Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки болоравии нархи доллар дар бозорҳои кишвар муваққатист ва дар моҳҳои оянда вазъ ба эътидол хоҳад омад. Рӯзҳои ахир арзиши доллар дар Тоҷикистон дар баробари қурби асъори миллӣ ба якборагӣ боло рафт. Дар нуқтаҳои саррофӣ 1 доллари амрикоиро ба 8 сомонию 40 дирам то 8 сомонию 60 дирам табдил мекарданд. Қимати таъйинкардаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи 20-уми феврал 7 сомониву 94 дирам барои 1 доллар аст. Бештари нуқтаҳои табодули асъори бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз фурӯши доллар худдорӣ мекарданд.

Вайсиддин Саидаҳмад
Вайсиддин Саидаҳмад

Вайсиддин Саидаҳмад, масъули як нуқтаи фурӯши асъори хориҷӣ дар “Амонатбонк” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як рӯз то 2 ҳазор доллар ба фурӯш меравад, ки дар муқоиса ба гузашта камтар аст.

“Пештар аз Идораи марказии “Амонатбонк” ба мо барои фурӯш дар як рӯз 5 ҳазор доллар медоданд. Мо метавонистем ба як мизоҷ то 500 доллар фурӯшем. Пас аз қимат шудани доллар мо 2 ҳазор доллар гирифта, бар ҳар кас то 300 долларӣ мефурӯшем”- гуфт, ӯ.

Мирзомуддин Мавлонов, сардори шӯъбаи сиёсати қурби асъор ва захираҳои байналмилалии Бонки миллӣ дар шарҳи ин тамоюл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин кори "нақшаи гурӯҳҳои манфиатдор дар бозори сиёҳ" аст, вале ин гуфтаашро шарҳ надод. Ба қавли вай, моҳи январи соли гузашта низ арзиши як доллар то ба 8,9 то 9 сомонӣ баробар шуд ва пас аз андешидани чораҳои зарурӣ, вазъи бозори асъор дар Тоҷикистон ба эътидол омад.

Пас аз қимат шудани доллар мо 2 ҳазор доллар гирифта, бар ҳар кас то 300 долларӣ мефурӯшем.

Як далели дигар ба гуфтаи ҷаноби Мавлонов ҷон гирифтани кори корхонаҳост, ки имсол ба далели аз байн рафтани лимити барқ, фаъолиятро зудтар шурӯъ карданд ва ба маҳсулоти хом эҳтиёҷ доранду онро бо арзи хориҷӣ ва бахусус доллар аз берун мехаранд.

Дигар сабаб кам шудани вуруди асъори хориҷӣ дар фасли зимистон, фасли дамгирии муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки ба кишвар бармегарданд ва то баҳор мемонанд. Аз ин сабаб доллар ва рубли русӣ ба Тоҷикистон камтар ворид мешавад.

Омили дигари боло рафтани қурби доллар, ба гуфтаи Мирзомуддин Мавлонов, ба маротиб афзоиш ёфтани арзи миллӣ, яъне сомонӣ дар бозори дохилӣ аст.

“Дар моҳҳои декабр-январ ва феврал ба унвони кӯмакҳои молӣ, давлати Тоҷикистон ба чаҳор бонк, ки ба мушкил рӯбарӯ шуда буданд, ба миқдори 3,8 миллиард сомонӣ ҷудо кард, ки бахши умдаи онҳо ба бозор баромаданд” – мегӯяд, Мирзомуддин Мавлонов.

Соли гузашта мушкилоти молии “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” бештар шуд ва онҳо натавонистанд, ба мизоҷон хидмати муносиб расонанд. Дар моҳи декабри соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон ба ин 4 бонки тиҷоратӣ ба миқдори 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак кард, то ба фаъолият идома диҳанд.

Масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, ки боло рафтани қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ муваққатӣ буда, дар моҳҳои оянда ин вазъ чун соли гузашта, ба эътидол меояд, чун фурӯши асъори нақд кам аст ва муомилот умдатан дар бонкҳо ва ғайринақдӣ сурат мегирад.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ба якбор боло рафтани қимати асъори хориҷӣ, бахусус, доллар нисбати сомонӣ ҳодисаи фавулодда нест ва ин амр аз қабл пешбинӣ мешуд. Ба гуфтаи вай, мизони воридоти Тоҷикистон аз содирот се баробар зиёд аст ва дар ин давра афзоиш ёфтани арзиши доллар нисбати сомонӣ ба поёни иди Соли нави қамарӣ дар Чин рабт мегирад. Яъне баъд аз ид тиҷорат миёни тоҷирони тоҷику Чин авҷ мегирад ва талабот ба доллар зиёд мешавад. Ба гуфтаи ӯ аз ин тамоюл ҳамёни мардум зиён мебинад.

“Чун молҳо аз хориҷ бо асъори хориҷӣ ворид мешаванд, боло рафтани арзиши доллар ба гарон шудани нархи молҳо оварда мерасонад. Ин вазъ ба қудрати харидории мардум ва дар ниҳоят барои гардиши молу пул дар иқтисод асари манфӣ дошта метавонад”.

Ҳамзамон, Собир Вазиров гуфт, ин вазъият метавонад ба иқтисоди кишвар таъсири мусбӣ низ гузорад. Зеро дар сурати гарон шудани нархи молҳои хориҷӣ талабот ба молҳои ватанӣ бештар шуда ва онҳо рақобатпазир мешаванд.

Ба эътиқоди Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, шурӯъ аз моҳи апрел вазъ дар бозори асъори Тоҷикистон ба эътидол омада, арзиши сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ боло меравад. Зеро бо оғози корҳои кишоварзӣ, сохтмон ва фаъолияти бештари саноат тақозо ба сомонӣ бештар хоҳад шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG