Пайвандҳои дастрасӣ

“Тоҷпромбонк” -- яке аз ду бонки басташуда дар Тоҷикистон, амволи худ, аз ҷумла филиалҳои бонкро ба фурӯш гузоштааст. Масъулини бонк мегӯянд, пас аз фурӯши амвол, маблағҳои амонати муштариён пурра баргардонда мешавад. Муштариёни "Тоҷпромбонк" мегӯянд, ки бештар аз як сол аст барои гирифтани маблағ сарсонанд, аммо касе ба мушкилашон расидагӣ намекунад.

Амволи бонк: Аз хона то пойафзол

Ҷасур Оқилов, як масъули маъмурияти махсуси “Тоҷпромбонк”, рӯзи 11 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, амволи бонк дар ду марҳила ба фурӯш бароварда мешавад. Ҷасур Оқилов, афзуд, “ҳоло ҳудуди 90 амволи бонк аз ҷумла хона, база, бинои филиалҳо ва дигар моликият ба фурӯш гузошта мешавад. Баъди фурӯши амвол, маблағи муштариён баргардонда мешавад. Моликиятҳо бо нархи тавозунӣ ва бо усули инглисӣ, фурӯхта мешаванд. Яъне харидорон метавонанд нархи худро пешниҳод кунанд.”

Музоядаи фурӯши амволи “Тоҷпромбонк” дар ду марҳила -- рӯзҳои 12 ва 19 май дар бинои асосии ин бонк сурат мегирад.

Масъулини бонк мегӯянд, ба ғайр аз манзил ва бинои филиалҳо, ҳамчунин соатҳои истеҳсоли швейтсарӣ, бижутерия, сару либос, пойафзол ва дигар амволи дар гарав буда ба фурӯш гузошта шудаанд. Ба гуфтаи Ҷасур Оқилов, харидорон баъди пешниҳоди дархост барои хариди амволи бонк, бояд як қисм маблағро пешпардохт кунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, барои хариди амволи ғайриманқул 1700 сомонӣ ва барои хариди амволи манқул 425 сомонӣ бояд пешпардохт шавад.

Кумитаи пасандозгузорон низ мушкилро ҳал накард

Фурӯши моликияти “Тоҷпромбонк” аз он ҷиҳат барои муштариёнаш муҳим аст, ки онҳо танҳо пас фурӯши амволи бонк метавонанд маблағҳои худро пурра бозпас бигиранд. Нимаи дуюми моҳи март мақомот гуфтанд, ки ба пардохти пул ё пасандози муштариёни "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" оғоз кардаанд. Вале ба соҳибони пасандозҳо ҳамагӣ то 17 500 сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, пул пардохта мешуд.

​Аммо муштариёни бонк мегӯянд, зиёда аз як сол мешавад, ки на танҳо фоиз, балки маблағи асосии худро наметавонад аз масъулини “Тоҷпромбонк” дарёфт кунанд. Солиҳамоҳ Самадова, яке аз муштариёни бонк мегӯяд, чанд сол қабл бо қурби 21 фоизи солона дар “Тоҷпромбонк” амонат гузошта буд ва як сол зиёд аст, ки пайи дарёфти маблағи худ дари мақомотро “охурча” кардааст.

Хонум Самадова рӯзи 11 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “баъди барҳам хӯрдани бонк, танҳо аз Хазинаи суғуртавии Бонки миллӣ 17 500 сомонӣ маблағи гирифтаему тамом. Дигар ягон кас ягон танга нагирифтааст. Мо ба тамоми мақомотҳои дахлдор ба кори бонкҳо, муроҷиат кардем, аммо талаботи моро қонеъ нагардонданд.”

Ҳафтаи равон гуруҳи амонатгузорони “Тоҷпромбонк” бо мақсади пайдо кардани роҳҳои баргардондани амонати муштариён, “Кумитаи қарздеҳон аз ҳисоби пасандозгузорандагон”-ро таъсис доданд. Аммо масъулини Кумитаи мазкур мегӯянд, зоҳиран коре аз дасти онҳо сохта нест.

Солиҳамоҳ Самадова, яке аз амонатгузорон ва роҳбари ин Кумита мегӯяд, ба ҳисоби ӯ дар бонк ҳудуди 600 нафар амонатгузорон аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ба қайд гирифта шудаанд. Маблағи амонати онҳо ба ҳисоби ҳамсӯҳбатони мо аз масъулини Кумитаи қарздеҳон, аз ҳисоби пасандозгузорандагон ҳудуди 150 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол як ҳамсӯҳбати дигари мо аз “Тоҷпромбонк” гуфт, барои хариди амвол бонк дархостҳои хеле кам дарёфт кардаанд. Ӯ гуфт, рӯзи 12 май нахустин музояда баргузор мешавад, аммо дархостҳо хеле кам ворид шудаанд.

"Тоҷпромбонк" ба мушкилот тоб наовард

"Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” - ду бонки дар гузашта дучори мушкил – охири моҳи феврали имсол баста шуданд. Мақомот дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ин тасмим аз тарафи "Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон бар асоси сабабҳои асоснок гирифта шудааст" ва таъкид карданд, ки дар сурати аз ҳабдаҳуним ҳазор сомонӣ зиёд будани пасандози муштариён, "боқимондаи маблағ замони ба фурӯш рафтани тамоми амволи бонк пардохт мегардад".

"Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" дар қатори "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тайи тақрибан ду соли охир ба буҳрон дучор шуда, пардохтпазирии худро аз даст дода буданд. Ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои наҷоти ин чаҳор бонк дар маҷмӯъ 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кумак кард. "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кӯмак ба фаъолияташон идома доданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG