Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархост барои мусодираи €300 миллиони Гулнора Каримова


Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Додситонии Голландия аз додгоҳ хостааст, беш аз €300 миллион дороии ширкати Takilant дар Нидерландияро мусодира намояд. Бар пояи баъзе маълумот, ширкати Takilant аз сӯи Гаянэ Авакян, шахси наздик ба Гулнора Каримова, духтари президенти Ӯзбекистон идора мешудааст.

Бино бар фарзияи додситонҳои Голландия, ширкат ин пулро барои "харидан"-и духтари бузурги президенти Ӯзбекистон истифода кардааст, хабар медиҳад СА-News бо истинод ба хабаргузории Reuters.

Додситонҳо аз додгоҳи Амстердам хостаанд, 300 миллион еврои Takilant ва 6 дарсади саҳмияҳояш дар ширкати Ucellро мусодира карда, дар ҳаҷми наздики 5 миллион еврои дигар ҷарима бандад.

"Ришва барои дохил шудан ба бозори мухобиротии Ӯзбекистон пардохт шуда, пулро духтари президенти ин кишвар ва ширкати марбут ба вай гирифтааст", - гуфтааст додситонӣ дар изҳороташ.

Бар пояи маълумоти додситонии Голландия, пора ба ширкатҳои мухобиротии Telia, ки нисбаташ тафтишот идома дорад ва VimpelCom, ки моҳи феврали соли равон аз сӯи додситонҳои ин кишвару Амрико дар фасод айбдор шуд, пардохт гардидааст. Сухангӯи додситонии Голландия гуфтааст, додситонҳо шахсан на Каримоваро, балки ширкати Takilantро айбдор мекунанд.

Каримова гӯиё барои таъмини Unitel, намояндагии ширкатҳои VimpelCom ва Coscom LLC бо иҷозтаномаи хизматрасонии 3G дар Ӯзбекистон аз соли 2007 то 2015 ҳамчун пора беш аз 385 доллари амрикоӣ гирифтааст.

XS
SM
MD
LG