Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии бе Умаралӣ. Зарина чӣ ҳол дорад?

Зарина Юунусова, модари Умаралӣ -- тифли панҷмоҳаи тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта дар як бемористони шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз дунё даргузашт, баъди ихроҷ шудан аз Русия бо ҷасади тифлаш ба Тоҷикистон баргашт.

Зарина мегӯяд, ки ӯро ба ин хотир ихроҷ карданд, ки ҳақиқати марги Умаралӣ пинҳон бимонад. Падари ин тифли тоҷик ҳоло дар Русия мондааст ва мунтазири натиҷаҳои тафтишот аст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа гузоштанд, зеро ин гуна таҳаввулот ба гуфтаи онҳо дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид. Аммо бо гузашти тақрибан чор моҳ аз ин ҳодиса ҳанӯз омилони марги Умаралӣ мушаххас ва ба додгоҳ кашида нашудаанд.

Аксбардори Радиои Озодӣ Петр Шеломовский баъд аз бозгашти Зарина ба минтақаи Обигарми Тоҷикистон, ба онҷо сафар кард ва ин тасвирҳоро бардошт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG