Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарсанҷӣ: Зери болиш беҳтар аз сейфи бонкҳои Тоҷикистон


Як назарсанҷии хурди Бонки Миллӣ нишон додааст, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам теъдоди зиёде аз сокинон аз нигаҳ доштани пасандозҳои худ дар бонкҳо парҳез мекунанд ва “зери болиштро усули аз ҳама боэътимоди“ нигаҳдории маблағ мешуморанд.

Бонки миллӣ аз тариқи вебсайти худ аз корбарон пурсидааст, ки барои нигаҳ доштани маблағҳои изофиашон аз кадом роҳҳо истифода мебаранд ва 20 дар сади назардодагон гуфтаанд, ки пасандоз кардан “дар хона дар зери болишт, усули аз ҳама боэътимод аст.”

Теъдоди онҳое, ки амонатҳояшонро дар муассисаҳои молӣ, ба мисли бонку ташкилотҳои қарзӣ мегузоштаанд, 14 дар садро ташкил додааст. Аммо шикояти аслии назардодагон музди каму харҷи зиёд будааст. Аз нисф бештари назардодагон, яъне 53 дар сад гуфтаанд, ки маблағи иловагӣ надоранд, зеро аз музди корашон маблағи изофӣ намемонад.

Дар ин миён теъдоде ҳам будаанд, ки гуфтаанд, беҳтар аст инсон пулашро харҷ кунаду аз “зиндагӣ ҳаловат барад” ва дар фикри пасандоз набошад.

Бонки Миллии Тоҷикистон
Бонки Миллии Тоҷикистон

Назарсанҷии Бонки миллӣ, ки расмӣ нест ва зери унвони суоли рӯз дар вебсайти бонк нашр шудааст, зоҳиран барои маълум кардани дараҷаи эътимоди мардум ба кори бонкҳо аст, ки рӯзҳои душвореро пушти сар мекунанд. Айни замон ду бонки бузурги кишвар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” бо мушкилӣ вазифаҳои худро дар назди муштариён иҷро мекунанд ва бисёре аз мизоҷони ин бонкҳо мегӯянд, наметавонанд, пасандози худро бигиранд ва ё ҳатто дар гирифтани музди корашон ҳам гоҳо мушкилӣ мекашанд.

Соли 2016 мушкилоти молии чанд бонки кишвар ба шумули “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" якбора зиёд шуд ва ҳукумат ночор барои наҷоти онҳо 500 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кард, то тавонанд, ба садҳо ҳазор муштарӣ хидматро идома бидиҳанд.

Аммо аввали имсол Бонки Миллӣ эълон кард, ки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” дигар имкони идомаи фаъолият надоранд ва бояд баста шаванд. Муштариёни ин бонкҳо фақат ҳақ доранд, сарфи назар аз пасандози гузоштаашон, андаке бештар аз 17 ҳазор сомонӣ ба даст биёранд ва тамом.

Пештар аз ин ва дар соли 2016 Бонки миллӣ фаъолияти чандин муассисаи хурду молӣ ва қарздиҳиро қатъ кард, зеро ба гуфтаи бонк натавонистанд, мутобиқ ба меъёрҳои муаяншуда барои як муассисаи молӣ фаъолият баранд.

Худи Бонки Миллӣ мегӯяд, сабаби вартаи муфлисӣ афтодани бонкҳо аз як тараф бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои шарики Тоҷикистон будааст ва ҳамчунин “сатҳи пасти идоракунии корпоративӣ, набурдани назорати самаранок, риоят нашудани қоидаҳои қарздиҳӣ, яъне пешниҳоди қарзҳои бузург бе гузаронидани таҳлили амиқ” аз омилҳое будаанд, ки ҳоли бонкҳои Тоҷикистонро бад кардаанд.

Дар Тоҷикистон то 31-уми декабри соли 2016 дар маҷмӯъ 104 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 18 бонк, 38 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 14 ташкилоти қарзии хурд ва 34 фонди қарзии хурд фаъолият доштанд, ки дутои он дар аввали сол ба қавле аз байн рафтанд.

Ба эътирофи худи мақомот, фаъолияти номуносиби бонкҳо дар ду се соли гузашта дигарбора сабаби кам шудани эътимоди мардум ба бонкҳо шуд ва зоҳиран барои ҳамин ҳанӯз ҳам бисёриҳо “зери болишро”, ки занҷиру қуфл надорад, беҳтар аз бонк медонанд, ки вазифааш посбонии амонату пасандози муштарӣ ва зиёдтар кардани он аст.

XS
SM
MD
LG