Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарҳи Бонки Миллӣ. Чаро талабот ба доллар афзуд? ВИДЕО


Бонки Миллии Тоҷикистон мегӯяд, “бениҳоят зиёдшавии талабот ба асъори хориҷӣ ва камшавии пешниҳоди он дар бозори дохилӣ” боис ба боло рафтани қурби доллар шудааст. Дар Бонки Миллӣ рӯзи 13-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз аввали соли равон то кунун сомонӣ дар баробари доллар 6,6 дар сад қурбашро аз даст дод. Дар ҳоли ҳозир сад доллари амрикоӣ дар саррофиҳои расмӣ аз 850 то 890 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.

Тайи ҳафтаи равон қурби 1000 рубли русӣ аз 145 сомони қаблӣ то ба 153 сомонӣ боло рафт. Ҳамин гуна қурби як евро аз 8 сомониву 83 дирам дар ҳафтаи гузашта то ба 9 сомониву 1 дирам гарон шуд.

Бонки Миллӣ мегӯяд, дар ин муддат талабот ба доллар якбора 13 дар сад афзуд, ки боис ба зиёд шудани фарқият дар қурби расмӣ ва қурби бозорӣ шудааст. Бинобар таҳлилҳои Бонки Миллӣ, фарқият миёни қурбҳо ахиран то ба 7,2 дарсад расид ва “зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омад”, ки дар натиҷа, “аҳолӣ ба таври оммавӣ фурӯши асъори нақдро аз созмонҳои қарздиҳӣ талаб карда истодаанд”.

Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон
Бинои Бонки Миллии Тоҷикистон

Ба хотири комилан аз байн бурдани бозори ғайрирасмӣ ва ё "сиёҳ" Бонки Миллӣ шахсият ва макони нафаронеро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, муайян карда ва маводро ба унвонии Додситонии кулли Тоҷикистон мефиристад. Аз аввали соли ҷорӣ Бонки миллӣ ба унвонии Додситонии кулл оид ба 208 шахси воқеӣ маълумот пешниҳод кардааст. Додситонӣ ба навбати хеш нисбат ба 159 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 49 нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Назарҳо: Таъсири болоравии қурби доллар ба зиндагии мардум

Доллар ҳам боло рафт ва ҳам камчин шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Дар шарҳи хеш Бонки Миллӣ омилҳои зиёд шудани талабот ба доллар ва баръакс кам шудани онро дар бозори арзи чунин баршумурд:

  • зарурати мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молҳои воридотӣ, бахусус, тухмӣ, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ;
  • зиёд шудани талаботи созмонҳои қарзӣ ба доллари нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;
  • афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ зарурбуда.

Бонки Миллӣ дар шарҳи сабабҳои камчин шудани доллар мегӯяд, вуруди асъори хориҷӣ дар ин давра нисбат ба моҳи декабри соли 2016 коҳиш ёфта, ҳиссаи доллар дар ҳаҷми умумии асъори ба кишвар воридшаванда ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Бар замми ин, Бонки миллӣ мегӯяд, дар ин давра “бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ба хориҷа интиқол додани долар” аз ҷониби афроди алоҳида низ боис ба камчинии он гаштааст.

Ҳоло ивази асъор танҳо дар намояндагии бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳӣ имконпазир аст
Ҳоло ивази асъор танҳо дар намояндагии бонкҳо ва созмонҳои қарздиҳӣ имконпазир аст

Зимнан қурби сомонӣ тайи ҳафтаи охир натанҳо дар баробари доллар, балки дар қиболи ду асъори дигари муҳими бозори арзи кишвар рубл ва евро низ қурбашро аз даст дод. Тайи ҳафтаи равон қурби 1000 рубли русӣ аз 145 сомони қаблӣ то ба 153 сомонӣ боло рафт. Ҳамин гуна қурби як евро аз 8 сомониву 83 дирам дар ҳафтаи гузашта то ба 9 сомониву 1 дирам гарон шуд.

Баҳром Шарифов, таҳлилгари умури молия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сомонӣ то ба ҳол он уфте, ки асъори кишварҳои шарики Тоҷикистон - Русия, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар баробари доллар доштанд, надошт. Ин аст, ки ба таъкиди Шарифов поин рафтани қурби сомонӣ таҳти назорати Бонки Миллӣ ногузир буд.

Ӯ гуфт, "сабаби аслии баланд шудани қурби доллар дар афзоиш ёфтани фаъолнокии иқтисодии соҳибкорон баъд аз мавсими зимистон аст. Бар замми ин, давлатҳои шарики Тоҷикистон Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон қурбҳои асъори миллиашон нисбат ба долар аз 70 дар сад то ду маротиба қурбашро аз даст дода буд. Аммо қурби сомонӣ танҳо 36 дар сад нисбат ба доллар поин рафта буд. Бинобар ин, бо расидани мавсими фаъолии соҳибкорон ва додугирифт бо кишвраҳои хориҷӣ мо бояд қурби пули миллии худамонро нисбат ба доллар бо кишварҳои шарикамон баробар кунем".

Шарифов афзуд, ба эҳтимоли зиёд қурби асъори хориҷӣ то як ҳафтаи дигар дар кишвар муътадил шуда, дар сатҳи 9 сомониву 10-15 дирам қарор бигирад. Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, барои устувор гаштани қурби сомонӣ кишварро зарур аст, ҳадди ақал истеҳсоли маводи ниёзи мардумро дар дохили кишвар ба роҳ монад, то ки асъори хориҷӣ бинобар ворид кардани мол ба берун наравад.

XS
SM
MD
LG