Пайвандҳои дастрасӣ

"Ислоҳот кунед" – Маслиҳати Бонки осиёӣ ба Тоҷикистон. САДО


Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд (ADB) ба ҳукумати Тоҷикистон маслиҳат додааст, ки аз қарздиҳӣ ба ширкату шахсони шубҳаовар худдорӣ карда, зудтар ба ислоҳоти ҷиддии низоми бонкӣ иқдом кунад. Ба таъкиди ин ниҳоди байналмилалии молӣ, танҳо дар ин сурат бонкҳои Тоҷикистон дубора бовари мардумро ба даст хоҳанд овард. Маслиҳати Бонки Осиёии Рушд рӯзи 6 апрел дар шакли як гузориш нашр шуд.

Дар пайи хисороти бонкҳо ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017 коҳиш меёбад. Ба ин далел, мақомоти кишварро зарур аст, ки тадбирҳои сареъ ва ҷиддиро дар низоми молӣ ва бонкӣ роҳандозӣ кунанд.

Бонки Осиёии Рушд дар ин гузоришаш сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ 4,8 дар сад пешбинӣ карда, эҳтимоли рушди он дар соли 2018-ро то 5,5 дарсад дар назар гирифтааст. Инчунин, пешбинӣ шудааст, ки сатҳи таваррум дар соли ҷорӣ 8 дар сад мешавад, ҳарчанд дар соли гузашта ин нишондод 6,1 дарсад буд.

Тойчик Чансават, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, рӯзи 6 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар пайи хисороти бонкҳо ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2017 коҳиш меёбад. Ба ин далел, мақомоти кишварро зарур аст, ки тадбирҳои сареъ ва ҷиддиро дар низоми молӣ ва бонкӣ роҳандозӣ кунанд."

Ба далели буҳрон дар Русия, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам шудааст
Ба далели буҳрон дар Русия, интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам шудааст

Вай илова кард, ки барои афзоиши ҳаҷми сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон бояд арзёбии холисонаи вазъи иқтисоди кишвар анҷом шуда, назорат ба низоми бонкӣ низ сахттар гардад. Ин дар ҳолест, ки мушкилоти молии чанде аз бонкҳои умдаи Тоҷикистон, назири “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дар ду соли ахир мояи нигаронии мақомот ва сокинони кишвар шудааст.

Фурқат Соҳибов, як сокини Душанбе, гуфт, миқдоре аз пасандозҳои худро дар “Тоҷиксодиротбонк” нигоҳ медошт, аммо гузаштаи беш аз як сол наметавонад маблағашро бозпас бигирад. Вай гуфт, «дар бонк гуфтанд, маблағамро метавонам танҳо қисман бигирам. Аммо бо пули сомоние, ки онҳо медиҳанд, наметавонам дар нуқтаҳои табодули арз доллар бихарам. Мушкил ин аст, ки муштарӣ наметавонад маблағҳои худро аз бонк ба қадри кофӣ бигирад».

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик, мегӯяд, мушкили бахши молия ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон беш аз ду сол аст, ки идома дорад, аммо мақомоти кишвар ба ҳалли он талоши ҷиддӣ анҷом надодаанд.

Вай гуфт, «ҳамаи машварати созмонҳои молии байналмилалӣ бар пояи пажӯҳишҳои амиқ дар мавриди вазъи иқтисоди Тоҷикистон ироа мешаванд. Аммо адами вокуниши ҷониби Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки мақомоти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар ба қабули пешниҳодҳо омода нестанд. Чунин машваратҳо солҳо боз ироа мешаванд, вале мо мушоҳида мекунем, ки давлат ҳеҷ иқдоме барои беҳбуди чунин вазъ анҷом намедиҳад. Мутаассифона, дар солҳои наздик набояд ислоҳоти ҷиддиеро дар ин замина дар Тоҷикистон интизор шуд.»

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Дар соли гузашта чанд бонки умдаи Тоҷикистон, назири “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Фононбонк” ва «Тоҷпромбонк» бо мушкили фаровоне рӯ ба рӯ шуданд. Бонки миллии Тоҷикистон водор шуд, барои муддате дар “Тоҷиксодиротбонк” ва “Фононбонк” идораи муваққатӣ роҳандозӣ кунад. Дар аввали соли ҷорӣ фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” то андозае ба танзим дароварда шуд, вале раҳбарияти Бонки Миллӣ тасмим гирифт, муҷаввизи фаъолияти “Фононбонк” ва «Тоҷпромбонк»-ро бозпас гиранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG