Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои миёншикани бонкҳои Тоҷикистон - нишонаи идомаи бӯҳрон


Дар поёни соли 2016, дар пасманзари мушкилоти пардохтпазирии се бонки умдаи Тоҷикистон, бархе аз ташкилоти тиҷоратӣ аз поин бурдани фоизи қарзҳояшон хабар доданд. Аз ҷумла “Спитамен-бонк” баҳраи қарзҳояшро аз 40 дарсади қаблӣ то ба 36 ва ташкилоти қарзиву амонатии “Имон Интернешнл” баҳраи ҳама намуди қарзшҳояшро 6 дарсад поин бурданд. Коршиносон мегӯянд, баъди амиқтар шудани бӯҳрони иқтисодӣ, бархе муассисаҳои молӣ маҷбур шуданд, ки мизони баҳраҳои қарзиро поин бубаранд, вале боз ҳам ин поинравӣ наметавонад пурра муштариёнро қонеъ созад.

То замоне ки мизони қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон ба 10-15 фисад поин наравад, рушди иқтисоди кишвар душвор хоҳад шуд

Бонки миллӣ фоизи миёни қарзҳои бонкиро дар кишвар ҳудуди 24 дарсад нишон додааст. Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон феълан аз 28 фоизи солона поинтар дарёфт кардани қарз ғайриимкон ба назар мерасад. Муштариён дар ҳамин ҳол мегӯянд, бо ин фоизҳои бонкӣ машғул шудани онҳо бо соҳибкорӣ ва ё бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ ғайриимкон ба назар мерасад.

Соҳибкор: Қарзи бонк аз ҳад зиёд сангин аст

Илҳом Хидиров дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад. Вай мегӯяд, дар сурати гирифтани қарзи бонкӣ бо чунин фоизи калон кор зиёновар хоҳад шуд: ​“Ман ҳар сол дар баҳор барои кори кишоварзии хоҷагӣ аз бонкҳо қарз мегирифтам. Солҳои гузашта то 22 фоиз қарз гирифта будем. Аммо ҳоло 36, 34 фоиз мегӯянд. Ками камаш 28 фоиз аст. Худатон фикр кунед, бо ин фоиз мо чӣ гуна бояд ҳосил бигирем, ки баъд хароҷотамонро пӯшонему қарзи бонкро пардохт кунем. Дар бораи даромад ҳоло гап намезанем. Ин чиз аслан ғайриимкон аст. Даромаде, ки мо мегирем, ҳатто фоизи бонкро намепӯшонад”.

Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон

Хидиров мегӯяд, ахиран аз телевизион таблиғотеро тамошо кардааст, ки бонке барои барои ба зимистон омода кардани манзил қарзро бо баҳраи 28-фоиза пешниҳод мекунад. “Аммо агар бо ин фоиз қарз бигирӣ, эҳтимол аз хонаат маҳрум шавӣ. Куҷо расад ба зимистонгузаронӣ?”.

Пас аз шурӯи бӯҳрон дар соли 2014 ва уфти бесобиқаи қурби сомонӣ дар нисбати доллар, ин барои бори аввал аст, ки бонкҳо аз поин бурдани мизони баҳраи қарзҳои бонкӣ хабар медиҳанд. Шӯҳрат Абдуллоев, раҳбари “Бюрои қарзии Сомониён” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 12 декабр гуфт, бо вуҷуди каме поин рафтани фоизи қарзҳои бонкӣ, ин нишондод ҳамоно дар муқоиса бо солҳои қаблӣ баланд аст:

“Фарз кардем, баландтарин фоизи бонкӣ дар солҳои қаблӣ то 36 % буд. Ҳоло фоизи қарзҳои истеъмолӣ дар баъзе бонкҳо то 48 фоизи солона ҳам боло рафтааст”.

Бӯҳрон идома дорад?

Абдуллоев гуфт, якбора поин рафтани қурби сомонӣ дар баробари доллар ва асари манфии бӯҳрон ба вазъи молии мардум таъсиргузор шу два мизони қарзҳои саривақт пардохтношуда ба бонкҳои кишвар боз ҳам афзоиш ёфт. Боло бурдани мизони баҳраи бонкӣ ба хотири амният ё гарави худи бонк аст, ки бо ин роҳ солимии кори худро таъмин мекунад.

Шӯҳрат Абдуллоев гуфт, то соле пеш сармоядорони хориҷӣ ба ташкилоте, ки беш аз 2 фисади портфели қарзиашон сарвақт бозпас нагаштааст, қарз намедоданд. Аммо ҳоло, ба таъкиди ӯ портфели қарзҳои бозпаснагаштаи бонкҳо хеле бештар шудааст.Вай гуфт:

“Пештар агар сандуқи қарзҳои ба таъхирафтода аз 2 фисад зиёд бошад, сармоягузорон бо ин гуна ташкилотҳо ҳамкорӣ намекарданд. Ҳоло бошад, онҳо ҳамин талаботро то 5 фоиз сабуктар карданд. Лекин ҳоло сандуқи қарзҳои ба таъхир афтодаи бонку ташкилоти қарзӣ ба 13-14 фисад баробар шудааст”.

Як иқтисодшинос ин вазъро дар мисоли соддае шарҳ дода гуфт, агар дар гузашта як бонк дар як сол 100 ҳазор сомонӣ қарзро ба муштариёнаш дода аз ин пул 2 ҳазор сомониашро сари вақт барнамегардонд, ҳоло 14 ҳазор сомониаш барнагаштааст.

То замоне, ки қарз то 10-15 % поин нашавад...

Муштариёни асосии бонкҳои Тоҷикистонро муҳоҷиронӣ корӣ ва оилаҳои онҳо ташкил медоданд. Аммо бинобар таъсири манфии бӯҳрони молӣ, даромади онҳо низ коҳиш ёфт ва бинобар ин шумори қарзҳое, ки ба бонк сари вақт боз намегардад, афзоиш ёфт.

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бо чунин вазъи бонкҳо, иқтисоди кишвар наметавонад рушд кунад. Шамсиддин Ҷалолов, як иқтисоддони тоҷик дар ин робита мегӯяд: “То замоне ки мизони қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон ба 10-15 фисад поин наравад, рушд кардани иқтисоди кишвар душвор хоҳад шуд”.

Бинобар иттилои Бонки миллӣ, дар ним соли равон бонкҳо ба муштариён ба қадри 10 милиарду 900 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як дарсад камтар аст.

Бинобар иттилои охири ин бонк, ҳоло дар кишвар 112 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк ва 94 ташкилоти маблағгузории хурд фаъолият доранд. Тайи як соли охир дар Тоҷикистон ду бонки бузург “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷикпромбонк” пардохтпазирии хешро аз даст доданд ва Бонки миллӣ ниҳоят маҷбур шуд дар онҳо “мудирияти муваққатӣ” ҷорӣ кунад. “Агроинвестбонк” яке дигар аз бонкҳои бузурги кишвар дар иҷрои ӯҳдадориҳояш дар назди муштариён бо мушкил дучор шудааст.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG