Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1.4 млрд $ ҷаримаи ширкате, ки ба Гулнора Каримова ришва додааст


Ширкати TeliaCompany аз ҳукумати Амрико ва Ҳолланд пешниҳоди пардохти 1 миллиарду 400 ҳазор доллар ҷаримаро дарёфт кардааст. Ин ҷарима ба қазияи фасоди молӣ ҳангоми вуруди ин ширкат ба бозори мухобиротии Узбакистон дар соли 2007 бармегардад.

TeliaCompany нӯҳ соли пеш бо харидани 100 дарсади саҳмияҳои Coscom ба бозори Узбакистон ворид шуд ва Вазорати адлияи Амрико гуфт, ки ин ширкат ба сохторҳои марбут ба Гулнора Каримова, духтари калонии Ислом Каримов, президенти собиқи ин кишвар, ба миқдори миллионҳо доллар ришва додааст.

Ширкати TeliaCompany дар аввали моҳи сентябри соли равон розӣ шуд, ки 60 дарсади саҳмияи худро дар ширкати мухобиротии Тселл (Индиго Тоҷикистон) ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) фурӯшад.

Мари Эрлинг, масъули ширкати TeliaCompany, рӯзи 15 сентябр ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, “қаблан ҳам гуфта будам, ки вуруди ширкати Telia ба Узбакистон ягон ҷанбаи ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунӣ надошт. Мо омодаем, ки ҳамаи масъулиятро ба ӯҳда гирем”. Ба қавли Эрлинг, вокуниши нахустин ба ин ҷарима миқдори хеле зиёди он аст. Александра Аккирман, намояндаи Telia дар АвруОсиё мегӯяд, ки ин пешниҳод ба фаъолияти онҳо дар Узбакистон таъсир нахоҳад гузошт.

Ҷанҷоли фасод дар атрофи чӣ гуна ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани ширкати Telia, VimpelCom ва ширкати русии МТС аз соли 2012 ба ин сӯ идома дошт. Ҳамон сол, дар пайи моҷарои марбут ба фасод дар бахши мухобирот, муовини сарвазири Узбакистон Абдулло Орифов низ аз мақомаш барканор шуда ва танҳо рӯзи 13 сентябри имсол бо фармони иҷрокунандаи вазифаи президент Шавкат Мирзиёев дар мақоми пешинааш барқарор шуд.

Абдулло Орифов
Абдулло Орифов

Раисиҷумҳури собиқи Узбакистон Ислом Каримов дар соли 2013 дар пайи рӯ задани исми духтараш Гулнора Каримова дар чанд моҷарои фасод ба ҳабси хонагии ӯ амр кард. Мақомоти ин кишвар дар пай чандин тан аз ёрони наздики Гулнора Каримоваро низ ба зиндон кашонданд.

Дар пайи моҷарои фасод ширкати Telia дар аввали соли ҷорӣ эълон кард, қасд дорад, ки Узбакистон ва кишварҳои дигари Осиёро тарк кунад. Рӯзи 20 апрели соли ҷорӣ қадаме дар ин замина бардошта шуд ва TeliaCompany ширкати оператории Ncell-ро дар Непал ба маблағи 48 миллион доллар ба фурӯш расонд.

Ширкати TeliaCompany дар аввали моҳи сентябри соли равон розӣ шуд, ки 60 дарсади саҳмияи худро дар ширкати мухобиротии Тселл (Индиго Тоҷикистон) ба Бунёди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) фурӯшад. То кунун Бунёди Оғохон 40 дарсади саҳмияҳои ин ширкатро дар даст дошт ва баъди имзои созишномаи нав молики кулли Тселл хоҳад шуд.

Мақомоти ширкати Telia рӯзи 7 сентбри имсол бо нашри иттилоияи расмӣ гуфтанд, ки тасмими фурӯши саҳмияҳои Тселл бо ҳадафи қоҳиш додани ҳузури онҳо дар бозори АвруОсиё гирифта шудааст. "Мо аз ин ба баъд таваҷҷуҳамонро бештар ба бозори Аврупо ва кишварҳои Нордик равон мекунем. AKFED аз замони таъсиси ширкати Tcell саҳмдори муҳим ба ҳисоб меравад ва бовар дорам, ки ин ширкатро дар оянда боз ҳам муваффақтар хоҳад гардонд," – гуфтанд масъулони Telia.

Тселл ё Индиго Тоҷикистон, дар маҷмуъ, 66 миллион доллар нарх дорад ва 60 дарсади саҳмияҳояш ба 39 миллион доллар баробар аст, ки ҳоло Бунёди Оғохон бояд пардохт кунад.

XS
SM
MD
LG