Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷиксодиротбонк" ба ҷои пасандози Хуршед "Тойота Кемри" дод


Як сокини ноҳияи Восеъ аз "Тоҷикисодиротбонк" бар ивази шаш ҳазор доллари пасандозҳои бебозгашташ як мошини "Toyota Camry" дарёфт кард ва бо ҳамин баҳси дарозмуддаташ бо ин бонк ба охир расид. Хуршед Маҳмадиев, сокини деҳаи Гулободи ноҳияи Восеъ, рӯзи 13 декабр гуфт, даъвои ҳашт моҳи охираш бо ин бонк натиҷа дод ва ӯ аз чунин тарз ҳал шудани баҳс қаноатманд аст.

Хуршед мегӯяд, аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳеҷ сохторе набуд, ки шикоят накарда бошад. Аввал ба додситонӣ рафт, баъд ба додгоҳ ва сипас ба матбуот ва ниҳоят, вақте хаёл кард, ки ҳақ ба ҳақдор намерасад, паёми хубе омад.

Ӯ афзуд, "аз 15 ҳазор доллар пасандоз – 6 ҳазор доллараш монда буд. Дар ниҳоят, ба ҷояш мошини "Toyota Camry” доданд. Ман ин баҳсро ба охир расондам ва дигар даъво надорам. Ҳарчанд дар гузашта барои гирифтани маблағ даъво кардам. Баъди гирифта натавонистани шаш ҳазор доллар ба Русия барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтам ва ҳоло ҳам дар ин кишвар қарор дорам."

15 ҳазор доллар – ин ҳамон маблағе буд, ки баъди кори сангин дар Русия Хуршед кам-кам ҷамъ карда, ба умеди рӯзи беҳтар дар бонк нигоҳ медошт.

Баъди онки "Тоҷикисодиротбонк" бо мушкили пардохтпазирӣ рӯбарӯ шуд ва ҳазорҳо муштариёнаш натавонистанд, пасандозҳои худро аз ин бонк бигиранд, Хуршед Маҳмадиев ҳам дар ташвиш шуд. Баъд аз даъвоҳои пайдарпаяш барои бозгардони 15 ҳазор доллар аз ҳисоби хусусиаш, бонк то моҳи августи соли ҷорӣ 9 ҳазор доллари ӯро баргардонд, вале қисми боқимондааш дар гардани бонк монд. Ин сокини Восеъ аз болои "Тоҷиксодиротбонк" ба додгоҳу додситонӣ шикоят кард, вале ҳама талошҳояш бенатиҷа буд.

Тоҷирони бозори мошин мегӯянд, арзиши навъи нави "Toyota Camry” дар Тоҷикистон тақрибан 18-20 ҳазор доллар аст ва мошини дасти ду вобаста ба соли истеҳсолаш метавонад аз 5 ҳазор доллар болотар нарх дошта бошад.

Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ
Бинои "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Восеъ

Ҳоло мошини Хуршед дар ҳавлии ӯ дар ноҳияи Восеъ қарор дорад ва ҳанӯз соҳибаш онро бо чашми сар надидааст, танҳо аксашро барояш аз хона фиристодаанд.

"Тоҷиксодиротбонк" баъди "Агроинвестбонк" дуввумин бонки бузурги Тоҷикистон ба шумор мерафт ва аз лиҳози ҳаҷми гардиши маблағ дар раддабандии бонкҳои бузург аз “Ориёнбонк”-у “Амонатбонк” болотар меистод. Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони иқтисодӣ вазъи “Тоҷиксодиротбонк” якбора бад шуд ва муштариён ҳам натавонистанд, аз банкоматҳо пул бигиранд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Бонки миллии Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи “Тоҷиксодиротбонк” мудирияти онро ба даст гирифт. Дафтари матбуоти бонк рӯзи 19-уми май хабар дод, ки ҳадаф аз ташкили мудирияти муваққатӣ дар ин бонки бузург, "ҳимояи манфиатҳои соҳибони пасандозҳо ва қарздеҳон гирифта шудааст." Зимнан, рӯзи 13 декабр Тоҷиддин Пирзода (Пиров), раиси пешини "Тоҷиксодиротбонк", дубора ба раёсати ин бонк бозгашта бо ҳайати бонк ва қарздорон сӯҳбат анҷом дод ва гуфт, шеваи баргардондани пули онҳоро мушаххас мекунад.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG