Пайвандҳои дастрасӣ

Telia аз фурӯши саҳмияҳояш ба AKFED хабар дод. САДО


Ширкати Telia рӯзи 26 апрел бо пахши иттилоияе гуфт, ки 60 дарсади саҳмияҳои худро, ки дар ихтиёри ширкати CJSC “Indigo Tajikistan” (Tcell) буд, ба Бунёди Оқохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) фурӯхтааст. Дар изҳороти ин ширкат гуфта мешавад, ки иқдоми мазкур бахше аз раванди берун шудани ширкат аз бозори Авроосиё то охири соли 2017 мебошад.

Йоҳан Деннелинд, президент ва раҳбари иҷроияи ширкати Telia гуфтааст, “берункашии ширкати Tcell - қадами дуюм дар раванди иҷрои стратегияи берунрафт аз бозор то охири соли 2017 мебошад”. Дар иттилоия гуфта шудааст, ки муомила бо AKFED аллакай хотима ёфтааст. Ширкат мегӯяд, арзиши пулии саҳмияҳои ширкат 46,2 миллион доллар аст ва 60 дар сади он - 27,7 миллион долларро ташкил медиҳад.

Саъдӣ Нарзуллоев, сармутахасиси раёсати ҳимоя ва рушди рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар ин масъала мо хабардор нестем, лекин бе ризоияти Хадамоти зиддиинҳисорӣ саҳмияҳо фурӯхта намешаванд.” Ин мақоми Хадамоти зиддиинҳисорӣ гуфт, мактуби додуситад ҳанӯз дар баррасӣ ҳаст ва то ҳол аз сӯи ин ниҳод ба имзо нарасидааст.

Дар гузашта низ мақомоти Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон гуфта буданд, ки чунин муомилаҳо бояд дар мӯҳлати муайяни аз ҷониби қонун мушаххасшуда сурат бигирад.

Ба дарозо кашида шудани аризаи ширкати мухобиротӣ мавзӯи шикояти расмии раҳбарияти он ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ ва ҳам пахши ин матлаб дар матбуот шуд.

Раҳбарияти ширкат дар Душанбе аз дучори бунбаст шудани ҷараёни тарки бозори Тоҷикистон карданаш изҳори нигаронӣ кард. Ин ширкат, аз ҷумла, аз андозбандии шадид ва афзун будани мизони он назар ба фоида дар бозори Тоҷикистон шикоят карда, аз мақомоти аврупоӣ дархости мудохила карда буд.

Баъди шикояти раҳбарияти ширкат ба раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон, корпусҳои дипломатӣ ва ҳам пахши ин матлаб дар матбуот, масъулини Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки фурсати барои анҷоми ин муомила “вақт зарур аст”.

Мушкили ширкати Tcell-ро дипломатҳои хориҷӣ ва коршиносон ҳамчун намунаи вуҷуди мушкил дар тиҷорату сармоягузории бозори Тоҷикистон зикр карда аз "қоидаҳои нонавишта" ва "зуд-зуд ивазшавандаи" тиҷорату соҳибкорӣ интиқод шудааст. ​

Бо такя ба ҳамин банди қонунгузории Тоҷикистон Йоҳан Денниленд, президенти ширкати шведии “Telia”, рӯзи 1 март бо навиштани як номаи боз ба унвонии нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва мақомоти дигари баландпоя гуфт, муҳлати тасдиқи фурӯши саҳмияҳо ба AKFED ҳанӯз 29 ноябри соли 2016 ба анҷом расид, аммо Хадамоти зиддинҳисорӣ бидуни “шарҳи возеҳе” ин додуситадро тасдиқ намекунад.

“Ширкат дар ҳолати номуайянӣ мондааст”

Мудирони ширкати мобилии “Tcell” дар Тоҷикистон моҳи март гуфтанд, тасдиқ нашудани фурӯши саҳмияҳо бидуни ҳеҷ тавзеҳ ширкатро дар як ҳолати номуайянӣ қарор додааст, ки ба фаъолияти минбаъдаи ин ширкат ва пешбурди тарҳҳои рушди он монеа эҷод мекунад.

Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Миндаугас Убартас
Лаҳзае аз сӯҳбати Абдулло Ашӯров бо Миндаугас Убартас

Миндаугас Убартас, раҳбари ширкати “Tcell” дар Тоҷикистон, рӯзи 2 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфта буд, ки “рӯзи 14 октябри соли гузашта ҳамаи ҳуҷҷатҳо ба Хадамоти зиддинҳисорӣ супурда шудаанд. Ҳоло дар як вазъияте ҳастем, ки як нафар гуё фурӯхт ва дигарӣ ҳанӯз нахаридааст. Ин давра барои

Торафт бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ ҷаззобияти худро аз даст медиҳад ва Душанбе ҳамчун коршарики ноустувор ҷилва мекунад.

менеҷмент хеле сахт сипарӣ мешавад, чунки ҳеҷ кас мунтазир набуд, ки дар иҷрои ин додугирифт чунин таъхир сурат мегирад. Аз ин рӯ, чунин нома навишта шуд (манзур, номаи бози Йохан Деннилинд ба ҳукуматиТоҷикистон). Мо то ин додугирифт ҳам аз соли 2015 мунтазир будем ки “Telia” аз Тоҷикистон меравад ва саҳмияҳояшро мефурӯшад. Билохира саҳмдори мо Созмони рушди иқтисодии Оғохон гуфт, боқимонда саҳмияҳоро мехарад. Мо албатта ба муштариён хадамоти худро пешкаш мекунем, ҳама барномаҳоямон фаъол аст, аммо ин номуайянӣ рушди ширкатро душвор мекунад ва ин гуна ҳолат набояд ҷой дошта бошад."

Видео: сӯҳбат бо Миндаугас Убартас, раҳбари ширкати “Tcell” дар Тоҷикистон аз рӯзи 2 март

Дуним миллиард сармоягузорӣ

Ширкати шведиву финландии “Telia” бо харидани 60 дарсад саҳмияҳои ширкати “Индиго Тоҷикистон” вориди бозори мухобироти Тоҷикистон шуда буд. Ин ширкат ба гуфтаи масъулонаш барои рушди шабакаи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон то ба ҳол 2,5 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Аммо ширкати “Telia” пас аз моҷарои марбут ба ришват бо Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури собиқи Узбакистон, барои роҳ ёфтан ба бозори ин кишвар эълон кард, ки комилан аз кишварҳои Осиёи Миёна берун меравад. Дар ҳоле ки бархе аз нозирон вуҷуди мушкилро дар эҳтимоли ноком шудани як гурӯҳи манфиатдори наздик ба ҳукумат ба харидории саҳҳоми ин ширкат марбут медонанд, нафаре аз мақомоти тоҷик ҳанӯз омода нашудааст, ки роҷеъ ба умқи ин баҳс ва ҳам табиати мушкили ширкати мухобиротӣ сӯҳбат кунад.

Тирамоҳи соли 2016 сафири Русия «вуҷуди қоидаҳои зуд-зуд ивазшавандаи бозӣ» дар бозори бизнеси Тоҷикистонро дар баробари андозҳои баланд чун монеаи ҷиддии пешбурди кору тиҷорат дар ин кишвар номида буд.

“Дипломат” аз мушкили бюрократӣ гуфт

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон

Рӯзи 2 март маҷаллаи амрикоии The Diplomat бо пахши гузориш дар бораи қазияи «Telia» гуфт, «мушкили бюрократӣ» тарки бозор кардани ин ширкатро ба дарозо кашидааст. «Ҳоло маълум нест, кай “Telia” аз нахуствазир посух мегирад ва кай ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди фурӯши саҳмияҳои Tcell тасмим мегирад”, - менависад нашрия. Вале «торафт бозори Тоҷикистон барои ширкатҳои хориҷӣ ҳар чи бештар ҷаззобияти худро аз даст медиҳад ва Душанбе ҳамчун коршарики ноустувор ҷилва мекунад”.

Равшан Саидов – иқтисоддони тоҷик – низ чанд фарзияи худро дар ин маврид пешниҳод кард. Ӯ гуфт, “аввалан фишори Кумитаи андози Тоҷикистон болои ширкатҳои мухобиротӣ бештар шудааст. Дувум, бозори Тоҷикистон чандон бузург нест ва ҳоло бозӣ “барои зинда мондан” ҷараён дорад. Дар ин бозӣ онҳое хоҳанд монд, ки нирӯманд ҳастанд ва имкони молии бештар доранд. Севум, дар робита ба қазияи Тселл. Эҳтимол намехоҳанд Бунёди Оғохон соҳиби сад дарсадии саҳмияҳои ширкати Тселл бошад. Ҳарчанд ин бунёд имконияти рушди ин бахшро дар шароити Тоҷикистон дорад. Ширкатҳои дигар ин вазъиятро назорат доранд ва вобаста ба натиҷаҳои он тасмим хоҳанд гирифт. Фикр мекунам, дар бозори Тоҷикистон як ё ду ширкат боқӣ хоҳанд монд. Дигарон ё аз бозор хориҷ мешаванд ё ба зери қаноти бозигарони бузург мераванд.”

Ширкати мухобиротии шведиву финии “Telia” яке аз моликони ширкати мобилии “Tcell”дар Тоҷикистон аст. Ин ширкат бо харидории 60 дарсад саҳмияҳои ширкати мобилии “Индиго Тоҷикистон” соли 2008 вориди бозори мухобироти Тоҷикистон шуда буд.

XS
SM
MD
LG