Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вориди порлумон шудааст, ки дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи вакилон, ҷавобгарии ҷиноиро барои напардохтани андоз ва ё боҷи гумурукӣ дар ҳаҷми хурд аз байн мебарад.
Мавлуда Қаландарзода, як узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон рӯзи 22-уми сентябр дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бастаи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноятӣ ба се модда дахл дорад: “Ба моддаҳои 291, 292, ва 293-и Кодекси ҷиноӣ тағйирот пешниҳод шудааст. Ин моддаҳо ба масъалаи саркашӣ аз пардохтҳои гумурукӣ ва андоз дахл доранд”.
Хонум Қаландарзода афзуд, ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ меъёри ба ҷавобгарӣ кашонидани афрод барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва ё андоз дар ҳаҷми 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Ҳамакнун, ба гуфтаи Қаландарзода пешниҳод шудааст, ки меъёр аз 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400 ҳазор сомонӣ) то 20 ҳазор (800 ҳазор сомонӣ) боло бурда шавад. Яъне, то замоне, ки қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукии шахс ба 800 ҳазор сомонӣ нарасад, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад.
Ҳамзамон ба таъкиди ин вакили Маҷлиси намояндагон тағйироти пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки андозсупорандагон ва инчунин ширкатҳо дар муҳлати то 48 рӯзи бонкӣ маблағи қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукиашонро падохт кунанд. Меъёре, ки ҳоло дар Кодекси ҷиноӣ вуҷуд надорад.
Қаландарзода афзуд, ин тағйирот ба хотири бештар кардани озодиҳои соҳибкорон, фароҳам овардани имкониятҳои бештар ва як навъ дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.
Зимнан моддаҳои 291, 292, ва 293-и Кодекси ҷиноӣ ба “Саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ”, “Саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё)
пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ ва “Саркашии шахси воқеъӣ аз пардохти андоз” марбутанд. Дар сурати муҷрим шинохта шудан аз рӯи ин моддаҳо, додгоҳ метавонад шахсро аз ду то се сол равонаи зиндон кунад.
хай аз ин су пас мошина ба ов заправка кардан даркорай
Апаи Сарвиноз аслан кахрамони Шумо айни хол сохиби шавхар аст ва идааоям дорад ки тифли хурдакакаш писарчааш аз хамин шавхараш хаст. Ва Онхо танхо дар Лаби Чай яъне аз Каратог болотар зиндаги мекунанд. Баъзе гапхояш кобили Кабул нест зеро аз бофтагихои дуругин бисер истифода мебарам.
Кормандони давлати тақрибан ҳамаш зургу, такабур, бадахлоқ ҳастан. Ва мардуми оддиро одам намеҳисобанд, ин ҳақиқат дорад.
Бовар надорам, ки дар ҳукумат фарде вуҷуд дошта бошад, ки мухолифи баргардонидани шаҳрвандон бошад. Бе шак сиёсати ба роҳ мондаи сарвари давлат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама ба Ватан баргардонидани гурезагон буд ва монд. Воқеан, замони ҷанги шаҳрвандӣ сарвари давлат барои баргардонидан ва муттаҳид сохтани халқи тоҷик хизмати беандоза бузург кард. Таърих гувоҳ аст.
Магар омӯзгор одам нест? Ӯ ҳам мисли мо одам аст. Ӯ ҳамчун омӯзгор бояд намуна бошад ва худаш бояд дар комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад, на ин ки мисли занон дар кунҷи хона руст шавад, боз гӯяд ки аз ҳимояи ватан ҳаросида 5 рӯз боз ба мактаб нарафтааст. Садқаи номи омӯзгор шавӣ!!! Ин гуна одамонро ба мактаб ҳам роҳ додан мумкин нест. Чӣ ман хидмат кунаму ин одам накунад. Магар ӯ баччаи ҷайра аст???