Пайвандҳои дастрасӣ

Ду корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин дар шимоли кишвар аз сӯи мақомот бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон эътироф шуданд. Ин ду ширкат корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” ва “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” мебошанд, ки ҳарду ба истирхроҷи маъдан ва металҳои гаронбаҳо машғуланд. Мақомоти Кумитаи андози Тоҷикистон 20 корхонаи азими саноатиро пардохткунандаи 12 дарсади даромади будҷаи кулли кишвар номидаанд.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон дар баробари хабарнигорон гуфт, “ҳар сол мо беҳтарин ширкатҳои андозсупорандаро эълон мекардем. Озмуни беҳтарин андозсупоранда чандин критерияҳо дошт ва мутасссифона имсол ягон ширкат ба ҳамаи критерияҳо ҷавобгӯ набуд. Шояд таъсири бӯҳрон аст. Яке аз ин критерияҳо - саҳми аз ҳама калон ба будҷаи кишвар аст. Аз рӯи ин критерия, “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” дар шаҳри Истиқлол ва корхонаи истеҳсоли тиллои “Зарафшон” дар Панҷакент аст”.

Корхонаи муштараки тиллои “Зарафшон” ва “Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин” аз сӯи мақомоти тоҷик бузургтарин андозсупорандагони Тоҷикистон эътироф шуданд.

Ҷаноби Давлатзода афзуд, ширкати мобилии МЛТ (Мегафон) ва корхонаи истеҳсоли семент дар Ёвон, ки низ бо сармояи чиниҳо бунёд шудааст, дар қатори даҳгонаи ширкатҳои азими андозсупоранда шомил шуданд.

Кӣ аз андоз қарздор аст?

Бо ин вуҷуд, мизони қарзи ширкатҳои тиҷоратӣ дар баробари будҷаи кишвар баланд арзёбӣ шуда, ҳудуди ду миллиард долларро ташкил медиҳад. Раиси Кумитаи андоз аз ширкатҳое ном бурд, ки беш аз ҳама аз андоз қарздор ҳастанд. Дар ин радда чун солҳои қабл ширкати “Барқи тоҷик” бо 850 миллион қарзи андозаш, дар сафи аввал қарор дорад. Дар миёни қарздорони дигар ширкатҳои “Алюминсохтмон”, “Ресандаи Қӯрғонтеппа”, “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва “Шахтаи Фон-Яғноб” зикр мешаванд.

Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Дар ҳоле, ки бархе аз ширкатҳо дар Тоҷикистон аз сарбории гарони андоз шикоят мекунанд, ҳукумати Тоҷикистон бархе аз ширкатҳоро комилан аз пардохти андоз озод мекунад. Бинобар Қонуни будҷаи давлатӣ, барои соли 2017, ду ширкат - консорсиуми байналмилалии “Coyene et bellier” ва як ширкати дигар, ки аз он ном бурда намешавад, дар соли нав аз андоз комилан озод карда шудаанд. Ширкате, ки аз он ном бурда намешавад, масъули сохтмони бинои меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” дар шаҳри Душанбе ва чанд муассисаи таълимӣ дар ноҳияҳо Файзобод, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Данғара мебошад.

Интиқод аз гаронии андозҳо

Моҳи декабри соли 2016 дипломати баландпояи Русия дар Тоҷикистон аз гаронии мизони андозҳо дар ин кишвар ва зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои кор дар Тоҷикистон интиқод кард. Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як мақолааш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” навишт, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд. Ба таъкиди сафир, мушкили сармоягузорон пеш аз ҳама “мизони ниҳоят баланди андоз” ва “зуд-зуд иваз шудани қоидаҳои бозӣ аст”.

Ӯ изҳори умедворӣ карда буд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин робита чораҳои зарурӣ меандешад, то сармоягузорони рус ба амалӣ кардани тарҳҳои худ идома бидиҳанд. Баъдан дар шарҳи ин андешаҳояш рӯзи 20 декабр Игор Лякин Фролов дар сӯҳбат бо Радиои “Озодӣ” гуфт, ки ин андешаҳои ӯ бар асоси сӯҳбат бо ширкатҳои “Мегафон”, “Билайн”, “Газпром-нефт» арзёбӣ шудааст. Вай гуфт, “мизони андоз то ҳадде баланд аст, ки кори ширкатҳоро душвор мекунад.»

Давлатзода: "Андозҳо барои ҳама яксон аст"

Дар посух ба нигарониҳо дар масъалаи боло будани мизони андоз барои ширкатҳои тиҷоратӣ, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 20 январ гуфт, кумитаи зери роҳбариаш андозро аз ҳама ширкатҳо новобаста аз кадом кишвар намояндагӣ кардани онҳо, ба таври яксон андоз меситонад.

Вай гуфт: “Меъёрҳои андоз барои ҳамаи ширкатҳо яксон аст. Новобаста ба он, ки он ширкат бо сармоягузории Русия сохта шудааст ва ё кишвари дигар, онҳо резиденти Тоҷикистон ҳисоб мешаванд ва мо мувофиқи қонун аз онҳо андоз талаб мекунем. Мушкил дар гаронии андоз нест, балки дар риоя кардани қонунгузории андоз аст”.

Ба гуфтаи Давлатзода, ширкатҳо даромади воқеии худро пинҳон мекунанд, ки дар натиҷа мавриди ҷармабандӣ қарор мегиранд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон.

​Ахиран дар бораи боло будани мизони андоз ва ҳам норизоиятиаш аз қарори ҷаримабандии баланд ширкати мухобиротии Тселл ҳам шикоят кард ва гуфт, муҷозоти ахири онҳо миёншикан аст. Ин ширкат ба пардохти ҷаримаи 155-миллион сомонӣ муваззаф шудааст.

Конҳои Тоҷикистон дар ихтиёри Чин

То ҳол мавқеи ширкатҳои чинӣ, ки дар иқтисоди Тоҷикистон ҳузури фаъол доранд, ба мизони андозбандии ин кишвар маълум нест. На худи ширкатҳо ва на давлати Чин ҳеҷ гоҳ ошкоро дар ин замина изҳори назар накардааст. Вале ба қавли коршиносон, ширкатҳои чинӣ тайи солҳои охир ба таври густарда ба соҳаи саноати истихроҷ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ карда муҷаввизи конҳои Тоҷикистонро яке пайи дигар ба даст меоранд.

Чиниҳо дар шаҳри Табошар низ як корхонаро дар ихтиёр доранд.
Чиниҳо дар шаҳри Табошар низ як корхонаро дар ихтиёр доранд.

Барои мисол, Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) ихтиёри ду кони маъдани руҳ ва сурб- Олтин- Топкан ва Пай- булоқро дар ихтиёр дорад. Ин ширкат дар як сол иқтидори истихроҷи то се миллион тонна маъданро дорост.

Ҳоло ширкатҳои чинӣ истихроҷи аксарияти конҳои тилои Тоҷикистонро низ дар даст доранд. Ба ҷуз аз ширкати муштараки Тоҷикистон Чин -- “Зарафшон”, чиниҳо кони тиллои “Покруд” дар Ромит ва ширкати ТВЕА-и ин кишвар бар ивази сохтмони Маркази барқу гамидиҳии Душанбе ду муҷаввизи ду кони тилло дар ноҳияи Айнӣ -- “Дуобаи шарқӣ” ва “Кумарғи боло”-ро ба даст овард.

Сармоя бар ивази сарватҳои зеризаминӣ

Як коршиноси тоҷик гуфт, сиёсати тавсеаталабонаи Чин ва ширкатҳояш дар ҷаҳон бо формулаи “сармоя бар ивази сарватҳои зеризаминӣ” маълум аст. Чин бо ҳамин шева дар 21 давлати Африқо тайи панҷ соли охир сармояҳои ҳангуфтро ворид карда, бар ивазаш конҳои нуқраву тилло ва маъданҳои қимматбаҳои дигарро ба даст овардааст.

Дар ҳоле, ки кишварҳои ғарбӣ аз мансабдорони кишварҳои африқоӣ шаффофият ва риояи рақобати солимро талаб мекунанд, Чин бо истифода аз мизони баланди фасод дар кишварҳои африқоӣ, лоиҳаҳои ояндадореро барои ширкатҳояш аз худ дастрас мекунанд.

Дар ин робита ва роҳҳои дигари ғайримуҷоз ба даст овардани муҷаввизи конҳо аз сӯи ширкатҳои Чин дар Африқо ахиран дар гузориши таҳқиқотии Анҷумани ширкатҳои истихроҷкунандаи кишварҳои қораи Африқо зикр шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG