Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ сомониро "ҷоннок" мекунад


Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо як тасмим қурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоиро 32 дирам поин бурдаанд, мегӯянд, ин тағйирот набояд ба бозори хариду фурӯши асъор дар кишвар таъсир расонад. Ба ин тартиб, қурби як доллари амрикоӣ дар Бонки милии Тоҷикистон рӯзи 24 май дар сатҳи 8 сомониву 82 дирам муқаррар шуд ва рӯзе аз ин пеш 8,50 дирам буд.

Дар фурӯши ғайрирасмӣ қурби доллари амрикоӣ тақрибан 3 дирам бештар буда, ҳудудан 8,86 сомонӣ ба фурӯш меравад. Доллари амрикоӣ муҳимтарин арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон аст, ки мувофиқи он қиматҳо дар бозору хадамот тағйир меёбад ва дар панҷ моҳи охир беш аз 10 дарсад гаронтар шудааст.

БМТ: Коҳиши баҳои сомонӣ ба бозори нақдӣ асаре надорад

Рӯзи 24 май Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии сомониро нисбати 1 доллари амрикоӣ 8 сомонию 82 дирам муайян кард, ки нисбат ба қурби рӯзи 23 май 32 дирам бештар будааст. Дар баёнияи Бонки миллӣ дар ин замина гуфта шуд, ки “тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА дар ин давра ба дурнамои он мувофиқ буда, бо раванди коҳишёбии нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии аз эътидол беруни қурби нақдӣ мувофиқат мекунад”.

Ҳамзамон, Мирзомуддин Мавлонов, раиси бахши танзими асъори Бонки миллӣ рӯзи 25 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қурби расмӣ барои ҳисобу китоби бақияи суратҳисобҳо дар тавозуни бонкҳо истифода мешавад. Вай дар бораи зарурати гирифтани чунин тасмим гуфт:

“Бонки миллӣ кушиш дорад, ки фарқият байни қурби расмӣ ва қурби мубодилавӣ дар бозор аз 2 дарсад бештар нашавад. Яъне, ширкаткунандагон дар ин бозор бояд аз рӯи як имконияти баробар асъори хориҷиро харидорӣ кунанд. Ин ду дарсад хароҷоти иловагии нақдӣ кардани маблағҳои ғайринақдӣ аст. Банкноти доллар аз хориҷа ба воситаи ҳавопаймо интиқол дода мешавад. Бояд боҷи гумрукӣ пардохт кард. Аз ин лиҳоз ҳамеша фарқият байни маблағҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ вуҷуд дорад”.

Ба гуфтаи вай, ин нишондиҳандаи ҳатмии назоратии иҷрои талаботи барномаҳои маблағгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳам маҳсуб мешавад. Кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз замони эълони тасмими Бонкӣ миллӣ дар рӯзи 24 май қурби асъори хориҷӣ тағйир наёфтааст.

Баробар шудани қурби расмию бозор зарба ба ҳаннотон аст

Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонҳои тоҷик аз тақрибан яксон шудани қурби расмӣ ва қурби хариду фурӯши асъор дар бозори Тоҷикистон истиқбол карда ва гуфтанд, ки ин қарор бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъорро сард хоҳад кард.

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, ки тасмими Бонки миллии Тоҷикистон бар асоси тавсияҳои созмонҳои байналмилалии молӣ сурат гирифтааст. “Ин тадбир имкон медиҳад, ки хароҷоти давлат барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ камтар шавад. Ташкилоти қарзию соҳибкорон, ки асъори хориҷиро истифода мебурданд ва фоида ба даст меоварданд, фоидаашон камтар мешавад. Бонкҳо аз ҳисоби ин сарфаҷӯӣ ба соҳибкорону бахши хусусӣ қарзҳо пешниҳод мекунанд.”

Ба гуфтаи Баҳром Шарифов, то ҳол бонкҳою ташкилоти қарзӣ бо истифода аз фарқияти ҷиддии қурби расмию бозори асъори хориҷӣ ба ҳангоми амалиёти бонкӣ фоидаи калон ба даст меоварданд. Вай гуфт, ин амр барои мардум низ манфиат меорад. Яъне, дигар бозори сиёҳи асъор аз байн рафта, нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ ба танзим медарояд.

Дар иттилои Бонки миллии Тоҷикистон низ таъкид шудааст, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ “зери таъсири омилҳои номусоиди берунӣ ва дохилӣ фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои мубодилавии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз 0,6 фоиз дар аввали сол то ба 4,5 фоиз баланд шуда, ҳолати мазкур ба аз нав ҷоннок гаштани фаъолияти бозори ғайрирасмии хариду фурӯши асъори хориҷии нақд, афзоиши ҳолатҳои ҳаннотӣ ва дигар қонуншиканиҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ мусоидат намудааст”.

Тадбирҳои Бонки миллӣ нокофианд?

Аммо Зафар Абдуллоев, коршиноси масоили иқтисодӣ тадбирҳои ахири Бонки миллиро дар роҳи танзими бозори асъори хориҷии кишвар нокофӣ медонад. Зеро ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон захираи лозимии асъори хориҷиро надорад. Дар чанд соли охир, ба гуфтаи ӯ, маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ду баробар коҳиш ёфтааст. Сониян, дар ин муддат дар савдои хориҷии Тоҷикистон тавозуни воридот аз содирот тақрибан 4 баробар зиёдтар шудаст.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

“Ҳоло Тоҷикистон имконоти зарурии содиротӣ барои ба даст овардани миқдори зиёди асъори хориҷиро надорад. Ба ин далел миқдори асъори хориҷӣ, бахусус, доллар дар бозори дохилии Тоҷикистон кам шудааст. Дар солҳои қаблӣ ин халоро маблағҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик пур мекард. Ин вазъ вобастагии иқтисоди Тоҷикистонро аз Русия нишон медиҳад, ки дар пайи таҳримҳои Амрико ва Ғарб иқтисоди ин кишвар дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад”.

Дар аввали сол қурби расмии пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллар 7 сомонию 87 дирам буд. Дар зарфи камтар аз 5 моҳ қурби расмии сомонӣ нисбати доллари Амрико беш аз 11 дарсад коҳиш ёфта ва ба 8 сомонию 85 дирам баробар шуд.

Ба гуфтаи Зафар Абдуллоев, айни чунин вазъ дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ ба мушоҳида мерасад ва сабаби ин ҳам муртабит будани иқтисоди кишварашон ба Русия мебошад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Бонки миллии Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки ба таври маснуӣ нигоҳ доштани қурби сомонӣ номумкин аст. Дар сурати истифодаи ҳамаи захираҳои давлат низ ин кор душвор будааст. Ҳатто кишварҳои дорои захираи бузурги асъору тилло, ба мисли Русия ва Қазоқистон қурби “шинокунанда” вуҷуд дорад, ки онро бозор муайян мекунад.

XS
SM
MD
LG