Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар остонаи сардиҳо: тамоми умед ба Маркази гармидиҳӣ


Бебарқиҳои солҳои охир бисёр хонаводаҳоро водор кард, ки рӯ ба бехориҳои дастӣ ваё сохти қадима оварда, ғизо ва фазои гарми хонаро таъмин кунанд

Бо наздик шудани фасли сармо бисёр сокинони Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли нерӯи барқ ва мушкил дар таъмини гармиву рӯшноии манзилҳои худ нигарон мешаванд. Вале масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҳоло мегӯянд, ки агар маҳдудият ё ба истилоҳе “лимит” боз ҳам роҳандозӣ шавад, он ба мӯҳлати хеле маҳдуд хоҳад буд. Онҳо мегӯянд, фаъолияти Маркази гармидиҳиву барқи Душанбе-2 мақомотро дар ин амр дилпур мекунад.

Бо тамоми масъулият метавонам бигӯям, ки агар лимит ҷорӣ ҳам шавад, барои замони хеле маҳдуд хоҳад буд

Ҳамасола дар охири моҳи сентябр ё аввали моҳи октябр барои интиқоли нерӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон маҳдудият ё ба истилоҳе “лимит” роҳандозӣ мешавад. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳанӯз дар бораи ҷорӣ кардани лимит мақомот тасмиме нагирифтаанд. Соли гузашта лимит дар интиқоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон аввали моҳи ноябр роҳандозӣ ва ба таври ғайримунтазира дар моҳи январ аз байн бурда шуд.

Ҷаноби Ёдгорӣ дар бораи замони роҳандозии маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ дар соли ҷорӣ гуфт:

“Ҳоло мутахассисон машғули ҳисобу китоб ҳастанд ва эълони маҳдудият аз ҳаҷми маҷрои рӯдхонаи Вахш ва сардии ҳаво бастагӣ дорад. Вале бо тамоми масъулият метавонам бигӯям, ки агар лимит ҷорӣ ҳам шавад, барои замони хеле маҳдуд хоҳад буд”.

Нозирҷон Ёдгорӣ
Нозирҷон Ёдгорӣ

Тамоми умед ба маркази гармидиҳии Душанбе аст...

Баъд аз лағви маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ дар моҳи январи соли ҷорӣ мақомот эълон карданд, ки чунин амр дар пайи бо зарфияти кулл мавриди истифода қарор додани Маркази гармидиҳиву барқии Душанбе-2 имконпазир шудааст. Ҳарчанд соҳибназарон зуд бекор шудани лимити барқро ба бекор мондани дегҳои ширкати алюминии “Талко” дар зимистони гузашта дар пайи як садамаи фаннӣ дар шабакаҳои барқии кишвар марбут медонанд. Зимнан, ин дегҳо ё хумдонҳои “Талко” то ҳол комилан барқарор нашудаанд.

Ҳоло баъд мавриди истифода қарор додани марҳилаи дувуми Маркази гармидиҳиву барқии Душанбе-2 ин муассиса дар мавсими сармо то 400 мегаватт нерӯи барқ ва барои манзили сокинони пойтахти Тоҷикистон гармӣ тавлид мекунад. Агар зимни оғози кори ин марказ танҳо 192 муассисаи пойтахт ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст шуда бошад, дар як соли ахир шаҳрдории Душанбе талош дорад, то ҳадди имкон куллия иморатҳои баландошёнаи маскунии пойтахт ва муассисаҳоро ба шабакаи гармидиҳӣ бипайвандад. Зеро дар ин сурат харҷи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш ёфта, сокинони дигар, бахусус минтақаҳои рустоӣ бештар ба нерӯи барқ дастрасӣ хоҳанд дошт.

Маркази гармидиҳии рақами 2-и Душанбе
Маркази гармидиҳии рақами 2-и Душанбе

Сайфиддин Аслиддинзода, муовини мудири корхонаи давлатии “Ангишт”, масъули истихроҷ ва таъмини корхонаҳли Тоҷикистон бо ангиштсанг 18 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дастури ҳукумати кишвар ин муассиса бояд қабл аз ҳама Маркази гармидиҳиву барқии Душанбе-2-ро бо ангишт таъмин созад. Вай гуфт:

«Раҳбари кишвар дастур додааст, ки ба Маркази гармидиҳиву барқии Душанбе-2 дар соли ҷорӣ 1 миллиону 80 ҳазор тонна ангишт ворид карда шавад. Бо дарназардошти бақияи ангишти 140 ҳазор тоннагӣ аз мавсими гузашта мо бояд боз ҳудуди 900 ҳазор тонна ангиштро ба ин марказ ворид созем. Ба иттилое, ки ман дорам, бо кӯмаки ин марказ имсол мақомот мехоҳанд маҳдудият ё ба истилоҳ лимити нерӯи барқро пурра аз байн баранд».

Вале ин марказ ҳам аллакай қарздор аст...

Аз сӯи дигар Сайфиддин Аслиддинзода мегӯяд, ки ба далели мушкилоти молӣ бештари корхонаҳои масрафкунандаи ангиштсанг дар Тоҷикистон имкони пардохти онро надоранд. Ба унвони мисол, ҷаноби Аслиддинзода гуфт, ки аз соли гузашта Маркази гармидиҳиву барқии Душанбе-2 аз истифодаи ангиштсанг 90 миллион сомонӣ қарздор аст.

Вай афзуд, "ҳарчанд ба ин марказ то ҳол ангишт ворид карда мешавад, аммо на худи марказ ва на "Барқи тоҷик" наметавонанд маблағи ангишти воридшударо пардохт кунанд. Ин мушкили хеле ҷиддӣ аст, зеро мо наметавонем ба коргарони худ маошро пардохт кунем. Гузашта аз ин, мақомоти андоз аз мо пардохти андозпулиро аз миқдори ангишти истихроҷшуда талаб мекунад".

Ширкати алюминии Талко ҳам бо ангишт кор мекунад
Ширкати алюминии Талко ҳам бо ангишт кор мекунад

Вай афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон куллия корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла ширкати "Талко", корхонаҳои тавлиди семент ва ғайра, ки дар маҷмӯъ 230 адад мебошанд, дар кори худ аз ангишт истифода мекунанд. Вай гуфт, имсол ҳудудан ду ҳазор тонна ангиштсанг аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

"Кош, рӯзе бебарқиро фаромӯш кунем"

Далер Ҳайдаров, як сокини рустое дар вилояти Суғд 18 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз наздик шудани замони роҳандозии маҳдудият дар истифодаи нерӯи барқ изҳори норизоиятӣ кард, вале гуфт, ки аз таҷрибаи солҳои охир дарк мекунад, ки ин амр ногузир мебошад.

Вай гуфт: "Истифода аз нерӯи барқ роҳаттар аст, вале чӣ чора, ки ҳар сол дар зимистон бе барқ мемонем. Тобистону зимистон таппаку ҳезум ва сипас ғӯзапоя захира мекунем. Аммо маъмулан дар нимаи зимистон ин захира тамом мешавад ва ночор ҳастем, ки ба нархи гарон ангиштсанг бихарем. Зеро дар шароити русто ҳатто барои омода кардани ғизо дигар чора надорем. Кош, рӯзе фаро расад, ки дигар бебарқиро фаромӯш кунем".

Далер Ҳайдаров мегӯяд, ки маблағи аз заҳмати кишоварзӣ дар фасли тобистон ҷамъшударо фасли зимистон барои маводи сӯхт сарф мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар пайи роҳандозии маҳдудият ё “лимити” нерӯи барқ сокинони кишвар, ба ҷуз аз шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо, дар як шабонарӯз танҳо 5-6 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд. Мақомоти тоҷик дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии худ медонад ва умедворанд, ки баъд аз мавриди истифода қарор додани ду чархаи аввали нерӯгоҳи Роғун дар соли оянда ин мушкил аз байн меравад. Сохтмони нирӯгоҳи муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон тирамоҳи соли 2016 шурӯъ шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG