Пайвандҳои дастрасӣ

Коршинос: Тоҷикистон набояд вориди "ҳалқаи ягонаи энержӣ" шавад


Бонки Осиёии Рушд пешниҳод кардааст, ки кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон барои азсаргирии фаъолияти бозори воҳиди нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ вориди музокирот шавад. Коршиносон мегӯянд, ки ҳарчанд Тоҷикистон дигар чандон пойбанди нерӯи барқи ҳамсоякишварҳо нест, вале мақомоти тоҷик бояд дар ин замина бар пояи суди кишвар тасмимгирӣ кунад.

Дар гузориши Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон, ки рӯзи 23 феврал муаррифӣ шуд, гуфта мешавад, ки ин пешниҳод дар пайи камбуди нерӯи барқ дар Узбакистон ва Қирғизистон ироа шудааст.

Бонки Осии Рушд мегӯяд, ки феълан азсаргирии бозори воҳиди энержии Осиёи Марказӣ ба далели камбуди нерӯи барқ дар Узбакистон ва Қирғизистон, зарур аст.

Зимнан, азсаргирии фаъолияти бозори воҳиди энержӣ ё ҳалқаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ аз соли 2014 матраҳ аст ва бархе аз кишварҳо, назири Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон қасд доштанд "ҳалқаи ягонаи энержӣ”-и минтақаро бидуни Узбакистон барқарор созанд.

Узбакистон дар соли 2009 бо далели судовар набуданаш аз ин бозор берун рафт ва водор кард, ки Тоҷикистон мушкили камбуди нерӯи барқ дар кишварашро батанҳоӣ ҳал кунад. Бонки Осиёии Рушд бо дарназардошти зарфияти бештари тавлиди нерӯи барқ, ба Тоҷикистон машварат додааст, ки ба сохтмони хатҳои нави минтақавии табодули нерӯи барқ бо Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, таваҷҷуҳи бештар кунад.

Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон имкони содироти нерӯи барқ ба вижа дар фасли тобистонро дорад. Ва он ҳам феълан танҳо ба Афғонистон ва Қирғизистон барқ содир мекунад, зеро Узбакистон аз шабакаи воҳиди барқи минтақа хориҷ шуд ва ҳамин тавр имкони интиқоли барқи Тоҷикистонро тавассути худ ба Қазоқистон ва Туркманистону Русия низ маҳдуд кард.

Собир Вазиров.
Собир Вазиров.

Собир Вазиров, коршиноси иқтисодии тоҷик мегӯяд, ки феълан Тоҷикистон то андозае аз вобастагӣ ба нерӯи барқи кишварҳои ҳамсоя раҳо шуда ва батадриҷ ин мушкилро комилан ҳал мекунад. Ба эътиқоди ҷаноби Вазиров, ҳоло Тоҷикистонро зарур аст дар ин замина танҳо аз мавқеи манфиати худ тасмим бигирад.

Собир Вазиров дар ин замина гуфт, ки "аслан ҳамгироии минтақавӣ ҳам дар арсаи сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ аз манфиат холӣ нест. Тоҷикистон тӯли солҳои охир бо мушкили шадиди камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ буд, аммо тавонист онро ба танҳоӣ то андозае ҳал кунад. Агар ҳатто Тоҷикистон хоҳад вориди ин системаи ягона шавад, бояд танҳо бар пояи манфиатҳои кишвар тасмимгирӣ кунад."

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси арсаи энержии Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар раҳбарияти ширкати “Барқи тоҷик” кор кардааст, мегӯяд, ки Тоҷикистон ба ҳеҷ шарте набояд вориди ин “ҳалқаи ягонаи энержӣ” шавад. Вай гуфт, "масъули нозиротии ин система дар Тошканд воқеъ аст ва онҳо танҳо ба суди кишвари худ амал мекунанд. Ман медонам, ки дар солҳои қаблӣ Тоҷикистон миқдори зиёди барқи тавлиди худро ба ин ҳалқа содир мекарду миқдоре андаке дарёфт мекард. Яъне, он замон ҳам нерӯи барқи Тоҷикистон қочоқ мешуд ва акнун ҳам чунин ҳодиса рух хоҳад дод."

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли ҷорӣ дар остонаи оғози кашидани хатти интиқоли нерӯи барқи CASA-1000, тарҳи интиқоли нерӯи барқи изофӣ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон қарор дорад. Ба гуфтаи Собир Вазиров, тарҳи CASA-1000 ба ҳалқаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ҳеҷ мухолифате надорад ва баръакс онро метавонад тақвият диҳад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон аз имкони тавлиди то 3 миллиард киловатт соат нерӯи барқи изофӣ бархӯрдор асту дар фасли сармо бо камбуди то 2 миллиард киловатт соат барқ рӯбарӯ мешавад.

То соли 2009 ва дар солҳои шӯравӣ дар фасли тобистон нерӯи барқи изофии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба Узбакистон содир мешуд ва дар фасли сармо Тоҷикистон миқдори зарурии барқи тавлиди нерӯгоҳҳои ҳароратии кишварҳои минтақаро дарёфт мекард.

Дар сурати азсаргирии фаъолияти “ҳалқаи ягонаи энержии” Осиёи Марказӣ мушкили камбуди нерӯи барқи миллионҳо сокинони Тоҷикистон дар фасли сармо ҳал хоҳад шуд. Ҳарчанд, мақомот эълон кардаанд, ки дар соли 2018 бо фаъол шудани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун мушкили камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон комилан ҳал хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, БОР ба Тоҷикистон машварат додааст, ки дар заминаи пайдо кардани роҳҳои алтернативи табодули нерӯи барқ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла кашидани хатти интиқоли нерӯи барқ ба Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистонро дар мадди назар дошта бошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG