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" баста шуда, муштариён ҳанӯз ба таври комил натавонистаанд амонати худро бозпас гиранд.
Дар гузашта амонати сокинон бо асъори хориҷӣ ба ивази беш аз 10 дар сади фоида дар бонкҳои кишвар гузошта мешуд. Ҳоло раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳисоби миёнаи баҳраи амонати сокинон каме беш аз 7 дар садро ташкил медиҳад.
Мавҷуда Ҳасанова, сухангӯи Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҷавоби хаттӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, "тасмими ахир ба хотири ҷалби бештари амонати сокинон ва, ҳамин тавр, паст кардани фоизи қарзҳо гирифта шудааст". Дар ҳамин ҳол, баъзе аз бонкҳои Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки баъд аз тавсияи Бонки миллӣ баҳраи амонатҳоро бо асъори хориҷӣ коҳиш додаанд.
Аз ҷумла, як масъули бонки "Эсхата" рӯзи 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "пасандозҳо ҳоло солона бо асъори миллӣ 20 дар сад буда, бо доллар 7, евро 5 ва рубл 6 фоиз мебошанд. Пеш аз моҳи январ фоизи солонаи амонатҳо бо асъори хориҷӣ дар “Эсхата” 9 дар садро ташкил медод."
Мақомоти бонки давлатии "Амонатбонк" ҳам тасдиқ карданд, ки баъди дастури Бонки миллӣ баҳраи амонатҳои онҳо бо доллар коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи масъулини бонк, агар қаблан фоизи солонаи амонатҳо бо доллари Амрико дар ин бора 7 дар садро ташкил медод, ҳоло то 5 дар сад поин оварда шудааст.
Баъзе аз сокинон мегӯянд, ки тайи ду соли охир дар пайи буҳрони баъзе бонкҳои кишвар нафақат натавонистанд баҳра, балки пулҳои худро то охир аз ҳисобҳояшон берун бикашанд ва ин вазъ бовари онҳоро ба бонкҳо то ҳадде кам кардааст. Як сокини Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, "воқеан, ду сол пеш фоизҳо каме баланд буданд ва бонкҳо низ хуб кор мекарданд. Мо ҳам ба хотири дарёфти фоида пулҳоро дар бонк гузошта будем. Ҳоло натанҳо фоизҳоро гирифта наметавонем, балки як қисми пулҳоямон ҳанӯз дар бонк банд мондааст."
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ба эҳтимоли зиёд бонкҳо бо поин овардани ҳадди баҳраи амонати муштариён мехоҳанд, бори гаронеро аз дӯшашон ба замин бигузоранд. "Ин вазъ моро нигарон кард ва ҳоло аз бовари ду ё се сол пеши мо ба бонкҳо чизи кам боқӣ мондааст. Агар вазъи буҳронии бонкҳо чунин идома кунад, мардум болиштро аз ҳифзи амонаташон дар бонк ва ҳамин тавр дарёфти баҳра авло медонанд."
Бонки миллии Тоҷикистон ҳам эътироф мекунад, ки бори нахуст дар чаҳор соли охир ҳаҷми пасандозҳо дар бонкҳои кишвар коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, пасандози сокинон дар се моҳи аввали имсол каме беш аз 9 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба охири соли 2016, ба ҳисоби 133,8 миллион сомонӣ ё 1,4 дар сад камтар аст.
Бонки миллӣ дар посухи хаттии худ ба Радиои Озодӣ илова кардааст, ки дар моҳи апрел "ин раванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст".