Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико

Баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравӣ ба соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, 23 сол пеш дар рӯзи 14-уми феврали соли 1992, Тоҷикистон бо Амрико муносиботи дипломатӣ барқарор кард. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аксҳоеро аз таърихи ин робитаҳо нашр кард ва баъзе аз онҳоро инҷо бубинед.

Аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Амрико 23 соли расо сипарӣ шуд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 25-уми декабри соли 1991 Тоҷикистонро ба ҳайси як кишвари мустақил ба расмият шинохт ва нахустин сафираш Стенли Эскудеро моҳи марти соли 1993 эътиборномаашл ба Эмомалӣ Раҳмон, он замон раиси Шӯрои Олӣ тақдим кард. Дар тӯли ду даҳсолаи ҳамкорӣ ба гуфтаи сафорати Амрико, Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон бештар аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кард ва ҳаҷми тиҷорати тарафайн аз 10 млн. дар ибтидои соли 1990 ба наздики 270 миллион доллар дар як сол афзоиш ёфтааст.
Бар асоси омори сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни кишвар ва Амрико дар соли 2013 ба 193 миллион 805 ҳазор доллар баробар шуд. Маҳсулоти асосии содиротӣ аз Тоҷикистон ба Амрико асал ва меваи хушк аст. Сафорати Амрико дар Душанбе мегуяд, «аҳамияти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафт ва суботи умумии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳамеша дар мадди назари миссияи мо мебошад.» Айни замон дар сафорат ва дигар ниҳодҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон 300 корманди амрикоӣ ва аз ҷумлаи аҳолии маҳаллӣ кор мекунанд. Сюзан М. Эллиотт сафири Амрико дар Тоҷикистон аст ва рӯзе пештар гуфт, ки Амрико ҳамчунон ба Тоҷикистон барои таҳкими посбонии марзҳо, мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир ва рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни иқтисод кӯмак мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG