Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳо ба пардохти пасандозҳо оғоз карданд


“Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” -- ду бонки дучори мушкилшуда ба додани маош ва пасандозҳои муштариёнашон шурӯъ кардаанд. Аммо то ҳол ин гуна амалиёт дар ду бонки дигари пурмушкил - “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” оғоз наёфтааст. Дар моҳи гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пуштибонии молӣ ба ин 4 бонки тиҷоратӣ ба миқдори 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак карда буд.

Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” рӯзи 4 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло муштариён метавонанд дар як рӯз аз банкомат 100 сомонӣ гирифта ва аз тариқи POS-терминалҳои бонк дар марказҳои савдо рӯзе ба миқдори 200 сомонӣ молу мавод харидорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Шералиев, аз рӯзи 3 январи соли ҷорӣ раванди бозгардондани пасандозҳо ба муштариён оғоз ёфтааст. “Ин пасандозҳо ҳар моҳ қисм-қисм ба маблағи муодили 200 доллар бо сомонӣ пардохт мешавад. Пас аз расидани маблағҳои ҳукумат, миқдори додани пасандозҳо зиёд шуда ва дар муддати як сол ин пасандозҳо ба муштариён бозгардонда мешавад”,-гуфт Раҳмоналӣ Шералиев.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки аз тариқи ба фурӯш гузоштани амволи “Тоҷиксодиротбонк”, назири хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои дафтарҳо ва воситаҳои нақлиёт пасандозҳои нисбатан бузург пардохт мешаванд ё ин амволу ашё ба ивази маблағҳои пасандоз дар ихтиёри муштарӣ гузошта мешавад.

"Toyota Camry" ба ҷои пасандози бонк

Зимнан, моҳи декабр Хуршед Маҳмадиев, сокини деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба ивази 6 ҳазор доллари пасандозаш “Тоҷикисодиротбонк” барояш аз тариқи додгоҳ як мошини “Toyota Camry” дода, бо ҳамин ба баҳсҳои судӣ нуқта гузоштааст.

Як корманди масъули “Агроинвестбонк” ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан банкоматҳои ин бонк ба таври фаъол ба кор дароварда нашудаанд ва ба муштариёнашон танҳо рӯзҳои сешанбею панҷшанбе аз тариқи талон ҳадди аксар 500 сомонӣ пардохт мешавад. Дар назар аст, ки то ҳафтаи оянда банкоматҳои “Агроинвестбонк” пурра фаъол шаванд.

"Дар 2 ҳафта 1000 долларамро гирифтам"

Сабоҳат, як сокини Душанбе ва муштарии “Агроинвестбонк” гуфт, баъди нигарониҳои моҳҳои охир, ниҳоят рӯзи 4 январ тавонистааст як миқдор пасандозашро ба даст гирад, ҳарчанд тамоми рӯз дар навбат истод. Ӯ гуфт: “Дар бонк одам хеле зиёд. Ман пагоҳӣ рафта будам, наздики бегоҳ навбатам расид. Ҳозир дар як рӯз 500 сомонӣ медиҳанд. Ман дар ду ҳафта қариб 1000 долларамро гирифтам. Назди раиси бонк даромадам, гуфт, ки дар рӯзҳои наздик пули бисёр меояд, ҳамаи пасандозамро медиҳанд”.

Ин зани бузургсол гуфт, ки ду соле пеш дар ин бонк 12 ҳазор долларро ба ҳайси пасандоз гузошта буд. Аз нимаи дуюми соли гузашта барои бозгардондани пасандозҳояш талош мекунад ва ҳамакнун қисме аз онро гирифтааст.

Кӣ чӣ миқдор пасандоз дорад?

Мизони пасандозҳо ё депозити “Агроинвестбонк” беш аз 1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бино ба ҳисоботи молиявии “Тоҷиксодиротбонк”, сармояи умумии ин бонк дар поёни моҳи июни соли гузашта, 557 миллион сомонӣ ва ҷамъи дороиҳояш 3,7 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми умумии амонатҳо 1,6 миллиард сомониро ташкил медод. Дар мавриди дороиҳо ва миқдори амонатҳо дар “Тоҷипромбонк” ва “Фононбонк” иттилои расмӣ мунташир нашудааст.

Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.
Бинои вазорати молияи Тоҷикистон.

Зимнан, Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтааст, ки ба хотири наҷоти бонкҳои, ба қавли мақомот, "дар ҳолати вазнин", вексел ё коғазҳои қимати давлатӣ нашр мекунад. Ин векселҳо ё коғазҳои қиматнок барои панҷ сол ба гардиш бароварда шуда, дар заминаи онҳо Бонки миллӣ ба "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" пул хоҳад дод.

Коғазҳои қиматнок барои наҷоти бонкҳо

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ба маблағи 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ бароварда шуда ва бахши умдаи он, яъне, вексели давлатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк” тавзеъ хоҳад шуд. Саҳми бонкҳои “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” 80 миллион сомонӣ хоҳад буд.

Ба гуфтаи мақомоти ин вазорат, бонкҳои тиҷоратӣ векселҳои давлатиро ба Бонки миллӣ бар ивази пул барои таъмини пардохтпазирии худ месупоранд. Бонки миллӣ соҳиби векселҳои давлатӣ ҳисоб ёфта ва Вазорати молия пас аз поёни муддати векселҳо маблағи онро бо фоизҳояш ба Бонки миллӣ пардохт мекунад.

Ҳукумат бонкҳоро "наҷот" дод

Мақомоти 4 бонки тиҷоратӣ вазифадор шудаанд, ки дар муддати 5 сол саҳмияҳои худро ба фурӯш расонанд, то ба ин васила Вазорати молия тавонад аз ҳисоби онҳо маблағҳои қарзиро ба Бонки миллӣ пардохт кунад. Дар сурати кӯтоҳӣ дар иҷрои ин амр, молу ашё ва амволи бонкҳои тиҷоратӣ, ки ба гарав гузошта шудаанд, мусодира хоҳанд шуд.

Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани коғаҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо” дороиҳои “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” замима шудааст. Тибқи ин санад, амвол ва молу ашёи “Тоҷиксодиротбонк” аз ҳама бештар, ба маблағи ҳудуди 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ, дороиҳои “Агроинвестбонк” то 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” то 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” то 80 миллион сомонӣ арзёбӣ шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG