Дар ҳар кӯча ва ё рустои Тоҷикистон як Наврӯз-ро метавон пайдо кард, вале агар пайдо накардед, бисёре аз онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Одноклассники, Мой Мир, В Контакте ҳастанд. Дар остонаи ҷашни Наврӯз, Радиои Озодӣ аз ҳафт Наврӯз пурсид, ки оё аз номашон мефахранд, кӣ онҳоро ном гузошт ва оё ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Бубинед, чӣ мегӯянд.
"Ҳафтнун" ва ё ҳафт Наврӯзи Тоҷикистон

1
Ҳафт Наврӯзи Тоҷикистон

2
Наврӯз Ҳасанов рӯзи 19 марти соли 1992 дар остонаи Наврӯз дар Ховалинг ба дунё омадааст ва аммаи азизаш ин номи зеборо ба ӯ гузоштааст. Наврӯз мегӯяд: “номам ба худам хело маъқул ва бо номам мефахрам.” Ҳар сол Наврӯзро, ки “беҳтарин ҷашн аст”, таҷлил мекунам. Наврӯз, ки 22 сола мешавад, факултаи муҳосиба ва молияи Донишгоҳи аграриро хатм кардааст, ҳоло бекор аст, вале мехоҳад, дар кумитаи гумрук кор кунад. Мо ӯро дар Фейсбук пайдо кардем.

3
Наврӯз Сафаров 20 марти соли 1997 дар Душанбе таваллуд шудааст ва бо шарофати падараш номи “Наврӯз”-ро гирифтааст. Номаш ба худаш “албатта маъқул” аст. Ҳоло муҳассили мактаби миёна аст ва мехоҳад, ҳуқуқшинос шавад. Соли нави хуршедӣ ва ё Наврӯзро ҳар сол таҷлил мекунад. Дар яке аз кӯчаҳои "В Контакте" ба ӯ вохӯрдем.

4
Наврӯз Шералӣ на 19 ва 20, балки 21-уми март ва дар Панҷакент таваллуд шудааст ва модараш ба ӯ чунин ном гузоштааст. Худаш мегӯяд: "Ба фикрам аз ин номи беҳтар барои ман вуҷуд надорад, зеро ман дар рӯзи Наврӯз таваллуд шудаам. Наврӯз барои ман ҳам иди аҷдодонамон ва ҳам рӯзи зодрӯз аст ва ман бо хушнудӣ онро ҳар сол ҷашн мегирам. Рӯзи 21-уми марти соли 1991 таваллуд шудаам, 22-сола ҳастам. Дар шаҳри Томски Русия дар магистратура мехонам, забоншинос ҳастам ва омӯзгори забони олмонӣ. " Ӯ низ дар "В Контакте" мегашт.