Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди саҳмия – Навбати вексел барои рушди энержӣ дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон векселҳои давлатӣ нашр ва ба фурӯш гузошта шуда, пулҳои ба дастомада аз онҳо, барои рушди соҳаи энержӣ равона мегарданд. Дар ин робита қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шудааст. Бар асоси ин қарор, Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки ба маблағи 530 миллион сомонӣ векселҳои давлатиро нашр кунад.

Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Дар Вазорати молия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки векселҳои мазкур баъд аз тасвиби ин қарор дар порлумон нашр хоҳад шуд. Ҳамсӯҳбати мо гуфт, векселҳо бо баҳраи солонаи 2 дар сад ва муҳлати гардишашон 5 сол нашр мешаванд.

Дар идомаи ин қарор гуфта мешавад, Вазорати энержӣ ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва Вазорати молия ҳамаи амалиёти иҷрои ин қарорро ба иҷро расонанд. Зимнан, дар поёни ин санад, инчунин, ба қарори дигари қаблан содиршудаи ҳукумат доир ба нашри векселҳои давлатӣ тағйирот ворид шуд.

Саҳмияи нирӯгоҳи Роғун
Саҳмияи нирӯгоҳи Роғун

Моҳи декабри соли равон ҳукумат бо содир қардани як қарор ва нашри векселҳо бар ивази амволи чор бонк – "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк", ба онҳо 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда буд. Аммо дар ин муддат ду бонк -- "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" комилан касод ва муҷаввизашон аз сӯи Бонки Миллӣ бозхонд шуда, дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд.

Бинобар ин, бо қарори навбатӣ ҳукумат маблағи кумак ба бонкҳоро ба қадри 530 миллион кам карда, дар сатҳи 3 миллиарду 320 миллион қарор дод.

Давлати Тоҷикистон дар гузашта низ барои рушди энергетика ва бунёди нерӯгоҳҳо ба нашри коғазҳои қимматнок ва фурӯши он рӯ овард буд. Дар охири солҳои 90-ум ҳукумат барои сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” ба мардум саҳмия фурӯхта буд, ки дар ниҳоят ин нерӯгоҳ бо сармояи Русия бунёд шуд. Баъдан дар соли 2009 Тоҷикистон эълон дошт, ки нерӯгоҳи азими "Роғун"-ро худаш ва бе ширкати сармоягузорони хориҷӣ месозад ва барои ин маъракаи фурӯши саҳмияҳоро шурӯъ кард.

Вазорати молияи Тоҷикистон
Вазорати молияи Тоҷикистон

Дар маъракаи пурсарусадои фурӯши саҳмияҳои Роғун соли 2009 ба маблағи 900 миллион сомонӣ (ба қурби он давра -- 186 миллион доллар) ҷамъ оварда шуд, ки дар бонкҳои кишвар нигаҳдорӣ мешаванд. Соли 2013 вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ин маблағҳо аз ҳисоби баҳра ё сарбахш 70 миллион сомонӣ фоида овардаанд ва гуфта мешуд, ин фоида моли саҳҳомони Роғун аст.

Аммо векселҳои давлатӣ ба фарқ аз саҳмияҳо новобаста ба даромаднокии ширкат ва ё нерӯгоҳ, барои моликонашон суд меорад, чунки давлат даромаднокии онро кафолат медиҳад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG