Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштариёни "Тоҷпромбонк": "Ба президент муроҷиат мекунем..." САДО


Амонатгузорони “Тоҷпромбонк” мегӯянд, аз натиҷаҳои музоядаи амволи манқулу ғайриманқули ин бонк бозгашти маблағҳои худро интизоранд. Ин дар ҳолест, аз ҳисоби фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” нахуст қарзҳои ин ниҳоди молӣ қарзҳои давлатӣ, сипас саҳмҳои саҳмдорони бузургу қарзи маоши кормандони он пардохт хоҳад шуда ва дар ниҳоят навбати муштариён хоҳад расид.

“Тоҷпромбонк” дар канори се бонки дигари тиҷоратӣ дар соли гузашта дучори мушкили шадиди молӣ шуда ва дар моҳи феврали соли ҷорӣ иҷозатномаи фаъолияти ин бонк фаро хонда шуд.

Муштариёни "Тоҷпромбонк": "Ба президент муроҷиат мекунем..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим

“Додхоҳии ниҳоӣ ба президент хоҳад буд”

Фарҳод Арабов, чанд сол пеш, замоне, ки баҳраи бонкӣ аз 21 дарсад зиёд буд, маблағҳои худро ба “Тоҷпромбонк” бовар кард. Мисли ӯ пиронсолону нафақахӯрони зиёд муштарии “Тоҷпромбонк” шуданд, вале ҳеҷ интизор надоштанд, ки рӯзе дар баробари хатари аз даст додани маблағҳояшон қарор мегиранд. Фарҳод Арабов ҳарчанд аз ифшои миқдори пасандозаш худдорӣ кард вале гуфт, ин “маблағи калон” аст.

Шумораи зиёди муштариёни "Тоҷпромбонк" пиронсолону нафақахӯрон ҳастанд. Онҳо ҳеҷ интизор надоштанд, ки рӯзе дар баробари хатари аз даст додани маблағҳояшон қарор мегиранд.

Фарҳод Арабов ҳоло умедвор аст, ки мушкили ӯву садҳои дигар муштариёни бонк аз роҳи қонунӣ ҳал мешавад, вагарна онҳо маҷбур мешаванд, ки ба президент муроҷиат кунанд. Бо ин ҳадаф Фарҳод Арабов як узви “Кумитаи қарздеҳон аз ҳисоби пасандозгузорон” шудааст.

Ба гуфтаи Арабов, имрӯз 15 май ин кумита “тактика ва стратегия”-и бозгардондани пасандозҳои муштариёни“Тоҷпромбонк”-ро баррасӣ кардааст. “Ҳоло мо аз роҳҳои қонунӣ, аз ҷумла, муроҷиат ба додгоҳҳо истифода мекунем. Агар ин талошҳо натиҷа надод, маҷбурем бо номаи дастҷамъӣ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон муроҷиат кунем. Яъне, ин марҳилаи ниҳоӣ хоҳад шуд”.

Фарҳод Арабов гуфт, ки як муштарии дигари ин бонк Роза Асановаи 84-сола, ки 8 соли охир ҳамаи пасандозу амонатҳо ва ҳам пулҳои хонаи фурӯхтаашро дар бонк нигоҳ медошт, дар ҳолати сангини рӯҳӣ қарор дорад. Ба гуфтаи вай, дар миёни беш аз 600 муштарии “Тоҷпромбонк” бахши умдаро пиронсолону нафақахӯрон ташкил медиҳанд, ки хонаю амволи худро фурӯхта, пасандозҳои худро дар ин ҷо гузоштаанд.

Муштариёни “Тоҷпромбонк” мегӯянд, ки бо вуҷуди тақозою талошҳо дар зарфи беш аз як сол натавонистаанд пасандозҳои худро бозпас гиранд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, дар нимаи дуюми моҳи марти соли ҷорӣ хазинаи суғурати пасандозҳои шахсони воқеъӣ аз тариқи бахшҳои “Амонатбонк” ба муштариёни “Тоҷпромбонк” ба миқдори 17,5 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст. Ҳамзамон, онҳо мегӯянд, ки масъулони бонк аз пардохти пасандозҳо сарпечӣ намекунанд ва ваъда медиҳанд, ки дар пайи фурӯши амвол пулҳои муштариёнро бозпас медиҳанд.

Аввал хеш баъд дарвеш

Дар ҳамин ҳол, Амонулло Акрамов, муштарии дигари “Тоҷпромбонк” ба Радиои Озодӣ гуфт, ба пардохти зуди пасандозҳояш бовар надорад. Зеро дар ду музояндаи фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” ширкат карда ва шоҳиди он шудааст, ки ба амволи ин бонк харидорон чандон таваҷҷӯҳе надоранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи вай, масъулони “Тоҷпромбонк” гуфтаанд, ки дар сурати фурӯши амвол нахуст қарзҳои давлатӣ, саҳмҳои саҳмдорони бузург ва қарзи чандмоҳаи маоши кормандон пардохт шуда ва сипас навбат ба пасандозҳои муштариён мерасад.

Аммо масъулони маъмурияти махсуси “Тоҷпромбонк” аз шарҳи тартиб ва муддати пардохти қарзҳои давлатӣ ва пасандозҳои муштариён худдорӣ кард. Тибқи рӯйхати амволи ғайриманқул ва дигар дороиҳои «Тоҷпромбонк», 117 иншоот, аз қабили бинои Сарбонк, 22 бинои филиалҳо ва марказҳои хизматгузории бонкӣ зикр шудааст. Ин бонк ҳамчунин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дорои манзилҳои сершумор ва дигар иншоот аст.

Масъулини бонк мегӯянд, ба ғайр аз манзил ва бинои филиалҳо, ҳамчунин соатҳои истеҳсоли швейтсарӣ, бижутерия, сару либос, пойафзол ва дигар амволи дар гарав буда ба фурӯш гузошта шудаанд. Ба гуфтаи Ҷасур Оқилов, харидорон баъди пешниҳоди дархост барои хариди амволи бонк, бояд як қисм маблағро пешпардохт кунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои хариди амволи ғайриманқул 1700 сомонӣ ва барои хариди амволи манқул 425 сомонӣ бояд пешпардохт шавад.

Амонулло Акрамов гуфт: "Як роҳи дигар ҳаст, ин бозгардондани қарзҳои ин бонк. Афроде, ки аз бонк қарз гирифтаанд, ба бонк даъват мешаванд. Ҳоло барои рӯёндани қарзҳои “Тоҷпромбонк” кормандони додситонӣ низ ҷалб шудаанд. Агар қарздорони калон пули бонкро диҳанд, мумкин аст барои гирифтани пасандозҳо умед пайдо шавад."

Маъмулан муштариён ба ҳангоми суҳбат бо Радиои Озодӣ аз бурдани миқдори пасандозҳои худ худдорӣ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, муштариёне, ки то 18 ҳазор сомонӣ пасандоз доштанд, пулҳои худро дар моҳи март гирифтаанд.

“Тоҷпромбонк” барҳам мехӯрад

Бонки миллии Тоҷикистон 24 марти соли ҷорӣ муҷаввиз ё иҷозатномаи фаъолияти бонкии “Тоҷпромбонк” фаро хонда ва худи ҳамон рӯз аз додгоҳ бо ариза дар бораи маҷбуран барҳамдиҳии ин бонк муроҷиат шуд.

Моҳи майи соли гузашта “Тоҷпромбонк” дар канори бонкҳои тиҷоратии “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Фононбонк” дучори мушкилоти сахти молӣ шуда ва Бонки миллӣ дар онҳо маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ карда буд.

Дар аввалҳои соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти молии 4 бонки тиҷоратӣ 3 миллиард сомонӣ ё 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда буд, ки аз ин маблағ саҳми “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомониро ташкил дод. Пешбинӣ шуда буд, ки дар сурати зарурат, бонкҳо ин коғазҳои қиматнокро ба Бонки миллӣ фурӯхта ва ба ҳисоби ин маблағҳо қарзҳо ва пасандозҳои муштариёнро пардохт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG